ТАРОЗУИ ОЗОДИИ ВИЖДОН БА ДАСТИ КИСТ?

Мо раддабандии озодии эътиқод, ки аз ҷониби мақомоти Амрико омода шудааст, шинос гардида изҳори тассуф намудам. Саволе ба миён меояд, ки тарозуи озодии виждон ба дасти кист? Аз руи кадом ченак Тоҷикистонро дар робита ба озодии дин чен кардаанд?

Хуб медонем, ки Тоҷикистон ҳануз 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро соҳиб гашт ва аз он лаҳза то ин дам мардуми шарифи он бо ҳисси баланди ватандўстиву ватанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкорӣ баҳри гулгулшуфоии ин сарзамин камари ҳиммат баста истодаанд. Бале Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд, ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст.

 

Ба маврид аст, зикр намоем, ки  дар боби якум ва моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, домократӣ, ягона, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад” ва ин маънои онро дорад, ки дин аз давлат ҷудо аст. Хушбахтона имрӯз бо сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистон ҳамаи шароитҳои буду боши мардум ба маънои томаш муҳайёст. Aз ҷумла шароит барои тоату ибодат ва ё эътиқоди ҳар нафар ба дину мазҳаб. Масъалаи риоя накардани моҳи мушаррафи Рамазон бошад ин васвасаи наҳзатиҳост, масъалаи тӯю маъракаву маросими дафну азо тамоман дигар аст. Ин тадбир ба хотири некӯаҳволии мардум аст. Ва аз ин тамоми мардуми кишвар рӯҳбаланд гардидаву хуш пазируфтаанд. Зеро сaрфaву сaриштaкориро низ Худовaнд дӯст медорaд.

 

Дар шароити феълӣ ман ба сифати як шаҳрванди Тоҷикистон бо сарфарозӣ ва ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриқтидор, ки замоне дар тасарруфи давлатҳои иттиҳод ҷой дошт ва як маротиба ҷанги шаҳрвандиро пушти сар намуд, хушбахтона имрӯз, мустақил, демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва комилҳуқуқ аст. Ва дар айни замон Тоҷикистон яктост, қисматҳо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эҳтирому эътироф мекунанд, чунки қавми як миллат як мазҳаб ва як наҷоданд.

 

Бубинед, ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз шуҳратманду шуҳратёр гашта истодааст. Ва ҷоиз ба зикр аст, ки масъалаи ба “рӯйхати сиёҳ” ворид намудани Амрико ва “сиёсат” – и Трамп ягон монеае нест, ки миллати моро аз рушду тараққиёт боз монад.

 

Маълум, ки ин хабар ба шабакаҳои ахбороти бо муболиғоти наҳзатиҳо хело расонаӣ шудааст. Вагарна чанде пеш тибқи баёнияи онҳо Ҷопону Олмон яке аз кишварҳое ба ҳисоб мерафт, ки потенсиали бузурги кӯмакҳоро барои Тоҷикистон ташкил медод. Имрӯз, ки масъала Амрико шуд, дарҳол воҳимаҳоро аз ҷониби кӯмакҳои пулӣ оғоз карданд, ки наздик 2 миллиард доллар кумак омадааст. Хандаовараш дар он аст, ки натиҷаи ба назорати сиёсати Амрико ворид шудани Тоҷикистон ҳамчун як кишвари мавриди нигаронии хос робитаи ин ҳамкориву дасти кӯмак дароз кардани онҳо қатъ мегаштааст.

 

Тоҷикистонро то имрӯз сиёсати вазирони Амрико ё Трамп бо кӯмаки худ Тоҷикистон накардааст ва барои мо имрӯзро насохтаанд, ки бо канда шудани робитаҳои ёридиҳии онҳо миллат табоҳ шавад.

 

Мо мардуми Тоҷикистон  ба заҳматҳои зиёд бо ҷоннисориҳои абармардони ватандӯсту масъулиятшинос 27 сол муқаддам кишварамонро ба озодӣ ва сулҳу субот баровардем. Чаро он рӯзҳо Амрико моро ба “рӯйхати сафед” – аш ворид накард. Ҳоло, ки Тоҷикистон бо маром пешрафт мекунад, Амрико онро ба руйхати сиёҳ ворид кардааст. Шояд хостааст ва бо мақсади ин, ки миллати моро низ ба мисоли Сурияву Ироқ алайҳи якдигар шӯронида, тамошобин шуданист. Ҳиллаҳои амрикоиҳо нисбати давлатҳои ҷангзада ба ҳама маълум аст, ки нерӯҳои иқтидорманди худро ба хотири дастрасии терористон бо лавозимотҳои ҷангӣ масраф менамояд. Ва имрӯз аз озодиҳои байналмиллалии мазҳабҳо ҳарф задааст.

 

 

Рауф Шамсиев, мудири  кaфедрaи тaъминоти бaрқи ДКМТ