ТАРБИЯ АЗ ОИЛА ОҒОЗ МЕЁБАД

Ба ин ё он дин мансуб доштани фарзанд аз оила вобастагии калон дорад. Ҳамчунин бегонапарастӣ ҳам дар ин замина сурат мегирад. Оила дар дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди  тоҷик ҳамчун  ниҳоди муқаддас  эътироф гардидааст, зеро беҳтарин  арзишҳои инсонӣ, аз қабили  муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ  ва ҳамдигарфаҳмиву  таҳаммулгароӣ  маҳз дар оила   ташаккул меёбанд.  Ҳукумати кишвар  ба занону бонувон  эҳтироми хоса  зоҳир менамояд ва  дар якчанд  барномаҳои давлатӣ, стратегия  ва консепсияҳо  дурнамои фаъолияти  занон ва нақши онҳоро  дар мақоми роҳбарӣ,  таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа  ва пойдориву  устувории  оила таъкид намудааст.  Яке аз омилҳои  муҳими пешрафти  ҷомеа  тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад.  Дар ин амри хайр  нақши оила ҳамчун  ниҳоди боэътимод  ниҳоят муҳим  мебошад.

Оила арзиши муқаддасу қадимест, ки ба эҳёи тамаддунҳо  замина гузошта, дар  зиндагии инсоният  ва пешрафти мадании ҷомеа  нақши меҳварӣ дорад.  Зербинои таълиму тарбия  дар оила устувор  гашта, рушду  такомули  зеҳнии инсон  аз муҳити хонаводагӣ  ибтидо мегардад.  Ҳолдонҳо нақши оиларо  дар ташаккули  миллату давлат  ҷоиз медонанд.   Мутаасифона, солҳои охир дар баробари  коҳиш ёфтани  ахлоқи ҷавонон, худкушию дигар ҷиноятҳое, ки боиси   пошхӯрии  оилаҳо мегарданд,  ҷомеаро  нигарон сохтааст.  .

Дар тӯли  садсолаҳо  аз хираду ҳикмати  пирони ботадбиру  дурандеш аз осори бузургони  илму адаб  як силсила  томи донишҳои  оилавӣ  ва оиладорӣ  шакл гирифтаанд. Масалан, ҳакими бузург Абуали Сино, ҳазор сол  муқаддам мавқеи  зан дар оила  ва беҳтарин хислатҳои  некашро  матраҳ кардааст:

    Хирадманду бошарм, зираку бофаросат, тадбири кору  кирдорашро  хубу нек  бинмояд, дар мақоми  хизмат  ба шавҳар  такаббур  наварзад ва амсоли инҳо.

  Ин тавсияҳо, андешаҳо  ва панду андарзҳо перумони маърифати  оиладорӣ  ва мақому   мартабаи зан  дар осори дигар бузургони  илму адаб  ҳам зикр ёфтаанд.  Танҳо аз онҳо  ҳикмате метавон  бардошт  ва кор гирифт.

 Оиладорӣ фарҳанги бузургу ҳисси ватандорӣ аст.  Агар солим бошад, назару андешаҳо, иқдому амалҳо  дар зиндагӣ     солим дар маҷмуъ,  ҷомеа  солим хоҳад буд. 

Оила як воҳиди  ҷомеа мебошад, ки  ин воҳидро  бо  «Оташ ва нур»-и худ  маҳз модар нигоҳ медорад.

Агар «Оташ ва нур»  дар оила  тира ва ногиро бошад, на танҳо  дар доираи оила, балки   дар ҷомеа равандҳои  манфӣ  ва номатлуб  пайдо мегарданд, ки боиси  сар задании  мушкилот дар  таҳкими хонавода  ва ҷомеа мегардад.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки  ҳолати никоҳи  хешовандони наздик низ  афзуда боиси таваллуди  кӯдаки маъюб гардида истодааст.

Тибби  муосир  дар асоси  омӯзиши таҷриба  ва таҳлилҳои зиёд  муайян намудааст, ки  бархе бемориҳо  бештар ба никоҳи  хешовандӣ  рост меояд.

Унсурмаолии Кайковус дар «Қобуснома»-и худ  гӯё оқибатҳои ногувори  ин тарзи никоҳу  оиладориро   эҳсос карда ба мо дар боби «Андар зан хостан»  тавсия додаст, ки аз хешовандони наздик  зан нагиред, аз бегонагон зан бигиред, то ки  онҳо бо Шумо хеш шаванд. Сабаби асосии маънии  никоҳи хешу таборӣ, ин  нишондодҳои  муқобили тиббӣ, яъне бо сабабҳои беморӣ аст.

Таърих гувоҳ аст, ки ин  никоҳҳо  ба несту нобуд шудани бисёр авлодҳо  оварда расондааст.  Масалан,  авлоди Тутанкамон  аз Мисри Араб, дар  Русия  насли якчанд князҳо, дар Аврупо ба бемориҳои вазнини ирсӣ гирифтор шудани  шоҳи англисҳо Виктория  ва ғайраҳо.

Аз ин лиҳоз бояд никоҳҳои  хешу табориро хотима диҳем, то  генофонди мамлакатро мустаҳкам  нигоҳ дорем.

Хулоса,  чи  х еле, ки  сарвари давлат  мефармоянд «Ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ диҳед, онҳоро дуруст ба воя расонед,  маърифати оиладориро  ба нури чашмонатон  хуб таълим диҳед, ба онҳо маданияти одоб омӯзонед, то  онҳо беҳтарин ворисони  Шумо гардида, кишвари  моро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи  худ зеби даврон гардонанд».

  Барои ин аввал худи волидон бояд боодоб ва инсони комил бошанд, ки ҳикмати Абдураҳмони  Ҷомӣ нисбати ин гуфтаҳост:

         Боядат аввал адаб андӯхтан,

         Пас дигар касро адаб омӯхтан.

 

                                        Мавлуда Аминҷонова, Мудири кафедраи забони далатӣ  ва забонҳои хориҷӣ

                                                                                        Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон