Ба тарбияи наврасону ҷавонон ва пешгирии онҳо аз гаравиш ба терроризм, экстримизм ва тундгароӣ, инчунин, рушди фарҳанг ва худшиносии миллӣ дар тамоми сатҳи ҷомеа таъсири беандоза мерасонад. Аз ин рӯ, ҷомеаи моро зарур аст, ки имрӯз барои пешгирии омилҳои номатлуб ва воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни мардум, тавсеаи мафкураи миллӣ, рушди иҷтимоиву сиёсии ҷумҳурӣ, таҳкими иттиҳоди неруҳои созандаи кишвар барои ҳифзи манфиатҳои миллат ва давлат, мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ба тадбиқи давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошад. Дар ин ҷода қабл аз ҳама, пешгирии роҳи тавъам сохтани миллати мо бо миллатҳои наздик ва мазҳаби динии мо бо мазҳаби дигари исломӣ, ки онро ҳамчун василаи фиреби наврасону ҷавонони мо ва бегонашавии онҳо истифода мекунад, зарурат дорад. Зеро тавре ки маълум аст, авҷи терроризм имрӯз дар баъзе минтақаҳои олам дар баробари сабабҳои иқтисодӣ доштан ва бозиҳои геополитики абарқудратон марбут будан, ҳамзамон, сабабҳои дигаре низ дорад, ки одатан ба муборизаҳо байни мазҳабҳои исломӣ ва амсоли он мекашанд. Яъне роҳи асосии пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва тундгароӣ ташвиқу тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури миллӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо дар сурати чӯнин тарбия намудани насли нави миллат мо метавонем ба ояндаи осоишта, ба кишвари озоду обод, ба ватан мардумаш дар ваҳдату ягонаи ва зиндагии шоиста эътимоди комил дошта бошем. Зеро чунон, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштааст, маҳз наврасону ҷавонон неруи тавонои кишваранд, ки: «марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонанд ва номи Ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардоранд».
Ассистентони кафедраи МО ва И Хуҷамов Ш.
Норбобоева Г.Б.