Тарбияи дурусти фарзанд самар медиҳад

Имрӯз фарзанди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, ки дар Мактаби президентӣ таҳсил менамояд, дар озмуни байналмилалии “Глобус” ширкат намуда, сазовори ҷойи намоён гардид, ки ин натиҷаи таълиму тарбияи дуруст ва ғамхорӣ ба он мебошад.

Албатта ҳар нафаре, ки фарзандашро таълиму тарбияи дуруст медиҳад, барои ояндаи дурахшони ҷомеа саҳмгузорӣ мекунад. 

Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ низ ба тарбияи фарзандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва ҳамин аст, ки фарзандонаш имрӯз бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар озмунҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат менамоянд.