ТАРАФДОРИ БОЗГАШТИ ТАВБАКАРДАҲОЯМ

Аз телевизиони Тоҷикистон суханронии  Аёмиддин Сатторов, маъруф ба Мулло Аёмиддин ва Мавлавӣ Аёмиддин, яке аз асосгузорони ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ)-ро тамошо карда ба асли воқеа сарфаҳм рафтам. Ана акнун симои зишти ҳизби наҳзати ислом ошкор гардид.

Хуб, тавбаи ин пири раҳгумзада қабул аст. Тарафдори чунин тавбакардаҳо ҳастем. Бигузор сафи тарафдорони сулҳу субот дар кишвар афзоиш ёбад.

Рисолати ҲНИ ба поён расид. Насли ҷавон бояд аз ин найрангҳо воқиф бошад. Дигар ҳаргиз аз ТТЭ ҲНИ пуштибонӣ кардан ҳатто ба гӯшаи хаёл наояд.

ВАТАН яктост- ТОҶИКИСТОН яктост! Обод кардани ин сарзамин рисолати ману туст эё ҳамватан!

Маҳинбону Шодиева, донишҷӯйи соли дуюми риштаи экологияи ДКМТ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

10 + бист =