ТАРАННУМ МЕКУНАМ ҲАРФИ ҲАЁТИ ОСОИШТАРО

Рӯзи ба имзо расидани ҳуҷҷати умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 20-уми июни соли 1997 дар толори Маркази тадқиқоти стратегӣ ҷаласаи кумитаи тадорукоти ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид ва 18 июли соли 1997 дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ маҷлиси муассисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор шуд. Онҳо дар ин ҷаласа мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона раиси Шӯрои марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон интихоб намуданд. Баъд аз муноқишаҳои сершумори байни тоҷикон ба имзо расидани ҳуҷҷати таърихии истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ ба ин вазифаи ҷамъиятӣ сарвар интихоб шудани Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи мамлакат давраи навро оғоз кард. Ин давра давраи бунёдкорӣ, созандагӣ, барҳам хӯрдани бӯҳрони иқтисодӣ ва вижагиҳои тоза пайдо кардани иқтисодиёти мамлакат – ислоҳоти иқтисодӣ ва рушду камоли маънавии миллат ба шумор меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин арбоби бузурги сиёсӣ дар байни роҳбарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шумор меоянд, ки соли 1999 ба Иҷлосияи 54-уми ҷаласаи умумии Созмони Милали Муттаҳид сарварӣ карданд ва нахустин шуда бо “Ситораи тиллоӣ”-и Алҳберт Швейер сарфароз гардиданд. Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба сари қудрат бо ваъдаи ҳаётбахши “Ман ба мамлакат сулҳ меорам!” омада буданд, ба ваъдаи худ содиқона вафо карда, собит намуданд, ки пуштибон ва такягоҳи халқанд. Сарвари мамлакат сулҳро аз доираи кишвар берун бароварда, ба сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон табдил доданд. Бесабаб нест, ки ба мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар роҳи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва мустаҳкам кардани дӯстии халқҳо дар олами мутамаддин Ҷоизаи Корпуси байналмилалии Сулҳ дода шуд.

Он вақт, 8-уми сентябри соли 2000-ум сарвари муассисаи мазкур доктор Хан Мин Су бо ифтихор иқрор кард, ки “ин ҷоиза барои хизматҳои бузург дар роҳи барқарор сохтани сулҳи рӯи замин, таъмини созгории миллии байни халқҳо супурда мешавад”. Боиси сарфарозист, ки таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон аз ҷониби давлатҳо ва сиёсатмадорони бузург омӯхта мешавад.

Ҳар як нақшаву тадбири Президенти мамлакат хоҳ сиёсиву иқтисодӣ, хоҳ маънавӣ бошанд, боиси пойдор гардидани ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мегарданд. Намунаи дурахшони ин тадбирҳо навсозиҳои роҳҳои кишвар мебошанд, ки ҳамчун “Шоҳроҳи Ваҳдат” ном баровардаанд. Ин шоҳроҳ тамоми манотиқи мамлакатро ба ҳам мепайвандад ва то сарҳади Ҷумҳурии халқии Хитой рафта мерасад.

Шоҳроҳи мазкур аҳамияти бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ касб мекунад. Вай роҳи моро ба хориҷа мекушояд, барои ободии мамлакат хизмат мекунад ва мардумони шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистонро ба ҳамдигар қавитар мепайвандад.

Дар гузашта роҳҳои хатарнок ва душворгузари кӯҳистони тоҷик ба сари мардум фалокату фоҷиаҳои бисёр меоварданд. Сел-ҳои пурхашму даҳшатбор, тармакӯчиҳои бешумор ва дигар “бозиҳо”-и табиат, ки роҳи борики оҳугузарро ба вайронаю харобӣ оварда мерасониданд, ҳаёти бе он ҳам вазнини халқро вазнинтар мекарданд. Рӯзгор одамонро маҷбур менамуд, ки бо мақсади таъмини маишати аҳли оилаи худ ҷон ба каф бигрифта, аз он роҳҳои пуртаҳлука аз деҳе ба деҳе, аз шаҳре ба шаҳре азми сафар созанд. Ҳатто, дар замони шӯравӣ, ки роҳҳои мошингузари Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ тавассути ағбаҳои осмонхарош кушода шуда буд, ба ном роҳ буданд.

Сохтмони ҳақиқии роҳу нақбҳои одамгузар ва мошин гузар дар давраи истиқлолияти миллии Тоҷикистон сар шуданд ва бомуваффаққият идома доранд. Ин ҳама ибтикороти башардӯстона ва ватанхоҳонаи Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меоянд, ки иқтисодиёти мамлакат ва ҳаёти моддии аҳли ҷамъиятро чандин карат боло хоҳанд бурд.

Сохтмонҳои бузурги Тоҷикистон бо кӯмаки Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии мардумии Хитой ва Федератсияи Русия давом доранд, ки онҳо муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистонро бо мамлакатҳои мазкур мустаҳкам менамоянд. Бесабаб нест, ки дар расмикушоди нақби “Истиқлол” Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон ҷаноби Маҳмуди Аҳмадинажод ва Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, аз боби дӯстиву бародарӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки минбаъд густариш хоҳад ёфт, суханронӣ карданд.

Ба арзи эҳтиром бояд аз сулҳ ҳарф занем!

Тарануми ҳаёти осоишта намоем.

 

Г. Самадова,

Декани факултети геология