Имрӯз, ҷаласаи назди муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда баргузор гардид, ки дар он тамоми сардорони сохторҳои тарбия, муовинон оид ба тарбия ширкат намуданд. Дар ҷаласаи мазкур роҷеъ ба гузаронидани “Ҳафтаи солимӣ”, нақша чорабиниҳо баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ташкили маҳфилҳо, фаъолияти мураббиён, гузаронидани соатҳои кураторӣ, оид ба тарбияи донишҷӯёни душвортарбия, гузаронидани санҷишҳо, ташкили гурӯҳҳои корӣ, баргузории семинару машваратҳо ва дигар чорабиниҳои муҳим сухан рафта, оид ба фаъолияти минбаъда масъалагузориҳо сурат гирифт.
Тибқи дастури ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ акнун барои бошандагони хобгоҳ низ як қатор чорабиниҳо тасдиқ карда шудааст. Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур оид ба навиштани мақолаву изҳорот дар рӯзҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда аз бонувони фаъол ва пурмасъулият буда, баҳри тарбияи насли ҷавон хеле корҳоро ба сомон расонидааст. Аминҷонова М. баҳри дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани донишҷӯён корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст ва дар ин як қатор корҳои некро низ ба нақша гирифтааст, ки бар манфиати кор ва пешрафти донишкада мебошад.