ТАНТАНАИ БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Ба муносибати Рузи конситутсия дар толори калони Донишкадаи куҳӣ-металлургӣ бо иштироки донишҷуён ва устодони донишкада маҷлиси ботантана баргузор гардид.

Нахуст ректори донишкада, дотсент М.Фозилзода ба сухан баромада дар атрофи ин ҷашни фархундаи миллат ҳарф заданд. Имрӯзҳо мардуми кишварамон дар арафаи таҷлили ҷашн ва санаҳои  таърихӣ 24-солагии  Рӯзи  қабули  Конститутсия, Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон , ифтитоҳи чархи якуми нерӯгоҳи барқии обии Роғун  инчунин, 26-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16- Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Бояд тазаккур дод, ки бо гузашти солҳо Конститутсия ба ҳайси бахтномаи миллат – ҳуҷҷати сарнивиштсоз ва Қонуни  асосӣ будани худро исбот намуд.

Ҳамчунин мудири кафедраи забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ М.Аминҷонова ва устодони дигар андешаҳои худро иброз доштанд.

Аз ҷониби шуъбаи шаҳрии ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба як гуруҳ устодон ва донишҷуёне ки ба тозагӣ ба сафи ҳизб пазируфта шуданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим гардид.  

Шуъбаи иттилоотӣ