ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИДАГИСТ

Ба курпаи худ нигоҳ карда пой дароз намудан тадриҷан ба меъёр медарояд. Ҳамчунин, диндорон низ маъракаҳои худро сарфакорона мекузаронанд.

Сохтмони масҷиди бузургтарин дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе,  санги асос гузоштан ба сохтмони Донишкадаи Исломии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи Қонуни мавҷуда амал мекунад ва дар баланд бардоштани маърифати динии мардум саҳм мегузорад. Дар самти амалӣ шудани Қонуни мазкур мақоми  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази Исломии Тоҷикистон калон аст. Ба дараҷаи баланд ва бо далелу ҳуҷҷатҳои раднопазир таҳия намудани мавъизаи рӯзи ҷумъаи имом-хатибон ташаббуси беҳтарин маҳсуб мешавад, ки дар фаьолияти имом-хатибон таъсири худро гузоштааст.

 

Ҳамин тариқ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» давоми 10 сол ҳаёти динии мардуми моро ба танзим даровард ва он раҳнамо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии динӣ ва дунявӣ мебошад.

Танзим воқеан ҳам баракат ва раҳнамои зиндагӣ мебошанд.

Б. САИДОВ, мудири кафедраи металлургияи ДКМТ