ТАМОШО ВА МУҲОКИМАИ НАВОРИ ВИДЕОИИ “БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ”

Ба хотири тамошои навори видеоии “Бозгашт аз ҷаҳаннам”  дар толори Шӯрои олимон ҷамъомад баргузор гардид. Ҷамъомадро ректори донишкада дотсент  Фозилзода М.М. бо сухани ифтиитоҳӣ оғоз намуда,  қайд намуд, ки мардуми кишвар бо шукргузорӣ аз файзи Истиқлолу Ваҳдати миллӣ  ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Сарвари таълимгоҳ қайд намуд, ки Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар мубориза бар зидди терроризм ва экстрмизм аз ҷониби чомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари ташаббускору пешсаф эътироф шудааст. Зикр гардид, ки ҳаёт дурустии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистонро нисбати ТЭТ-и  будани ҲНИ –ро исбот намуд. Хусусан, бозгашти яке аз асосгузорони ҲНИ Аёмиддин Сатторов ки аз амалҳои кардааш пушаймон асту афсус мехурад ва  тавбаю надомат мекунад, гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Айёмиддин Сатторов, ки  зиёда аз 30 соли ҳаёти худро ба ташкилоти экстремистии –террористии ҲНИ бахшидааст, имруз нисбат ин ҳизби террористи эътироз баён намуда симои зишти онро фош месозад ва тасдиқ мнамояд ки дар ҳамаи амалҳои хиёнаткорона ва куштори шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ гунахкор аст.

Бояд қайд намуд, ки тавбаи  ин пири роҳгумзада барои ҳамаи онхое ки ҲНИ-ро ҷониблорӣ менамуданд,  бояд сабақи зиндагӣ гардад.

Сипас,  ба аҳл ҷамомад, навори видиоеии  “ Бозгашт аз ҷаҳаннам” намоиш дода шуд. Аҳли ҷамъомад  аз намоиши навори  мазкур таассуроти  калон бардрштанд ва ба хулоса омаданд, ки бояд ҳар як фарди ватандуст бар зидди терроризму экстремизм муборизаи беамон барад.

Дар ҷамомад муовини ректор оид ба таълим Қозиев К. С., оид ба тарбия Саъдулоева М.М, мудири шуъбаи тарбия Азизов Қ.М.,  омузгорону кормандон   Давлатов Д,  Самадова Г. , Усмонов Ш. Эргашева З.   ба музокира баромада қайд намуданд, ки икроршавӣ ва тавбаю пушаймонии яке аз фаъолони ҲНИ Айёмиддтин Сатторов исбот наауд, ки манъ намудани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар кишвар воқеан ҳам,  санади  комилан дуруст ва саривақтӣ мебошад.

Ҷамъомадро ректори донишкада дотсент Фозилзода М. М. ҷамбаст намуда, аз ҷомеаи меҳнатӣ даъват ба амал  овард ки бояд  мо  зиёиён  дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои  миллатамон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм боз ҳам зичтар муттаҳид гашта дастовардҳҳи истиқлолияту ваҳдати миллиро зиракона ҳифз намоем. Ҳар як тарбиятгарро зарур аст, ки  баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва зиракии сиёсии  ҷавонон  саҳмгузор бошад ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт  муматазам рохандозӣ намоянд.

Баъди анҷоми намоиш ва баррасии навори видеоии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” дар ҷамомади умумӣ қарор кабул карда шуд.

А.Садриддинов, сармутахасиси шӯъбаи тарбия

 

 

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

нуҳ + ҳашт =