ТАМОШОИ ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ “ХИЁНАТ” ЗИРАКИ СИЁСӢ ВА МАЪРИФАТНОКИИ ҲАР ЯКЕ МОРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД.

Душманони давлату миллат аз сулҳу субот ва ободии кишварамон аз бахили ҷойи нишаст наёфта, кӯшиш карда истодаанд, ки бо ҳар роҳ осоиштагии мардумро тариқи сомонаҳои интернет бо суханҳою амалҳои бардуруғ халалдор намоянд.

 Намоиши филми ҳуҷҷати “Хиёнат” даъват ба он аст, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, бар зидди амалишавии мақсадҳои нопоки бадхоҳони миллат, ки дар зери ниқоби аъзоёни ТТЭ ҲНИ амал мекунанд, бароянд. Дар филми “Хиёнат” мо шоҳиди он гардидем,  ки чӣ тавр аъзоёни ТТЭ ҲНИ ба корҳои зишт даст задаанд. Онҳо сайёҳони ба кишварамон омадаро ба қатл расонида, бо ин роҳ хостанд номи мардуми тоҷикро сиёҳ кунанд. Ҳамчунин Муҳидин Кабирӣ ҳангоми дар вазифаи роҳбарӣ буданаш сохтмони беморхонаи сироятиро оғоз намуда, нимкора мондааст, ки ҳам ҳусни шаҳрро безеб мекунад ва ҳам ба истифода дода нашудааст, дида мешавад.

Ҳангоми тамошои филми мазкур шоҳиди он гардидем шахсоне, ки ба амри Муҳидин Кабири ва маблағгузориҳои хоҷаҳои хориҷии ӯ ба ҳар кори зишт қодир буданд, акнун аз кирдории худ пушаймон буда, ҳар як амали зишти ӯро маҳкум менамоянд ва шукри онро доранд, ки Президенти адолатпарварамон онҳоро бахшиданд. Ҳоло онҳо бо аҳли оила зиндагии оромонаву хушбахтона доранд. Занҳое, ки фарзандон ё саробони оилаи онҳо аз дасти аъзоёни ТТЭ ҲНИ ваҳшиёна ба қатл расонида шуда буданд, бо оби чашми шашқатор нолаю фиғон доранд.

Тамошои филм моро водор месозад, ба андеша равем шахсе ҷанозаи модари худро тариқи телефони мобилӣ мехонад, чӣ тавр модар-ватани худро дӯст медорад ва талаби барқарор кардани давлати исломиро дорад?!

          Вақте ваҳшонияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ –ро дар навор тамошо мекунем, нафрати мо ба хоинони миллат боз ҳам зиёд мегардаду бар ин хиёнаткорони наҳзатӣ лаънат мехонем.

Туев Ш.

омӯзгори ДКМТ