Дирӯз, омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон филми тозаэҷоди коргардони ҷавон ва маъруфи тоҷик Муҳиддини Музаффарро тамошо намуданд.
Қабл аз намоиши филм муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин коргардони ҷавон ва умедбахши тоҷик Муҳиддини Музаффарро ба ҳозирин шинос намуда, роҷеъ ба тарбияи ҷавонон ва аҳамияти фарҳанг ва синамо дар ҳаёти ҷамъият сухан ронд.
Сипас, Муҳиддини Музаффар созандаи филми “Дов” суханронӣ намуда, таклиф намуд, ки пас аз тамошои филм омода аст, ба ҳама суолҳо посух диҳад.
Ҳамин тавр дар толори бузурги донишкада филми “Дов” ба намоиш гузошта шуд.
Дар интиҳо муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда, омӯзгор Изатуллоев Рафтор, профессор Олимов Абдумалик андешаҳои хешро перомуни филм иброз дошта ба созандагони филм изҳори миннатдорӣ баён доштанд. Сипас, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин Сипосномаи раёсати донишкадаро ба Муҳиддини Музаффар тақдим намуда, эҳсосоташро баён дошт. Ҳамзамон, созандаи филми “Дов” коргардони ҷавону умедбахши тоҷик Муҳиддини Музаффар ба аҳли ДКМТ миннатдорӣ баён намуда, дар бораи ҷанбаи тарбиявии филм, роҳҳои сохтани он, интихоби макони сабт ва ҳунармандон, иштирок дар фестивалҳо сухан ронда, рушди синамои тоҷикро муҳим хонд.