Тамошои Паёми тақдирсози Пешвои муаззами миллат

Ректори  Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон муҳтарам Фозилзода М.М  ва устодону кормандон якҷо бо донишҷӯён Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро дар толори барҳавои донишкада тариқи экрани бузург бо умеду орзуи нек ва садоқати баланди меҳанпарастӣ  тамошо намуданд. Ҳамчунин дар синфхонаҳои алоҳидаи донишкада низ телевизионҳо фаъол сохта шуда буд, ки донишҷӯён дар факултаҳо Паёмро мустақиман тамошо намуданд.

Паёми имсоли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз чанд ҷиҳат назар ба Паёми соли қаблӣ фарқкунандаву тақдирсоз буд. Зимни ироаи Паём Пешвои муаззами миллат иброз намуданд, “ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд”.

Албатта ин барои боз ҳам тақвият ёфтани имкониятҳои ихтироъкорон ва навоварону донишмандон ва беҳтар гардидани сатҳу сифати дониши донишандӯзон ва баробар гардидан ба асри нав мусоидат менамояд.

Паёми Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, дар фаъолияти минбаъда сармашқи кори худ қарор медиҳем, чунин ҳамовозӣ шуд аз ҷониби кормандони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон пас аз тамошои пахши мустақим.

                   Шуъбаи иттилоотӣ