Имрӯз дар толори калони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи телевизион ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада бо ҳузури ректори донишкада дотсент Фозилзода М.М. тамошо намуданд.
Дар рафти савгандёдкунӣ Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд нуктаи муҳимро ёдрас шуда, аз ҷумла дар бораи саноатикунонии кишвар низ таъкид намуданд : “Мо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар ба рушди соҳаҳои саноати маъдан, металлургияи ранга, мошинсозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ афзалият дода, барои коркарди ҳарчи бештари ашёи хом, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатноки ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунем”.
Шуъбаи иттилоот