Имрӯз Паёми Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки онро омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муташаккилона тавассути экрани калони пахши садо ва симо дар толори бузурги донишкада мустақиман тамошо намуданд.
Шурӯъ аз роҳбарияти донишкада ва дигар ҳайати омӯзгорию профессории донишкада ҳамроҳ бо донишҷӯён фаъолона то охирин лаҳза бо иштиёқи тамом Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд.
Дар Паёми имрӯзаи худ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вобаста ба самтҳои сиёсати хориҷиву дохилӣ ва ҳамчунин дигар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф, ҳуқуқ, амният, субботи комили ҷомеа, бехатарии озуқаворӣ, ҷавонон ва ғайраҳо сухан мерафт, сиёсати ояндаи давлатро муайян намуда, барои беҳбуд ёфтани ҳолат ва ҳамзамон таҳияи барномаҳои минбаъда, ҷиҳати муайян намудани дурнамои сиёсат вазифагузориҳо намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Паёми Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тариқи ҳама шабкаҳои телевизионӣ ва радиоҳои давлатӣ мустақиман пахш гардид.
М. Сайидзода