Имрӯз дар толори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон донишҷӯён филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисматҳои 4 ва 5-умро тамошо намуданд.
Дар толор муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М ва дигар муовинону кормандони сохтори раёсати донишкадка ширкат варзиданд. Муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М. суханронӣ намуда, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии пайвастани ҷавонон ба муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб дар шароити феълиро ҳатмӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, қайд намуданд, ки дар ҷаҳони муосир паҳншавии терроризм ва экстремизм яке аз хатарҳои даҳшатнок маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ яке аз вазифаҳои муҳими аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Кормандони донишкада дар қатори дигар сокинони шаҳру навоҳии мамлакат филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисмҳои 4 ва 5-умро тамошо намуда, аз паҳлӯҳои сиёҳ ва амалҳои нодурусту душманонаи хоинони миллат огоҳ шуданд. Дар ду қисмати охири ин филмномаи ҳуҷҷатӣ ҷанбаҳои хиёнаткорӣ ва разолати аъзоёни ТТЭ ҲНИ ифшо карда шудааст, ки воқеан ҳам аз як ҳуҷҷати таърихӣ будани ин филм дар ҷодаи шинохти душманони миллат шаҳодат медиҳад. Инчунин филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” қисмҳои 4 ва 5 дигар ба ҷаҳониён кӣ ва чӣ будани наҳзатиёнро ошкор гардонид, ки ин як далели бузург барои шинохти аслии наҳзатиён мебошад.