Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрӣ ва мулоқоти ҳайати баландпояи донишкада бо намояндагони Донишгоҳи техникии нафту гази Уфаи Россия баргузор гардид.
Дар ин мулоқот аз донишкада ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Умарҷонов Абдусафо, сардори шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ Муҳаммадиев Акбар, сардори раёсати кадрҳо Муминова Дилором ва аз ҷониби Донишгоҳи техникии нафту гази Россия муовини ректор оид ба рушди умури байналмиллалӣ, н.и.х. Чанышев Наиль Тагирович, сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмиллалӣ Урунов Салимджон Ёкубджонович ширкат варзиданд.
Дар мулоқоти имрӯза, ҳавасмандии ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва барои ҳарду тараф мусоид ҳусни тафоҳум сурат гирифт ва ҷонибҳо ба хулосаи ниҳоӣ расиданд, ки қарор дар ин пай як қатор созишномаҳо низ ба имзо расанд.
Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи техникии нафту гази Уфаи Россия бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкори стратегӣ буда, як қатор ҳамкориҳо аллакай вуҷуд доранд.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо ба чунин хулосаҳо расиданд, ки минбаъд омӯзгорони ҷавон барои такмили малакаи касбӣ метавонанд ба ин донишгоҳ рафта ба тариқи ройгон таҳсил намоянд, ҳамасола 30-40 нафар шаҳрвандон, яъне довталабон метавонанд бе ягон мамониат тариқи супоридани имтиҳон дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба ин донишгоҳи хориҷӣ дохил гардида таҳсил намоянд.
Ҳамчунин, барои истифодаи озмоишгоҳҳо ва дигар платформаҳои техникии Донишгоҳи техникии нафту гази Уфа ба омӯзгорону донишҷӯён дастрасии расмӣ дода шуд.
Умуман, ин мулоқот дар як фазои озод ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ки барои донишҷӯёни мо имкониятҳои бештаре фароҳам овард.