ТАВБАИ ТТЭ ҲНИ КАЙ БА ГӮШ МЕРАСАД?

Бо вуҷуди он ки Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп тамоми сирру асрори КСИР (Корпус стражей исламской революции) – Корпуси сипоҳиёни инқилоби исломии Эронро фош кард, пайравони ТТЭ ҲНИ ба лаб мӯҳри хамӯшӣ задаанд.

Онҳо баъди чунин фошкориҳои ИМА бояд тавба мекарданд аз кирдори зишти худ, вале ҳамоно даст ба тахрибкорӣ мезананд ва бозори дасисаро метафсонанд.

Думравони  ТЭТ ҲНИ аз ҷониби КСИР маблағгузорӣ мешавад, боз супоришҳои махфӣ ҳам медиҳад, то ин ки балегўёнаш бар ивази қурбонии ҷони инсонӣ бошад ҳам, иҷро намоянд.

Барои таъмини террористону экстремистон,яъне Ҳизби Наҳзати Ислом ин Корпуси сипоҳиёни инқилоби исломии Эрон доларҳои зиёд (аз рўи як далел зиёда аз 3 миллион доллар дар се сол 2016-2018) сарф кардааст. Албатта, аз ин долларҳо Муҳиддин Кабирӣ, Мирзои Салимпур, Илҳом Ёқубов ва дигарон аввал «насибагирӣ» мекунанд, яъне «ком ширин менамоянд». Акнун, ки ин сирру асрори нодуруст, ақидаҳои зидди мусулмонии Корпуси сипоҳиёни инқилоби исломии Эрон дар тамоми олам фош шуд, шояд роҳбарониин корпус аз кардаҳои худ пушаймон шуда, дигар маблағгузориашонро бас намоянд. Он гоҳ шахсони зикршуда чӣ кор мекунанд? Пас ба умеди кадом хоҷаи «хайрхоҳ» ва «дасткушод» мешаванд? Ин ҳоло ба мо маълум нест…

Тавбаи наҳзатиёни ТТЭ ҲНИ кай ба гӯши мардум мерасида бошад?

 

Фаридаи Амонулло, омузгори ДКМТ