Дар маҷлисгоҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон пешдифои рисолаи илмии омӯзгори донишкада Давлатов Давлатмаҳмад дар мавзӯи “Асосҳои физикию кимиёвии тозакунии обҳои шахтавӣ аз металҳои вазнин дар мисоли шахтаи “Восточная”, вилояти Суғд” баргузор гардид.
Дар ҷаласаи пешдифои рисолаи Давлатов Д. ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ, роҳбарии илмии унвонҷӯ ва дигар аъзоёни кафедраву меҳмонон ширкат варзиданд.
Ҷаласаи мазкур бомуваффақият гузашта, Давлатов Д. тавонистанд, ки дар ҷаласаи пешдифоӣ бо ҷамъе аз олимони вилоят масъалаҳои мубрамро дар ин рисолаи хеш баррасӣ намоянд ва маслиҳату машваратҳо бигиранд.
Ҳини оғози ҷаласа қайд гардид, ки мавзӯи интихобкардаи унвонҷӯ Давлатов Д. мубрам ва зарурӣ буда, метавонад ба бахши саноат ҷиҳати ҳалли проблемаҳои мавҷуда мусоидат намояд.
М. Сайидзода