Ҳамдиёрони азиз,
Ҳамкорони гиромӣ,
Донишҷӯёни арҷманд!
Бо камоли хушнудӣ самимияту муҳаббати баланд ҳамаи шуморо ба муносибати 33-умин солгарди бузургтарин ҷашни миллӣ Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфта, бар Шумо барору муваффақият ва саодатмандӣ таманно менамоям.
Истиқлоли давлатӣ яке аз ҷашнҳои муҳиму зарурӣ барои миллати сарбаланди тоҷик буда, таҷлили он ин таҷлили рӯзи озодиву ормонсозист. 33 сол осон бар миллати тоҷик даст надодааст, маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлоли кишвар таҳким ёфта, миллати музаффар гардид. Миллати соҳиб тамаддуни тоҷик ин санаро ҳамчун санаи рушду муваффақият, 33- соли саодату музаффарият, 33- соли созандагиву ватансозӣ, 33- соли ҳифзи арзишҳои миллӣ, 33- соли комгорӣ, 33- соли тантанаи адолат, 33- соли паркушоии Тоҷикистон мешиносад аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бароварда сохтани ниёзҳо ва таҳкими истиқлолият сипосгузор аст.
Воқеан ҳам истиқлолият ин бахти баланд ва ихтиёрдории комил аст, ки моро зарур аст, то ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва барои Ватан мисли Сарвари маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ҷонфидо бошем!
Дар навбати худ мо, олимону омӯзгоронро зарур аст, ки дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари муаззами давлат пайваста дар тарбия намудану омода сохтани мутахассисони дорои донишҳои баланду замонавӣ, ватандӯсту хештаншинос талош варзем.
Аз ҷониби дигар донишҷӯёнро зарур аст, ки доимо мутолиа намоянд ва илмҳои замонро аз худ намуда, барои Ватани азизамон хидмат бикунанд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар дунё ҳазорҳо халқияту миллатҳое ҳастанд, ки ҳанӯз истиқлол надоранд ва дар орзӯи мустақилият умр ба сар мебаранд. Шукр, ки миллати сарбаланди тоҷик ин неъмати бузург, ин мустақилият, ин озодӣ ва ин ихтиёрдориро доросту бо сари баланд зиндагии шоистаро пеш мебарад.
Моро зарур аст, то баҳри пешрафти Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ диҳем ва Тоҷикистонро ҳамарӯза беҳтару беҳтар гардонем. Мо фарзанди Тоҷикистон бояд баҳри пешрафту тараққиёти Ватанамон дар ҳар соҳае набошад, масъулияти баланд дошта бошем ва худро дар назди Ватан қарздор биҳисобем. Зеро иҷрои қарзи ватандорӣ ин иҷрои рисолати муқаддаси меҳандорист!
Бори дигар аз саодатмандиву ояндасозии хушилҳом гардида, ҳамаи Шумо ҳамватанони азиз, ҳамкорони гиромӣ ва донишҷӯёни азизро бо фарорасии 33-умин солгарди мустақилияту ватансозӣ табрик намуда, бароятон саодатмандии комил ва ҷовидонии Тоҷикистони азизро таманно менамоям.
Бо эҳтиром
ректори донишкада, профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ