Табрикоти раиси шаҳри Бӯстон бахшида ба 15-солагии таъсисёбии ДКМТ

 

Муҳтарам ҳайати бонуфузи профессорону омӯзгорон, устодону донишҷӯёни гиромӣ

Бо камоли эҳтиром ва самияти беандоза фарорасии 15-умин солгарди таъсисёбии боргоҳи бузурги илму маърифат, махзани бонуфузи таълим – Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистонро, ки ба соли таҷлили ҷашни фархундаву хуҷастаи умумимиллиамон – 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам меояд аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон таҳният гуфта, ба кулли устодону донишҷӯён ва кормандон сиҳатмандии комил, саодати зиндагӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди илмиву маърифатиро таманно дорем.
Боиси хушнудиву саодатмандист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон зери роҳбариву раҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди босуботи илму маърифат, бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ва рақобатпазир ба талаботи бозори ҷаҳонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамагуна муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хоса ва тадбирҳои шоиста амалӣ гардида истодааст.
Далели равшани гуфтаҳои болоист, ки зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид баён доштанд, ки аз соли 1991 то ба имрӯз дар мамлакат 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст.
Бо тақозои замони муосир ва пайвастани илм бо амалия, ҷорӣ намудани тадқиқотҳои илмӣ дар истеҳсолот, коркарди сарватҳои нодири табиӣ, баланд бардоштани сатҳи иқтисоди миллӣ, тарбияи кадрҳои рақобатпазир ҳанӯз 15 сол муқаддам, яъне 24-уми апрели соли 2006 Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Бо азму иродаи роҳбарият ва ҳайати бонуфузи илмӣ тӯли 15 соли фаъолият дар Донишкада тағйиротҳои чашмрас ба миён омадааст, ки шоистаи таъкид мебошад. Аз ҷумла алҳол дар донишкада 4 факултет, 16 кафедра ба фаъолияти таълимиву тарбиявӣ, корҳои илмӣ – тадқиқотӣ машғул буда, 177 нафар корманди илмӣ – педагогӣ, аз ҷумла панҷ нафар профессор, 51 нафар номзади илм ва дотсентон, 55 нафар муаллими калон ва 67 нафар ассистент фаъолият бурда истодаанд. Донишкада тибқи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 18 ихтисоси равияи кӯҳӣ – металлургӣ дар низоми бисёрзинагии таълим: бакалавр, мутахассис ва магистр таҳсилро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли таълими рӯзона ва фосилавӣ ба роҳ мондааст.
Донишкада ҷиҳати пешбурди фаъолият дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо зиёда аз 80 корхонаи саноатии кишвар дар самти табодули раванди таълим бо истеҳсолот, ташкили таҷрибаомӯзиҳои таълимиву истеҳсолӣ, омӯзиши техника ва технологияи пешқадами корхонаҳои саноатӣ, корҳои илмӣ – тадқиқотӣ шартномаву созишномаи судманди тарафайн ба имзо расонидааст.
Имрӯз шароит барои таҳсил дар ин боргоҳи таълим фароҳам оварда шуда, 26 лабораторияи муҷаҳҳаз, ду хобгоҳи замонавӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва 420 адад компютери ҳозиразамони бо шабакаи интернет пайваст, 50 проектор, тахтаҳои электронӣ ва ошхона мавҷуд аст, ки донишҷӯён аз ин хизматрасониҳо бемаҳдуд истифода намоянд.
Инчунин, дар назди донишкада парки инноватсионию технологӣ фаъолият менамояд, ки дар он раванди татбиқи илм дар истеҳсолот ҷорӣ карда мешавад. Алҳол беш аз 12 намуди маҳсулот коркард мегардад, ки аксарияти онҳо барои хоҷагии халқ зарур аст. Дар ин парки технологӣ маҳсулот пурра коркард ва ба истеҳсолот ҷорӣ равон шудаанд.
Омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва унвондор яке аз ҳадафҳои асосии донишкада ба ҳисоб рафта, айни замон ин боргоҳи таълимӣ бо пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 43 донишгоҳи олии дохиливу хориҷӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст.
Маҳз натиҷаи ин ҳамкорӣ ва дастгирии раёсати донишкада аст, ки солҳои охир сафи устодони унвондор зиёд шуда истодааст. Муддати панҷ соли охир 18 нафар омӯзгор рисолаи номзадии худро ҳимоя намуданд.
Итминони комил дорем, ки ҳайати бонуфузи илмии ин боргоҳи илму маърифат баҳри расидан ба татбиқи муваффақонаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳои мукаммал вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми босазо гузошта, дар ин самт аз тамоми имкониятҳои мавҷуда фароҳам истифода хоҳанд кард.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар 15-солагии таъсисёбии Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистонро таҳният гуфта, ба кулли омӯзгорону кормандон, донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони ин боргоҳи илму дониш бурдбориву фатҳи қуллаҳои баланди илмӣ таманно дорем.