Омӯзгорони иззатманд,
Муҳтарам аҳли илму адаб,
Басо хушоянд аст, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр дар саросари кишвари азизамон Рӯзи омӯзгорон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Имсол ин ҷашни фархунда ба 2 октябр рост меояд. Ин дарҳолест, ки шуруъ аз соли 1994 – 5 октябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии омӯзгорон ҷашн гирифта мешавад. Соли 1994 ЮНЕСКО меҳнату заҳмати омӯзгоронро ба инобат гирифта, бо мақсади қадрдонии мақому манзалати онҳо ин ҷашнро муқаррар намуд.
Баргузории Рӯзи омӯзгорон намунаи равшани эҳтиром ва қадршиносии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз заҳмату талошҳои пайгирона ва азму иродаи устувори баҳодуронаи омӯзгорони азиз дар таълиму тарбияи насли шоистаи замон ва роҳнамоии ҷомеа ба сӯи ояндаи дурахшон маҳсуб меёбад.
Ба ин муносибат кулли омӯзгорон ва аҳли илму адабро самимона таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама тансиҳатӣ, бурдборӣ, муваффақиятҳои беназир ва дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон бурдбориву комгорӣ таманно дорам.
Дар воқеъ, дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба масъалаи рушди бонизоми соҳаи маориф, бунёди инфрасохтори соҳа, фароҳам намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва илму касбомӯзии насли наврасу ҷавон ва сокинони мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати дастгирии давлатии аҳли илму маърифат ва бахусус омӯзгорон бо қабули силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имконияти мусоид фароҳам гардида истодааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳри шинохти мақоми омӯзгор бо сипосу эҳтироми бепоён ва ихлосмандии хосса доир ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ва рисолати ӯ дар ҷомеа таваҷҷуҳ намуда, таъкид доштаанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад. Гузаштагони бузурги мо фармудаанд, ки равшанкунандаи хиради башар ва афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ омӯзгор, муаллим ва устод аст».
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидани кафолати фаъолияти омӯзгорӣ, ҳуқуқу озодиҳо, масъулият, ҳифзи шаъну шараф, имтиёзҳои омӯзгорон, дигар кормандони соҳаи маориф ва таъминоти моддии онҳо шаҳодати дастгирии давлатии омӯзгорон маҳсуб меёбад.
Дар ҳар давру замон ба гиромидошти хизмату заҳматҳои хастанопазири омӯзгорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, аз донишу таҷриба ва роҳнамоиву ҳидоятҳои беғаразонаи онҳо баҳри бунёди ҷомеаи воқеан ҳам мутамаддин ва пешрафта истифода менамоянд.
Бузургони илму адаби мо дар ситоиши омӯзгор ҳамчун раҳнамову роҳкушо суханҳои пурқимат гуфтаанд. Аз ҷумла, Камоллидини Биноӣ дар қитъаи машҳури худ мартабаи омӯзгор ва ё ҳаққи устодро аз падар боло медонад:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад,
Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Дар қаламрави вилоят, зери роҳбарии бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба масъалаҳои дастгирии ҳамешагии омӯзгорон кӯшишҳои судманд роҳандозӣ гардида, хушбахтона омӯзгорон бо имтиёзҳои бештар фаро гирифта шуда истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон низ бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳайё намудани имкониятҳои мусоид баҳри фаъолияти шоистаи омӯзгорон ҷаҳду талош намуда, марҳила ба марҳила ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Хушбахтона имрӯз 504 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ва соҳибмаърифат ба 10200 нафар хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ ба таълиму тарбия машғул буда, ҷиҳати соҳибхирад ба камол расидани насли наврасу ҷавон ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.
Дар ҳақиқат дар замони рушди бонизоми илму техника ва зуд тағйирёбии авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз дар назди омӯзгорон ва аҳли илму маърифат вазифаҳое қарор мегиранд, ки бештар ба масоили бедор намудани эҳсоси хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва роҳнамоии насли наврасу ҷавон ба омӯзиши илму донишҳои муосир, ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва гиромидошти арзишҳои муқаддаси миллӣ нигаронида мешаванд.
Итминони комил дорем, устодону омӯзгорони соҳибхираду соҳибфазли мо бо истифода аз беҳтарин рисолати пуршараф дар ҷомеа ва бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тарбия ва саҳми шоиста дар камолоти маънавии аҳли ҷомеа, роҳнамоии мардум ба ҳамдиливу саҳмгузорӣ дар ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ, гиромидошти сулҳу суботи комили миллӣ, вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва дигар тадбирҳои созанда саҳмгузорӣ намуда, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои фархундаи миллат кӯшишҳои наҷиберо равона хоҳанд намуд.
Бо чунин таманниёти нек, бори дигар фарорасии Рӯзи омӯзгоронро ба кулли устодону омӯзгорон ва аҳли илму маърифат таҳният гуфта, бароятон сарбаландиву саодатмандӣ, муваффақиятҳои беназири касбӣ ва рӯзгори хушу хуррам таманно дорам.
Иди касбӣ муборак омӯзгорони азиз!