СУХАН ҒАРИБ НАГАРДАД

Шуълаи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон фурузон аст. Ягон шамоли ҳодисаи нохуш ин шуъларо хомуш карда наметавонад. Чунки дар пос доштани хотираи гузаштагони ин марзу бум ойини ватандорӣ по барҷост.

Сафар гузин, ки сухан дар ватан ғариб нагардад,

Шикастапои ватанро сухан ғариб нагардад.

Оре, сухани созанда ҳаргиз  ғариб намегардад. Муҳим дарки воқеият аст, ки мушкилот дар куҷо хуруҷ мекунад.

Аз он ки иддае аз хомабадастон дар хориҷи кишвар расонаҳои иттилоотиро ба минбари ҳасрату доду дард табдил додаанд, танҳо метавон ангушти таассуф газид. 

Аммо хонандаи ҷавони имруза закӣ аст ва дар интихоби пайраҳаи ҳақиқат ба фарҳанги солими сиёсии худ такя мекунад.

Хоса, дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ навои сулҳ хуш ба гӯш мерасад.

 

Мастура Валиева, мудири шуъбаи аспирантураи ДКМТ