Гузориш аз конфронси илмӣ-амалӣ
Ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон таҳти унвони “Муаммоҳои таҳияи матнҳои техникӣ ба забони давлатӣ” конфронси илмӣ-амалӣ санаи 13-уми октябр доир гардид.
Нахуст мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ , номзади илмҳои педагогӣ Мавлуда Аминҷонова дар мавзӯи “Забондонӣ фазилат аст” маърузаи пурмуҳтаво намуд.
Сипас, меҳмони конфронс сардори дафтари матбуоти Маркази Тоҷикстандарт дар мавзӯи “Муаамоҳои истилоҳоти техникии забони тоҷикӣ дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи стандартонӣ ва метрология” муфассал маъруза намуда ба суолҳои ҳозирин посух дод.
Дар ду бахш: “Хусусиятҳои тарҷумаи матнҳои техникӣ аз забонҳои хориҷӣ ба забони давлатӣ” ва “Муаммоҳои ташкил ва гузаронидани дарсҳои фанҳои тахассусӣ ба забони давлатӣ” силсилаи маърузаҳои илмӣ идома ёфт.Дар он муаллимони варзида аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Филиали Донишгоҳи техникӣ дар шаҳри Исфара, Донишгоҳи техникии ба номи Осимӣ оид ба паҳлуҳои гуногун маъруза намуданд.
Мавриди зикр аст, ки истилоҳи техникӣ то ҳол аз забони русӣ ба тоҷикӣ пурра тарҷума нашудааст, лиҳозо баъзе иштибоҳ рух медиҳад. Баҳси илмӣ дар ин мавзӯъ то ҳол идома дорад ва дар такя ба маъхазҳои илмӣ метавон ин мавзуро пайгирӣ кард.