17.08.2020, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Хонандагону донишҷӯён ва устодону омӯзгорони муҳтарам!
Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад.
Оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба хонандагону донишҷӯён, падару модарон, аҳли илму маориф, кулли мардуми шарифи кишвар, инчунин, ба кӯдакони хушбахти даврони истиқлол, ки имрӯз нахустин бор ба остонаи мактаб қадам мегузоранд ва ба шумо, ҳозирини гиромӣ, табрик мегӯям.
Соли таҳсили имсола бо сабаби пандемияи коронавирус пештар оғоз гардид.
Бинобар хуруҷи бемории мазкур бо мақсади ҳимояи саломатии хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони соҳаи илму маориф бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соли таҳсил барвақт қатъ гардид ва муҳлати таътил низ дароз карда шуд.
Дар натиҷаи саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва заҳмати фидокоронаи кормандони соҳаи тандурустӣ шиддати беморӣ хеле паст шуд ва имрӯз дари ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои таълимгирандагон боз гардид.
Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чунин тадбир, яъне таътили тӯлонӣ мо тавонистем, ки саломатии наврасону ҷавонон ва устодони онҳоро аз ин беморӣ эмин дорем.
Соли нави таҳсил тибқи анъана бо дарси сулҳ оғоз мегардад.
Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд.
Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд.
Яъне рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд.
Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад.
Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем.
Зеро дар дунёи пурҳаводису ноороми имрӯза бар асари ҷангу низоъҳо, гуруснагиву фақр ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳо садҳо ҳазор кӯдакон имкони ба мактаб рафтану савод омӯхтан надоранд ва ҳазорон нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.
Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон то оғози паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 беш аз 250 миллион нафар кӯдакон аз имконияти рафтан ба мактаб маҳрум буданд.
Дарси сулҳ ба маънои дигар дарси ватандӯстӣ ва шинохти сабақҳои таърих ба хотири фардои ободи Тоҷикистони азиз мебошад.
Мардуми тоҷик аз давраҳои бостон то ба имрӯз баробари таҳкими дӯстиву рафоқат ва сулҳу субот ба қадри илму дониш ва мактабу маориф низ мерасанд ва ба ин манбаи ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавии ҳаёти инсон арҷ мегузоранд.
Тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун дар ҳар давру замон омӯхтани илму донишро яке аз шартҳои асосии рушди маънавиёти инсон медонистанд.
Ин анъана то ба имрӯз идома ёфта, дар замони соҳибистиқлолӣ мазмун ва арзиши нав касб кардааст.
Дар шароити кунунӣ илму дониш нишондиҳандаи асосии дараҷаи инкишофи ҳар як давлату миллат буда, бо раванди рушди нерӯи инсонӣ робитаи мустақим дорад.
Аз ҳамин хотир, мо солҳои 2020 – 2040-ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор намудем, ки бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва мафкураи техникии насли наврасро қавӣ гардонанд.
Шарти асосии амалӣ кардани ин ҳадаф беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот, ҷорӣ кардани усулҳои нави таълим ва самаранок истифода намудани соатҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Дар ин хусус фармони Президенти мамлакат ба имзо расид ва Вазорати маориф ва илм якҷо бо Академияи миллии илмҳо вазифадор шуданд, ки пешниҳодҳои мутахассисони соҳаҳои дахлдорро ҷамъбаст карда, ба Ҳукумати кишвар манзур намоянд.
Моҳи июли соли ҷорӣ қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020 — 2040” қабул гардид.
Дар ин санад дар марҳалаи аввал таҳия ва татбиқи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2021–2025”, “Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, дар қарори мазкур масъалаҳои вобаста ба омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ зикр шудаанд, ки амалӣ гардидани онҳо ба сифати азхудкунии ин фанҳо мусоидат мекунад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимии фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба таҷдиди назари ҷиддӣ ниёз доранд.
Яъне зарур аст, ки миқдори соатҳои таълимии фанҳои табииву риёзӣ дар давоми солҳои 2020-2040 зиёд карда шавад.
Бинобар ин, вазоратҳои маориф ва илм, молия, Академияи таҳсилот, ва дигар вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бознигарии ҷиддии нақшаҳои таълимӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалии таълим барои зиёд намудани соатҳои таълимии фанҳои табииву риёзӣ аз ҳисоби истифодаи захираҳои молиявии иловагӣ бидуни кам кардани ҳаҷми фанҳои гуманитарӣ чораҷӯӣ намоянд.
Мо ба омӯзиши ҳамаи фанҳо, аз ҷумла фанҳои гуманитарӣ эътибори ҷиддӣ медиҳем, аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар кишвар зарурати таваҷҷуҳи бештар ба илмҳои табиӣ пеш омадааст.
Ин зарурат бо ҳадафи чаҳоруми миллии мо — саноатикунонии босуръат ва таъмин намудани рушди минбаъдаи Тоҷикистон вобаста мебошад.
Зеро омӯзиши илмҳои табиӣ мафкураи техникии насли наврасро тавсеа бахшида, онҳоро ба ҷустуҷӯҳои илмӣ ва ихтироъкориву кашфиёт ҷалб месозад.
Тоҷикистон сарзамини пур аз ганҷу сарватҳои табииву зеризаминӣ мебошад. Вале ин боигарӣ то ҳанӯз кам омӯхта шуда, дар соҳаҳои вобаста ба иктишофу ҷустуҷӯи боигариҳои мавҷуда ва истихроҷу коркарди онҳо ба кадрҳои баландихтисос ниёзи зиёд дорем.
Вале боиси нигаронист, ки то ба ҳол майлу завқи наврасону ҷавонон ба омӯхтани илмҳои амалӣ кам мебошад.
Чунин вазъ моро водор месозад, ки ба таълими фанҳои табиӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот диққати аввалиндараҷа диҳем.
Ҳозирини арҷманд!
Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар то ба имрӯз садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, таъмир ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимии мавҷуда бомаром идома дорад.
Мо дар замони истиқлоли давлатӣ шаклҳои нави муассисаҳои таълимиро ҷорӣ карда, дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон 9 мактаби Президентӣ бо фарогирии қариб 8 ҳазор хонанда, 75 гимназия барои зиёда аз 53 ҳазор толибилм ва 71 литсей барои 36 ҳазор шогирдон таъсис додем.
Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар мамлакат ба 75 ва шумораи шогирдони онҳо қариб ба 90 ҳазор нафар расидааст, ки аз онҳо 32 муассиса дар замони истиқлол ба фаъолият шурӯъ кардааст.
Дар ин давра муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 40 расидаанд, ки ҳоло дар онҳо беш аз 227 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, шумораи хатмкунандагони замони истиқлол беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин, зиёда аз 35 ҳазор нафар ҷавонони мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи дунё таҳсил карда истодаанд.
Ҳоло пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ рӯз ба рӯз пурқувват шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот пурра ворид гардидаанд. Ҳамаи ин иқдомот, дар маҷмӯъ, ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат расонида истодааст.
Муассисаи таҳсилоти умумии рақами 102 дар шаҳри Душанбе, ки мо имрӯз ифтитоҳ кардем, аз ҷумлаи иқдомоти навбатии роҳбарияти пойтахти мамлакат мебошад. Ин муассиса бо тарҳи муосиру бисёр зебо ва санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар он тамоми имкониятҳои зарурӣ ва шароити беҳтарини таълим фароҳам оварда шудаанд.
Сохтмони мактаб барои 2400 нафар хонанда 15 октябри соли 2017 аз ҷониби Ширкати “Тоҷикгидромонтаж” оғоз гардида, 1 августи соли 2020 ба анҷом расид.
Муассисаи навбунёди имрӯза аз чор бино иборат буда, дорои 51 синфхона, аз ҷумла 38 синфхонаи таълимӣ, синфхонаҳои озмоишгоҳӣ, компютерӣ, лингофонӣ, таълими меҳнат, ҳайкалтарошӣ, расмкашӣ, толори варзиш, китобхона, ошхона бо 180 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст мебошад.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба соҳибкори ватанӣ Зайдов Ҳурматулло барои чунин ташаббуси ибратбахш ва ба ҳамаи сохтмончиёне, ки дар бунёди иншооти имрӯза заҳмат кашида, чунин биноҳои хуштарҳу замонавиро барои омӯзгорону хонандагони пойтахт омода кардаанд, изҳори сипос намоям.
Раванди афзоиши аҳолии мамлакат моро водор месозад, ки барои бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии мавҷуда ва бо таҷҳизоту ашёи зарурӣ таъмин намудани онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намоем.
Соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 163 иншооти соҳаи маориф барои зиёда аз 33 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 405 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз ин шумора то саршавии соли хониши 2020 – 2021-ум 152 иншоот барои беш аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 400 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — сисолагии истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, пеш аз ҳама, дар деҳоти дурдаст босуръат идома дорад.
Аз 1332 мактабу муассисаҳои томактабии ба нақша гирифташуда то моҳи августи соли 2020-ум 367 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 30 кӯдакистон сохта, ба истифода супорида шудааст, ки аз ин шумора 135 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 21 кӯдакистон аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду ватандӯсти кишвар бунёд гардидааст.
Дар кишвар танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 5 муассисаи томактабӣ ва 37 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.
Ман ба ҳамаи соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва онҳое, ки ташаббусҳои роҳбарияти давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, барои фарзандонамон, яъне насли ояндасоз иншооти замонавии таълимӣ бунёд мекунанд, бори дигар изҳори сипос менамоям ва ба ҳар яки онҳо барори кор мехоҳам.
Ҳозирини арҷманд!
Тибқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020″ солҳои 2014-2019 бояд дар кишвар 859 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ таъсис дода мешуд.
Аммо имрӯз дар 153 муассисаҳои таҳсилоти томактабии кишвар, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, 151 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки ҳамагӣ 15,9 фоизи кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
Таъкид месозам, ки чунин нишондиҳанда ба талабот умуман ҷавобгӯ нест ва эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолиро ба муассисаҳои ин зинаи таълим қонеъ карда наметавонад.
Дар ин масъала, ба истиснои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо қафомонии ҷиддӣ ба мушоҳида мерасад.
Мушкилоти дигари зинаи таҳсилоти томактабӣ дар онҳо то ҳанӯз фаъолият доштани омӯзгорону мураббиёни ғайриихтисос мебошад.
Ҳоло дар ин муассисаҳо 1346 нафар бо таҳсилоти олии ғайрипедагогӣ, 771 нафар олии нопурра, 1472 нафар миёнаи касбии ғайрипедагогӣ ва 2792 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ кор мекунад, ки чунин вазъ гувоҳи ҷиддии норасоии кадрҳои соҳибтахассус дар ин самт аст.
Роҳбарону масъулони соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала чораҷӯӣ намоянд, яъне норасоии кадрҳоро дар муассисаҳои томактабӣ зина ба зина бартараф созанд.
Мувофиқи барномаи зикршуда дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бояд 331 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ ташкил мегардид. Вале то ҳол 14 муассисаи хусусӣ таъсис дода шудааст, ки ин ҳамагӣ 4,2 фоизи иҷрои барнома мебошад.
Чунин ҳолат возеҳ нишон медиҳад, ки фаъолияти роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дар самти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ғайриқаноатбахш буда, имтиёзҳои дар ҷодаи бунёди муассисаҳои таълимии хусусӣ муқарраргардида ба таври зарурӣ истифода нашуда истодаанд.
Бинобар ин, ба роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои ислоҳи мушкилоти зикршуда чораҳои қатъии ҳамоҳангшуда андешанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Зинаи таҳсилоти умумӣ дар низоми маорифи кишвар мақоми бунёдӣ дорад, зеро маҳз дар ҳамин давра фарзандон аз ҷиҳати равониву ҷисмонӣ ташаккул ёфта, донишҳои асосиро аз худ мекунанд ва касби ояндаашонро интихоб менамоянд.
Тибқи таҳлилҳо дар ин зинаи таҳсилот сатҳи азхудкунии барномаҳои таълимӣ ҳанӯз ба талаботи замон мувофиқ нест.
Аз ин лиҳоз, ба масъулони соҳа зарур аст, ки барои аз байн бурдани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта тадбирҳои фаврӣ андешанд ва ҳамзамон бо ин, назарсанҷии соҳаро тибқи талабот ва меъёрҳои муосир воқеъбинона ба роҳ монанд.
Омили дигаре, ки ба сифати таълим дар ин зинаи таҳсилот таъсири манфӣ расонида истодааст, то ҳол ба хонандагон пурра дастрас набудани китобҳои дарсӣ мебошад.
Тибқи маълумот ҳанӯз муассисаҳои таълимии баъзе шаҳру ноҳияҳо аз норасоии китобҳои дарсӣ танқисӣ мекашанд ва чунин ҳолат дар муассисаҳои таҳсилашон бо забонҳои дигар низ ба мушоҳида мерасад, ки аз масъулони соҳа андешидани тадбирҳои ҷиддиро тақозо менамояд.
Зеро сатҳу сифати дониши хонандагон, пеш аз ҳама, аз мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ вобаста аст.
Аммо аз таҳлилҳо бармеояд, ки аксари китобҳои дарсӣ хислати маълумотӣ доранд ва барои бедор намудани фикрронии мустақилонаи кӯдакону наврасон маводи нокифоя пешниҳод мекунанд.
Вобаста ба ҳалли ин масъала мо қаблан ба масъулони соҳа супоришҳои зарурӣ дода, назорати онро ба Дастгоҳи иҷроияи Президент вогузор карда будем.
Бовар дорам, ки олимону омӯзгорони соҳибтаҷрибаи мо ин мушкилотро дар муҳлатҳои наздик бартараф намуда, сатҳу сифат ва мазмуну муҳтавои китобҳои дарсиро ба талаботи замон мутобиқ мегардонанд.
Мушкилоти дигари муассисаҳои таълимии мамлакат ба таври кофӣ таъмин набудани онҳо бо маводи таълимии озмоишӣ, реактивҳои химиявӣ ва асбобу таҷҳизот барои фанҳои химия, физика ва биология мебошад, ки ин ҳолат низ боиси паст шудани сатҳу сифати таҳсилот гардидааст.
Доир ба ҳалли ин масъала ман дар мулоқотҳои қаблӣ бо аҳли маориф ба масъулони соҳа ва сохторҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дода будам ва имрӯз ба Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаи илм ба таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо ва маводи кимиёвии назди Академияи миллии илмҳо бори дигар таъкид месозам, ки то оғози соли 2021 ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти зикршуда чораҳои қатъӣ андешад.
Ҳозирини гиромӣ!
Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат дар самти тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ саҳми арзанда доранд.
Бо вуҷуди ин, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти олӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои асосӣ боқӣ мемонад.
Ҳоло дар баробари ин масъала, ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои пешқадаму муосири таълим, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиву илмӣ, васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ба роҳ мондани ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисоди миллӣ ҷавобгӯй ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот дар маркази таваҷҷуҳи таҳсилоти олии касбии кишварамон қарор дорад.
Бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилоти касбӣ масъалаи таҳким бахшидани ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо субъектҳои бозори меҳнат ба миён омадааст.
Барои ҳалли ин масъала зарур аст, ки ҳамкории пурмаҳсули муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо ширкату корхонаҳои хусусӣ роҳандозӣ гардида, дар назди ширкату корхонаҳои ватанӣ марказҳо ва кафедраҳои таҷрибавӣ таъсис дода шаванд.
Таъмин намудани таҳсилоти босифат яке аз роҳҳои ворид шудан ба фазои байналмилалии таҳсилот мебошад.
Бо ин мақсад то имрӯз баъзе ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шудаанд, ки ин ҳоло нокифоя аст.
Табодули донишҷӯёну омӯзгорон, зери назорат қарор додани тақдири минбаъдаи хатмкунандагон, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз меъёрҳои асосие мебошад, ки зимни гузаронидани аттестатсияи байналмилалӣ ба эътибор гирифта мешавад.
Бинобар ин, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати давра ба давра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим чораҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
Дар кишвар шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ фаъолият доранд, ки онҳо низ дар соҳибкасб гардонидани ҷавонон нақши муҳим мебозанд.
Бозори имрӯзаи меҳнати дохил ва хориҷи кишвар аз ин зинаи таҳсилот тақозо менамояд, ки барои ба роҳ мондани ихтисосҳои нави ҷавобгӯ ба талабот чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Махсусан, ҳоло иқтисоди кишвар ба мутахассисони соҳаҳои техникиву технологӣ, муҳандисӣ ва меъморону сохтмончиён бештар ниёз дорад, ки ин масъала, яъне бартараф намудани эҳтиёҷот ба кадрҳои баландихтисоси коргарӣ ва дар айни замон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бояд дар маркази диққати роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ қарор дошта бошад.
Ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доранд, супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ворид намудани касбу ихтисосҳои нав чораҷӯӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Илм сарвати бебаҳо буда, қобилияти зеҳнии ҳар як кишвар ба нерӯи тавонои он алоқаманд мебошад.
Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ ба рушди илми ватанӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, дар ин самт ислоҳоти заруриро амалӣ карда истодааст.
Дар идомаи ин дастгириҳо мо мақоми муассисаҳои илмиро баланд бардошта, сохтори Академияи илмҳоро таҷдид кардем ва ба он мақоми миллӣ додем.
Дар баробари ин ба 50 нафар аспирантоне, ки дар муассисаҳои илмӣ фаъолият мекунанд, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид, ки 70 фоизи он ба муҳаққиқони соҳаи илмҳои табиӣ ва риёзӣ дода мешавад.
Ғайр аз ин, субъектҳои хоҷагидор вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо олимон ба кашфиёту ихтироъкорӣ вусъат бахшанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати дар корхонаҳои истеҳсолӣ татбиқ намудани технологияҳои ба илм такякунанда ва минбаъд таҳким бахшидани робитаи илм бо истеҳсолот дастурҳои зарурӣ дода шуданд.
Бар замми ин, соли ҷорӣ дар самти бознигарии мавзӯъҳои фармоишӣ, аз ҳисоби Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ ба андозаи 3 фоиз зиёд кардани ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи илм ва бартарафсозии мушкилоти илм дар ҷараёни гузаронидани санҷиши фаъолияти панҷсолаи марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Вобаста ба ин, роҳбарони Академияи миллии илмҳо ва дигар академияҳои соҳавӣ бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои дар мулоқот бо аҳли илм ва зиёиёни эҷодкор додашударо таъмин намоянд.
Бо Фармони Президенти Тоҷикистон аз 25 июни соли ҷорӣ дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президент шуъбаи илм ва инноватсия таъсис дода шуд, ки он дар рушди минбаъдаи илм ва пайвастани он ба истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, инчунин, такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғуланд, мусоидат менамояд.
Мо бо мақсади омода намудани донандагони илмҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ Мактаби зеҳнӣ бунёд карда истодаем, ки он бо тамоми шароити таълим, аз ҷумла кабинетҳои тахассусии муҷаҳҳаз бо воситаҳои муосири таълим таъмин гардида, баъди ба фаъолият оғоз кардани он ба ин муассисаи навбунёд наврасони болаёқат аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷалб карда мешаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ман дар яке аз суханрониҳои худ соҳаҳои илму маорифро пояи асосии рушд ва амнияти кишвар номида будам.
Ин масъала дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният» низ таъкид шудааст, ки “хароб гардидани сифати таълим ва нерӯи зеҳнии мамлакат ҳамчун таҳдид ба амнияти давлат арзёбӣ мешавад”.
Зеро дар шароити имрӯза амнияти миллии кишварҳо аслан аз тариқи баланд бардоштани фаъолияти илмиву технологии тамоми соҳаҳо, рушди сармояи зеҳнӣ ва сатҳи баланди рақобатнокӣ таъмин карда мешавад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба хотири дастгирӣ ва рушди илм ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Аз ҷумла дар ин давра танҳо доир ба низоми идора ва дастгирии молиявии соҳаи илм, тарбияи кадрҳои илмӣ, ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ ва ғайра зиёда аз 300 санад ба тасвиб расидааст.
Бо вуҷуди ин, то ба ҳол дар самти илму маориф як силсила камбудиву мушкилоте вуҷуд доранд, ки онҳо дар маҷмӯъ, монеаи пешрафти соҳаҳои зикршуда ва дар айни замон рушди кишвар гардида истодаанд, аз ҷумла:
— ҳоло ҳам паст будани сифати таълим ва вобаста ба ин, сатҳи пасти дониши хонандагону донишҷӯён, тафаккури илмии аспирантон ва як қисми олимони унвондор;
— дар сатҳи паст қарор доштани сифати таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои олӣ ҳамчун воситаи асосии дастрасӣ ба дастоварди илму техника ва дигар равандҳои ҷаҳони муосир;
— сатҳи пасти таълими фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар натиҷаи ин паст будани сатҳи тафаккури илмии донишҷӯён ва унвонҷӯёну муҳаққиқони риштаҳои мазкур;
— паст будани сатҳи касбияти кадрҳои ҷавон, хусусан, дар соҳаи тандурустӣ;
— норасоии омӯзгорони соҳибтаҷриба, махсусан, омӯзгорони фанҳои табиӣ;
-истифодаи ғайриоқилонаи маблағҳои буҷетӣ дар самти илм ва таҳқиқоти илмӣ;
-коррупсия дар соҳаи илму маориф.
Агар омили асосии рушди илму маориф маблағгузории он маҳсуб шавад, пас ҳоло маблағгузории соҳаи маорифи Тоҷикистон ба кишварҳои дар ин самт пешқадам дар як саф қарор дорад.
Гузашта аз ин, дар сиёсати давлати Тоҷикистон соҳаи маориф самти афзалиятнок эътироф шудааст ва Ҳукумати мамлакат ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, маблағгузории онро давра ба давра афзоиш дода истодааст.
Масалан, дар соли 2020 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 689 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки он 19,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ва 5,7 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.
Аммо савол ба миён меояд, ки чаро тадбирҳои то имрӯз андешидаи Ҳукумат ва Роҳбари давлат дар самтҳои мазкур натиҷаҳои дилхоҳ намедиҳанд ва илму маорифи мо ҳанӯз ба таври назаррас рушд накарда истодааст?
Аз таҳлили ҳолати имрӯзаи маориф ва илми кишвар бармеояд, ки низоми то ҳанӯз номукаммали идораи илму маориф, нарасидани кадрҳои сатҳи баланди касбӣ ва поквиҷдону ватандӯст, инчунин, роҳ ёфтани гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба сохторҳои алоҳидаи соҳаҳои мазкур боиси ба чунин вазъ гирифтор шудани илму маориф гардидааст.
Фикр мекунам, ки маҳз бо ҳамин сабаб санадҳои муҳимми то имрӯз ба хотири рушди соҳаҳои илму маориф қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат сари вақт ва босифат амалӣ карда намешаванд.
Аз ҷумла дар самти рушди илми ватанӣ мо “Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2015”-ро қабул карда будем.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барномаи зикршуда ба таври зарурӣ иҷро нашудааст ва бо ин сабаб имрӯз бо вуҷуди зиёд гардидани мактабҳои олӣ шумораи кормандони соҳибунвон, аз ҷумла номзадҳои илм дар муқоиса бо соли 1985 тақрибан 300 нафар кам аст.
Ҳамчунин, аксари сохторҳои давлатии мо ҳоло ҳам ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ доранд.
Ё худ “Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ барои солҳои 2016-2020”, ки иҷрои ин барнома низ дар рӯи коғаз буда, ба рушди соҳаҳои марбута умуман мусоидат накардааст ва солҳои тӯлонист, ки соҳаҳои дар барнома зикршуда дар ҳолати хароб қарор доранд.
Ҳамчунин, таҳқиқот доир ба самтҳои афзалиятноки илм ва мавзӯъҳои фармоишӣ дар тамоми давраи истиқлолият бе дарназардошти талаботи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба роҳ монда шуда, ҳамасола тақрибан 350 мавзӯъ аз буҷети давлат маблаггузорӣ мешавад, ки аслан натиҷа намедиҳад.
Сатҳу сифати амалигардонии барномаҳои дар соҳаи маориф қабулшуда низ беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад.
Масалан, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат “Барномаи давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” қабул ва амалӣ карда шуд.
Гарчанде нақшаи бо компютер таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ пурра иҷро гардид, вале тибқи таҳлилҳо таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони фанни мазкур, ки вазифаи Вазорати маориф ва илм аст, умуман иҷро нашудааст.
Маҳз бо ҳамин сабаб дар аксари муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ истифодаи компютерҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Ҳамчунин, ҳоло марҳалаи сеюми амалисозии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” шурӯъ мешавад, вале дар ин самт то имрӯз натиҷаи назаррас мушоҳида намегардад ва вазъ чун пештара нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Вазъи татбиқи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” низ ташвишовар мебошад.
Тайи 14 сол, яъне аз соли 2006 то имрӯз аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таъминоти соҳаҳои илм бо таҷҳизоти техникӣ, асбобҳо, маводи кимиёӣ ва васоити экспедитсионии назди Академияи миллии илмҳо бо сабаби бесалоҳиятии роҳбарону масъулони он тақрибан 3800 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 70 муассисаи илмӣ ва тамоми мактабҳои олӣ, аз ҷумла 34 пажӯҳишгоҳи илмиву таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва техникӣ, муассисаҳои тиббӣ ва дигар муассисаву озмоишгоҳҳои соҳаҳои гуногун бо таҷҳизоти муосири лабораторӣ ва реактивҳои химиявӣ ба таври кофӣ таъмин карда намешаванд.
Дар натиҷа ҳоло як насли муаллимони фанҳои табиии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бидуни дониши зарурӣ ба шогирдон дарс мегӯянд ва акнун ислоҳи ин вазъ вақт ва заҳмати зиёдро талаб менамояд.
Ин аст, ки дар паёмҳои шаш соли охири Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ доир ба масъалаҳои муҳимму ҳалталаби соҳаҳои илму маориф эродҳои ҷиддӣ гирифта шуда, барои бартараф кардани онҳо супоришҳои мушаххас низ дода шудаанд.
Аммо таҳлили нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат нишон медиҳанд, ки иҷрои бандҳои ба соҳаҳои илму маориф дахлдор дар сатҳи бисёр паст ба роҳ монда шудааст.
Ва аксари супоришҳо аз ҷониби иҷрокунандагон бо пешниҳоди маълумотномаҳои беасос аз назорат гирифта шудаанд.
Ҳамватанони азиз!
Ҷаҳони пурталотуми имрӯза мардуми сайёраро ба мушкилоту тазодҳои зиёди хеле сангин рӯбарӯ намудааст, ки хатарноктарини онҳо терроризми байналмилалӣ, радикализму экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ мебошад.
Дар чунин шароит устодону омӯзгорон, падару модарон, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор вазифадоранд, ки наврасону ҷавононро барои омӯхтани илму дониш, азхудкунии касбу ҳунар, самимона дӯст доштани Ватан, давлати соҳибистиқлол худ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ роҳнамоиву тарбия намоянд.
Танҳо бо чунин роҳ мо метавонем насли наврасу ҷавони содиқ ба ғояҳои давлатдории миллиро тарбия намоем ва онҳоро ба раванди бархӯрдҳои иттилоотиву равонии замони муосир ҳамаҷониба омода созем.
Наврасону ҷавонони боиродаи Ватани маҳбубамонро зарур аст, ки бо шукронаи истиқлолу озодӣ дар пайи ободӣ ва пешрафти кишвари азизи худ бошанд, зеро дар Тоҷикистон барои амалӣ гардидани тамоми мақсаду мароми созандаи онҳо ҳамаи шароиту имкониятҳои мусоид муҳайё карда шудаанд.
Халқи тоҷик таърихи бисёр рангину пурифтихор дорад. Миллати соҳибтамаддуни мо дар тӯли таърихи деринаи худ давраҳои бисёр сахту вазнинро паси сар карда, таърих, забон, фарҳанг ва ойинҳои миллии хешро ҳифз кардааст.
Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки гузаштаи пурифтихори халқамонро ба насли оянда омӯзонем, то ки онҳо ба қадри истиқлолу озодӣ, яъне мафҳумҳои муқаддасу сарнавиштсози миллатамон расанд ва барои ҳимояи ин неъмати бебаҳо омода бошанд.
Бовар дорам, ки кормандони соҳаи илму маориф ва ҳар як сокини бонангу номуси кишвар ба қадри ин неъматҳои бузург мерасанд ва то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ барои боз ҳам пешрафта гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Вобаста ба оғози соли нави таҳсил мехоҳам як масъалаи дигарро, ки бисёр муҳим аст, таъкид намоям.
Падару модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо, устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ бояд ба хонандагону донишҷӯён қоидаҳои беҳдошти шахсиро доим хотиррасон созанд ва риояи ҳатмии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо вазифадоранд, ки дар ин самт тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд.
Мо ба кӯдакон ва наврасону ҷавонон бояд фаҳмонем, ки хатари бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирусро саҳл нагиранд ва бо саломативу ҳаёт бозӣ накунанд.
Бори дигар шумо — омӯзгорону хонандагон, наврасону ҷавонон, донишҷӯён ва тамоми сокинони мамлакатро бо Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатӣ ва барору комёбӣ орзумандам.
Соли нави таҳсил муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!