Муҳтарам саноатчиёни кишвар!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад.
Мақсади мулоқоти мо бо шумо – саноатчиёни мамлакат, роҳбарону масъулони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкороне, ки дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии кишвар баррасӣ кардани масъалаҳои ҳалталаби соҳа ва дарёфти роҳҳои рушди он тавассути воридоти технологияҳои инноватсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар солҳои наздик мебошад.
Бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он дар асоси се ҳадафи умумимиллӣ фароҳам оварда шудаанд, мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чорум эълон намудем.
Татбиқи ин вазифаи муҳим имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад.
Аз ҷумла ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ба танзим даровардани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, низоми иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ, андозбандӣ, соддагардонии савдои хориҷӣ, эълони мораторий ба санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар рушди саноати кишвар нақши муҳим доранд.
Чанде пеш мо масъалаҳои марбут ба идораи молияи кишвар, низоми пуливу қарзӣ, андозбандӣ ва вазъи сармоягузориро бо кормандони соҳаҳои дахлдор баррасӣ намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштем.
Дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020” бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, тақвияти нерӯи кадрӣ дар ин самт ва такмили минбаъдаи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии бахши саноат чораҳои мушаххас пешбинӣ гардидаанд.
Соҳаи саноати Тоҷикистон то замони истиқлол дар доираи низоми нақшавии тақсимоти қувваҳои истеҳсолкунанда ташаккул ёфта, аз корхонаҳои он металлҳои рангаву нодир ва қиматбаҳо дар шакли маъдан, маҳсулоти саноати бофандагӣ ва хӯрокворӣ ҳамчун маҳсулоти тайёру нимтайёр дар дохил ва дар ҳудуди собиқ давлати шӯравӣ ба фурӯш бароварда мешуданд.
Соли 1991 дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон 215 ҳазор нафар кормандон ё 13 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт машғул фаъолият доштанд ва ҳаҷми истеҳсолоти соҳаи мазкур 25,4 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медод.
Дар соли 2018 ин рақамҳо мутаносибан ба 85,6 ҳазор нафар ё 3,5 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт машғул ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 17,3 фоизро ташкил намуд.
Дар соли 1991 ҳиссаи саноати сабук ва хӯрокворӣ дар таркиби соҳа якҷо 70,6 фоиз ва саноати вазнин 29,4 фоизро ташкил медод, ки ин нишондиҳандаи афзалият доштани соҳаҳои коркард дар кишвар буд.
Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар қатори дигар соҳаҳо саноати кишвар ба зарбаи шадид дучор гардид. Дар натиҷа соли 1997 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишвар 32,3 фоизи ҳаҷми соли 1990-умро ташкил кард.
Иқтидори корхонаҳои истеҳсоли нахи пахта 3 баробар, пойафзол, шоҳиворӣ, қолинҳо 30-40 баробар ва маҳсулоти ширӣ 90 баробар коҳиш ёфт ва садҳо ҳазор нафар бекор монданд.
Ҳамзамон бо ин, қисми зиёди корхонаҳои саноатӣ, ки баъзеи онҳо солҳои 50-60-уми асри гузашта ташкил шуда буданд, аз ҷиҳати технологӣ фарсуда ва таҷҳизоти онҳо куҳна гардиданд.
Таҷдиди таҷҳизоти техникии корхонаҳои соҳаи саноат дар баъзе мавридҳо ғайриимкон аст ё маблағҳои ниҳоят калонро талаб менамояд. Масалан, танҳо таҷдиди се нерӯгоҳи барқи обӣ дар кишвар – “Норак”, “Сарбанд” ва “Қайроққум”, ки ҳоло корҳо дар ин самт оғоз шудаанд, бо ҷалби беш аз 10 миллиард сомонӣ ба роҳ монда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар кишвар як қатор корхонаҳои хусусигардонидашуда шартҳои озмунро пурра иҷро накарданд ва аз фаъолият бозмонданд.
Майдонҳои истеҳсолӣ ба соҳибкорон ба иҷора дода шуда, имрӯз ҳамчун анбори маҳсулоти воридотӣ истифода мешаванд ва як қисми онҳо ба соҳибкорон барои ташкили коргоҳҳои хизматрасонӣ супорида шудаанд.
Яке аз чунин корхонаҳо собиқ заводи яхдонбарории «Помир» мебошад, ки соли 1964 ба истифода супорида шуда, иқтидори истеҳсолии солонаи он истеҳсоли 176 ҳазор яхдонро дар бар мегирифт.
Корхона аз 7 коргоҳ иборат буда, майдонҳои истеҳсолӣ ва ёрирасони он, дар маҷмӯъ, масоҳати 3,5 гектарро ташкил мекард. Пас аз хусусигардонӣ соҳибмулкони қаблӣ натавонистанд истеҳсолу фурӯши яхдонҳоро ба шароиту талаботи бозорӣ мутобиқ гардонанд.
Мутаассифона, бо гузашти зиёда аз даҳ сол дар корхона танҳо таъмири бинои идора гузаронида шуда, дастгоҳу таҷҳизоти боқимондаи коргоҳҳои истеҳсолӣ пурра таҷзия (демонтаж) карда шудаанд.
Мисоли дигар, Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи арматурбарорӣ»-и шаҳри Душанбе мебошад, ки иқтидори лоиҳавии солонаи он коркарди 30 ҳазор тонна чӯян ва латуну алюминийро ташкил медод. Корхона соли 2006 хусусӣ гардонида шуда, аз соли 2007 то соли 2015 дарҳои оҳанӣ ва конструксияҳои металлӣ истеҳсол карда, қисме аз ҷойҳои кориро нигоҳ дошт.
Соли 2014 қариб нисфи ҳудуди корхона ба фурӯш бароварда шуд, ки он аз тарафи соҳибкорони туркӣ харидорӣ гардид ва ҳоло корхона ба истеҳсоли обҳои ташнашикани «Кока-Кола» машғул мебошад.
Барои пешгирӣ кардани таназзулёбии истеҳсолоти саноатӣ ба Ҳукумати кишвар зарур буд, ки бо роҳи ҷалби сармояи хориҷӣ ва ҳавасманд кардани фаъолияти истеҳсолӣ саноати кишварро инкишоф диҳад ва пастравии ҳиссаи соҳаро дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боздорад.
Бо ин мақсад якчанд барномаи давлатии соҳавӣ таҳия ва амалӣ гардида, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ инфрасохтори зарурии истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ бунёду азнавсозӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуд, ки ин ҳама ба рушди саноати кишвар заминаҳои зарурӣ гузошт.
Тайи 25 соли охир беш аз 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар ҳаҷми беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ гардид.
Ҳоло боз зиёда аз 60 лоиҳа ба маблағи беш аз 30 миллиард сомонӣ дар самти энергетика, нақлиёт, логистика, обёриву обтаъминкунӣ, рушди бахши хусусӣ ва дигар самтҳо, ки барои инкишофи соҳаҳои саноати кишвар ва беҳдошти фазои сармоягузорӣ муҳим мебошанд, татбиқ шуда истодааст.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи хориҷиву ватанӣ тавассути озод намудан аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андозҳои гуногун дар ҳаҷми беш аз 21 миллиард сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод гардиданд, ки саҳми давлат дар рушди саноати кишвар маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон бо ин, дар панҷ соли охир Ҳукумати кишвар бо якчанд ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонид, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва зиёда аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда мешаванд ва дар ин самт азхудкунии беш аз 14 миллиард сомонӣ сармояи мустақим пешбинӣ гардид.
То имрӯз дар доираи созишномаҳои сармоягузории зикргардида бо ҷалби қариб 9 миллиард сомонӣ сармояи мустақим 13 корхонаи калони саноатӣ бунёд карда шуд.
Аммо бояд гуфт, ки бо вуҷуди дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат, инчунин, кумакҳои молиявии ба корхонаҳои саноатӣ расонидашуда ва имтиёзҳои барои онҳо ҷоригардида нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ на дар ҳамаи соҳаҳо ҷавобгӯи талабот аст.
Масалан, соли 2018 корхонаҳое, ки бо коркарди пурраи нахи пахта машғул мебошанд, аз 6 намуди андоз озод карда шуданд.
Ҳамчунин, фурӯши либосҳои мактабӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва воридоти ашёи такмилӣ барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ аз боҷи воридотӣ ва аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд.
Аммо соли 2018 аз ҳаҷми 98 ҳазор тонна нахи пахтаи истеҳсолшуда 93 ҳазор тоннаи он бо дарназардошти бақияи соли гузашта содирот шуда, сатҳи таъминоти хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ дар 8 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 9 фоизро ташкил намуд, ки ниҳоят ташвишовар мебошад.
Дар маҷмӯъ, Ҳукумати кишвар дар замони истиқлоли давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорон беш аз 100 намуди имтиёзҳо ва сабукиҳоро ҷорӣ намудааст, ки нисфи онҳо барои дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ шудаанд.
Бо вуҷуди ин, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки механизм ва муҳлати пешниҳоди имтиёзҳо, инчунин, омори онҳо то ҳанӯз ба танзим дароварда нашудааст ва аз ҷониби вазорату идораҳои соҳавӣ мониторинг ва ҳисобот оид ба имтиёзҳои амалкунанда ва татбиқшуда ба таври дахлдор пеш бурда намешавад.
Бинобар ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор зарур аст, ки омӯзиши самаранокии имтиёзҳои дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҷоришударо анҷом дода, ҷиҳати ба роҳ мондани низоми муосири ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатии соҳаҳои афзалиятнок пешниҳодҳои мувофиқашудаи худро дар муддати ду моҳ ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба корхонаҳои соҳиби имтиёзгардида, ки фаъолияти худро қатъ кардаанд ё бо иқтидори лоиҳавӣ фаъолият надоранд ва уҳдадориҳои созишномавии худро сари вақт иҷро накарда истодаанд, тибқи қонунгузории амалкунанда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бо мақсади рушди соҳаи саноат, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар мақомоти марбута зарур аст, ки ҷиҳати бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҳамкориро бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ тақвият бахшанд.
Баробари аз кор мондани корхонаву коргоҳҳои куҳнаву фарсудашуда бо ташаббуси давлат ва соҳибкорону сармоягузорон корхонаҳои нав ташкил ёфта истодаанд, ки қисми бештари онҳо асосан ба 7-10 соли охир рост меояд.
Танҳо дар 7 соли охир дар кишвар 2092 коргоҳу корхонаҳо бо зиёда аз 49 ҳазор ҷойи кории нав сохта шудаанд, ки ҳоло дар самтҳои гуногуни истеҳсолӣ фаъолият карда истодаанд.
Ман аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, ки саҳми худро барои ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ гузоштаанд, уҳдадориҳои андозиро иҷро ва инфрасохтори иҷтимоӣ бунёд намудаанд, миннатдорӣ баён менамоям.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки тибқи таҳлилҳо аз шумораи умумии корхонаву коргоҳҳои саноатии ҳисоботдиҳанда ба ҳолати сентябри соли 2019 қариб 8 фоизи онҳо бо сабабҳои гуногун фаъолият накардаанд, ки чунин вазъ боиси ташвиши ҷиддӣ буда, ба молияи давлатӣ ва умуман, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи андоз танҳо дар ҳафт моҳи соли 2019 ҳаҷми даромади умумии 115 корхонаи калони истеҳсолӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 1 миллиард сомонӣ ва андозҳои ҳисобшудаи онҳо 166 миллион сомонӣ коҳиш ёфтаанд.
Даромади умумии 105 корхонаи калони истеҳсолӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 300 миллион сомонӣ афзудааст, вале андозҳои ҳисобшуда 22 миллион сомонӣ кам шудаанд.
Дар робита ба ин, таъкид месозам, ки омори соҳаҳои саноати кишвар низ беҳбудӣ металабад ва зарур аст, ки масъулини соҳа дар ин самт тадбирҳои дахлдор андешанд.
Саноати имрӯзаи Тоҷикистон зиёда аз 90 самти коркард, истихроҷ ва истеҳсолотро дар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, сабук, мошинсозӣ, сохтмон, маъдан, коркарди металл ва кимиё дар бар мегирад.
Тибқи афзалиятҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 муайян шудаанд, дар сохтори имрӯзаи саноат ба комплексҳои сӯзишворию энергетикӣ, агросаноатӣ, соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиёӣ, мошинсозӣ ва ғайра бартарият дода мешавад.
Барои амалӣ гардонидани стратегияи мазкур ва таъмин намудани рушди соҳаҳои саноат ҳоло якчанд барномаи соҳавӣ қабул гардида, татбиқ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо таъсиси зиёда аз 6400 ҷойи кории нав пешбинӣ шудааст.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат иҷро гардидани барномаҳои зикршуда ва бо дарназардошти ташкили минтақаҳои саноатӣ ва маҷмааҳои истеҳсоливу инноватсионӣ таҳияву татбиқ кардани барномаву стратегияҳои нав дар самтҳои афзалиятноки истеҳсолӣ чораҳои амалӣ андешад.
Дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи саноат, дар навбати аввал, аз масъулони соҳа ва соҳибкорон вобаста мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ тарзу усули корбарӣ ва роҳҳои амалигардонии сиёсати саноатии кишвар дигар карда шаванд.
Ҳарчанд ки дар ҳафт соли охир суръати миёнаи рушди саноати кишвар дар сатҳи қариб 12 фоиз таъмин шуда истодааст, вале ин нишондиҳанда барои саноатикунонии босуръати кишвар ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.
Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2018-ум 17,3 фоизро ташкил кард ва вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин ҳиссаро ба 30 фоиз расонем.
Барои амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои дар стратегия ва барномаву нақшаҳо пешбинишуда Ҳукумати кишварро зарур аст, ки барои ислоҳи камбудиву мушкилоти ҷойдошта пайваста чораҳои амалӣ андешад ва ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, такмили низоми андозбандӣ ва дастрасии соҳибкории истеҳсолӣ ба қарзҳои имтиёзнок сиёсати ягонаи иқтисодиро татбиқ намояд.
Бо мақсади назорати амалишавии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба он, баррасии масъалаҳои мавҷуда дар сатҳи маҳалҳо, инчунин, барои аз байн бурдани монеаҳои маъмурии вуҷуддошта ва роҳнамоию ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ зарур аст, ки комиссияи босалоҳияти давлатӣ таъсис дода шавад.
Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки лоиҳаи қарорро дар бораи таъсиси Комиссияи давлатии амалисозии сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар таҳти роҳбарии Сарвазири Тоҷикистон ва барномаи махсуси саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2020-2030 таҳия карда, барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Сарвазири кишвар вазифадор карда мешавад, ки самаранокии кори комиссияи мазкур ва иштироки фаъоли мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусиро дар он таъмин карда, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои марбут ба саноатикунонӣ дар сатҳи вазорату идораҳо ва маҳалҳо ва амалишавии сифатноки барномаи зиркшуда чораҳои фаврӣ андешад.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, солҳои охир дар кишвар масъалаҳои самаранокии истифодаи сармояи дохиливу хориҷӣ, иҷро нагардидани уҳдадориҳои сармоягузорӣ аз тарафи сармоягузорон, самараи нисбатан пасти имтиёзҳои гумрукиву андозӣ, низоми номукаммали назорати истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва мувофиқат надоштани сатҳи касбияти мутахассисони бахши саноат боиси ташвиши ҷиддӣ гардидаанд.
Дар натиҷа бандҳои дахлдори созишномаҳои байни Ҳукумати Тоҷикистон ва сармоягузорони хориҷӣ баимзорасида оид ба сари вақт бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ, истихроҷи самараноки маъдан ва коркарди он дар дохили кишвар, бунёди иншооти иҷтимоӣ дар маҳалли ҷойгиршавии корхонаҳо ва дигар корҳо на ҳама вақт иҷро мегарданд.
Fайр аз ин, солҳои охир таъсис додани корхонаҳои истеҳсолӣ бе омӯзиши бозори дохиливу хориҷӣ ва бе хулосаи мутахассисони соҳаи саноат ба роҳ монда шудааст, ки дар натиҷа корхонаҳо молҳои истеҳсолкардаи худро ба фурӯш бароварда натавониста, аз фаъолият боз мемонанд ва ин боиси хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳо мегардад.
Санҷиши соли 2017 аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронидашуда муайян намуд, ки аз 33 корхонаи солҳои 2016-2017 ифтитоҳшуда ё санги асосашон гузошташуда 14 корхона бо иқтидори нопурра фаъолият дошт ва 19 корхона умуман аз фаъолият боз мондааст ё сохтмонаш оғоз нашудааст, ки чунин вазъ нигаронкунанда мебошад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои адлия, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, молия ва дигар мақомоти дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки ҳифзи манфиатҳои кишварро дар созишномаҳои сармоягузорӣ, созишномаҳо доир ба таъсиси корхонаҳо ва дигар созишномаҳо дар самти истеҳсоли муштарак бо ширкатҳои хориҷӣ таъмин намуда, иҷрои бандҳои дахлдори онҳоро аз ҷониби тарафҳо назорат намоянд.
Муҳтарам саноатчиён ва соҳибкорон!
Ҳозирини гиромӣ!
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, соҳаи истеҳсол ва фурӯши нерӯи барқ барои баланд бардоштани иқтидори саноатӣ ва содиротии кишвар аҳаммияти зиёд дорад.
Дар даврони истиқлол дар кишвар иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар ҳаҷми 1900 мегаватт, хатҳои интиқоли барқ ба дарозии зиёда аз 1100 километр, 4 зеристгоҳи барқии 500 — киловолта, 10 зеристгоҳи барқии 220 — киловолта ва дигар иншооти барқӣ бунёд гардида, низоми ягонаи энергетикии Тоҷикистон ташаккул ёфт.
Бо мақсади рушди соҳа дар давраи истиқлол, дар маҷмӯъ, 25 лоиҳа ба маблағи умумии 23 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло бо дастгирии Ҳукумати кишвар татбиқи 9 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 6 миллиард сомонӣ идома дорад.
Ҳукумати Тоҷикистон танҳо барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз оғози корҳои сохтмон то имрӯз аз ҳисоби буҷети давлат дар ҳаҷми умумии 24 миллиард сомонӣ маблағ сарф кардааст.
Дар баробари бунёди иншооти нави энергетикӣ таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳҳои амалкунанда низ босуръат амалӣ гардида истодааст. Чунин иқдом имконият фароҳам меорад, ки бо барқ таъмин намудани соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолии кишвар пурра аз истеҳсолкунандагони дохилӣ ба роҳ монда шавад. Маълум аст, ки бе нерӯи барқи кофӣ таъмин кардани рушди соҳаҳои саноат ғайриимкон аст.
Танҳо зарур аст, ки минбаъд истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ таъмин гардида, истифодаи технологияҳои муосири каммасрафи нерӯи барқ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад.
Бо дарназардошти мавҷудияти боигариҳои бузурги маъданӣ ва ғайримаъданӣ, аз ҷумла садҳо кони металлҳои ранга, сиёҳ, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайра Ҳукумати мамлакат ба соҳаи истихроҷи маъдан таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва захираҳои зеризаминиро баъди иқтидорҳои бузурги энергетикии кишвар манбаи дуюми боигарии миллӣ меҳисобад.
Бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ дар солҳои истиқлоли давлатӣ корхонаҳои истихроҷи металлҳои ранга ва сангҳои қиматбаҳо, ангишт, масолеҳи сохтмон ва дигар маъданҳо бунёд гардида, ба нақша гирифта шудааст, ки захираҳои маъдан пурра дар дохили кишвар коркард ва сипас ба содирот бароварда шавад.
Минбаъд конҳои маъдан ба сармоягузорони хориҷӣ бе риояи шарти коркарди маъдан то маҳсулоти ниҳоӣ пешниҳод намегардад. Дар давоми ду-се соли минбаъда бояд коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ дар дохили кишвар, аз ҷумла нахи пахта, пилла, пӯст ва маъдан пурра ба роҳ монда шавад.
Корхонаҳои соҳаи саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо дар солҳои 2000-2019 ба маблағи умумии 26 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Танҳо соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа ба 5,9 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2000-ум 13,5 баробар зиёд гардид.
То соли 1992 дар корхонаҳои соҳаи саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо қариб 3000 нафар мутахассисону коргарон фаъолият мекарданд.
Имрӯз, яъне баъди таъсиси корхонаҳои нав ва зиёд намудани ҷойҳои корӣ шумораи коргарон дар соҳаи саноати маъдан ва металлҳои қиматбаҳо ба беш аз 10 000 нафар расида, танҳо дар давоми ду соли охир зиёда аз 1100 ҷойи кории нав ташкил карда шудааст.
Тибқи барномаҳои соҳавӣ дар кишвар афзоиши истеҳсоли тилло то соли 2022 аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳо ва корхонаҳои нави саноатӣ нисбат ба соли 2012 зиёда аз 7 баробар ва нуқра зиёда аз 5 баробар пешбинӣ шудааст.
Ҳиссаи бахши маъдан дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ агар соли 1991 ҳамагӣ 8 фоизро ташкил дода бошад, пас дар ҳафт моҳи соли 2019 ба 26 фоиз баробар шудааст.
Тайи солҳои охир дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ иқтидори корхонаҳои истихроҷи металлҳои ранга 60-80 фоиз зиёд гардида, ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳа ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
Дар солҳои истиқлол дар соҳаи саноати маъдан 35 корхона, аз ҷумла 23 корхонаи истихроҷу коркард, 8 корхонаи заргарӣ ва 7 корхонаи истихроҷу коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ таъсис дода шудааст.
Дар назар бояд дошт, ки танҳо тавассути ба роҳ мондани коркарди ин ашё дар кишвар ва истеҳсоли металлҳои ранга арзиши баланди иловагӣ ба даст оварда, иқтидори содиротии кишварро ба таври назаррас афзоиш додан мумкин аст.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки механизми ба роҳ мондани коркарди хокаҳоро дар дохили кишвар таҳия намуда, вобаста ба имконоти минтақаҳои кишвар ҷиҳати бунёди корхонаҳои коркарди минбаъдаи онҳо чораҳои зарурӣ андешад ва истифодаи фишангҳои иқтисодиро (аз ҷумла рентаи содиротиро) барои фурӯши минбаъдаи хокаҳо ва ҳавасманд гардонидани фурӯши металлҳои тайёр таъмин намояд.
Бо дарназардошти ҳифзи манфиатҳои миллӣ амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати азхудкунии васеи конҳои нав самти дигари рушди саноати маъдан мебошад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 600 кон бо захираи 60 намуди ашёи хоми маъданӣ кашф ва омӯхта шудааст.
Қобили зикр аст, ки саҳми ширкатҳои истихроҷи маъдан дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ва даромади буҷети давлатӣ сол ба сол зиёд шуда истодааст.
Бинобар ин, аз худ кардани конҳои мавҷуда дар кишвар ба устувории молиявӣ ва аз ҳисоби истеҳсолу фурӯши тилло зиёд шудани захираҳои тиллоиву асъории кишвар мусоидат мекунад.
Дар Тоҷикистон якчанд ширкати калон оид ба истихроҷи тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳову ранга бо сармояи ватаниву хориҷӣ фаъолият дорад, ки аксари онҳо дар 10 соли охир бо таҷҳизоти муосир ба кор андохта шудаанд.
Моҳи августи соли 2007 Корхонаи муштараки «Зарафшон» аз тарафи Ширкати кӯҳиву саноатии «Зиҷин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой якҷо бо саҳми Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфта, ба корхона зиёда аз 4 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ворид карда шуд.
Дар зарфи солҳои 2012-2018 дар кишвар 30 корхонаву коргоҳҳои муштарак бо ҷалби сармояи мустақим дар соҳаи коркарди маъдан ва истихроҷи канданиҳои фоиданок таъсис дода шудаанд, вале ин шумора ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Вобаста ба ин, махсус таъкид месозам, ки манбаъҳои захираи конҳои ангишт дар ҳудуди кишвар нобаробар омӯхта шудаанд.
Масалан, агар конҳои ангишти «Фон-Яғноб», «Шӯроб», «Назарайлоқ» ва «Зиддии Ғарбӣ» қаноатбахш омӯхта шуда бошанд, конҳои дигари ангишт нокифоя иктишоф гардида, қисми зиёди зуҳуроти ангиштдор амалан омӯхта нашудааст ва танҳо аз рӯи аксбардориҳои геологӣ маълум мебошад.
Бинобар ин, ба Саридораи геология супориш дода мешавад, ки дар асоси маълумоти Фонди давлатии геологӣ дар кадом сатҳ омӯхта шудани манбаъҳои қаъри замини Тоҷикистонро таҳлил намуда, доир ба намудҳои канданиҳои фоиданок дар муҳлати кутоҳтарин ба Ҳукумат маълумоти пурра пешниҳод намояд.
Дар баробари ин, корхонаҳои дорои иҷозатнома вазифадоранд, ки корҳои ҷустуҷӯиву иктишофӣ ва истихроҷиро барои самаранок истифода бурдани захираҳо бо истифода аз техникаву технологияҳои замонавӣ ба роҳ монанд.
Ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ самаранокии корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ ва хусусан, истихроҷи босамари тамоми конҳои канданиҳои фоиданокро дар ҳудуди кишвар таъмин созанд.
Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки пардохти андози устувори яккарата дар шакли бонуси обунавӣ барои истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки ҳанӯз корҳои истихроҷро шурӯъ накардаанд, як қатор мушкилоти иқтисодиву молиявӣ эҷод карда истодааст.
Бинобар ин, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи нави Кодекси андоз масъалаи аз тарафи истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ аз ҳисоби истихроҷ давра ба давра пардохтани бонуси обунавиро пешбинӣ намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз 85 фоизи корхонаҳо, 60 фоизи маҳсулот ва беш аз 70 фоизи кормандони соҳаи саноати кишвар ба саноати коркард рост меояд.
Саноати коркард соҳаест, ки дар ҳолати дуруст ба роҳ мондани стратегияи истеҳсолӣ ва содиротӣ арзиши иловашудаи нисбатан баландро тавлид мекунад, ки ин, дар навбати худ, омили муҳимми афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои кории доимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳар як сармоягузор ва соҳибкор бояд дарк намояд, ки арзиши иловашудаи баланд ба афзоиши ҳосилнокии меҳнат, музди меҳнати кормандон ва ҳаҷми фоидаи субъектҳои соҳибкорӣ бевосита таъсир мерасонад.
Бинобар ин, зиёд намудани ҳиссаи арзиши иловашудаи баланд дар таркиби маҳсулоти миллии ба содирот равонашуда бояд яке аз самтҳои асосии стратегияи саноатикунонӣ дар кишвар гардад.
Масалан, назар ба фурӯши нахи пахта ҳангоми ба содирот баровардани маҳсулоти тайёр аз ин ашё 5-7 баробар зиёдтар арзиши иловашударо ба даст овардан мумкин аст.
Бо ин мақсад баланд, бардоштани маҳорати касбии роҳбарон, истифодаи ҳаматарафаи натиҷаҳои илмиву таҳқиқотӣ дар раванди истеҳсолот, васеъ намудани фаъолияти инноватсионӣ, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, пайвастагии илм ва истеҳсолот ва дигар чораҳо муҳим мебошанд.
Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир барои сармоягузорон ва соҳибкороне, ки бо коркарди маҳсулот ва ашёи хом машғуланд, як силсила имтиёзҳо ҷорӣ намуд.
Муҳимтарини онҳо қарорҳои Ҳукумати мамлакат дар бораи аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо, ки маҷмӯи ягонаи технологиро ташкил дода, ба Тоҷикистои ворид карда мешаванд, инчунин, дар бораи тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани ашёи хоми ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда ба ҳисоб мераванд.
Соли 2018 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноати коркард 13,5 миллиард сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2012-ум 2 баробар зиёд мебошад.
Афзоиши истеҳсоли семент ва дигар намудҳои масолеҳи сохтмон, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, маҳсулоти ҳасиб, қаннодӣ, шири холис, қолинҳо ва маҳсулоти қолин, ҷуробҳо дар давраи солҳои 2012-2018 аз рӯи ҳаҷм назаррас буда, баръакс ҳаҷми истеҳсоли газворҳо, аз ҷумла матоъҳои пахтагин ва шоҳиворӣ, нахи пахта, равғани растанӣ, консерваҳо, маҳсулоти кимиёвӣ (ба истиснои маводи рангубор) коҳиш ёфтааст.
Чунин ҳолат аз ноустувории рушди зерсоҳаҳои саноати коркард гувоҳӣ медиҳад, ки таҳқиқи иловагӣ ва андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.
Бо вуҷуди пешравиҳои дар як қатор самтҳо бадастомада ҳанӯз саҳми саноати коркард дар тавлиди арзиши иловашуда, афзоиши ҳаҷми содироти кишвар ва диверсификатсияи он, инчунин, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ниҳоӣ ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Аз 307 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, ки соли 2018 фаъолият накардаанд, 205 корхона ё 67 фоизи онҳо корхонаҳои саноати коркард, аз ҷумла 70 корхонаи саноати хӯрокворӣ ва 93 корхонаи саноати сабук мебошанд.
Аз 127 корхонаи дар соли 2018 пурра аз фаъолият бозмонда 66 фоизи онҳо низ ба саноати коркард рост меояд. Ҳамин ҳолат дар 8 моҳи соли 2019 низ ба назар мерасад, ки боиси нигаронист.
Ин дар ҳолест, ки ҳар сол дар кишвар даҳҳо корхонаву коргоҳҳои гуногуни истеҳсолӣ бунёд ва ба истифода супорида мешаванд.
Ин, аз як тараф, аз камтаҷрибагии соҳибкорон ва роҳбарони корхонаву коргоҳҳо, фарсудашавии технология ва норасоии воситаҳои молиявии арзон вобаста бошад, аз тарафи дигар, натиҷаи рақобати шадид ва номукаммал будани механизми махсусгардонии минтақаҳо мебошад.
Бинобар ин, зарур аст, ки минбаъд корҳо дар самти муайян намудани махсусгардонии истеҳсолии минтақаҳо, ташкили маҷмааҳои саноатӣ ва махсусан, агросаноатӣ барои ба роҳ мондани коркарди пурраи нахи пахта, пӯст, пашм, пилла, меваю сабзавот ва дигар ашёи хоми ватанӣ бомаром идома дода шавад.
Ба соҳибкорону сармоягузорон зарур аст, ки барои бунёди корхонаву коргоҳҳо сараввал нақшаи мукаммали тиҷоратиро таҳия карда, барои ворид намудани технологияҳои муосир ва ҷалби мутахассисон кӯшиш намоянд, то ки самаранокии маблағҳои барои бунёди иншооти истеҳсолӣ равонашуда таъмин гардад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор аст, ки барои ҷоннок кардани фаъолияти Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар минтақаҳои кишвар дар самти ташкили курсҳои омӯзишӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ барои соҳибкорон дар соҳаҳои истеҳсолӣ, кумак ба онҳо дар амалигардонии нақшаҳои тиҷоратӣ ва дигар самтҳои оинномавӣ чораҳои зарурӣ андешад.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар самти ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ барои бунёди иншооти истеҳсолӣ ҷоннок карда, ба онҳо дар пешбурди фаъолият ҳаматарафа мусоидат намоянд.
Бори дигар таъкид месозам, ки арзёбии фаъолияти роҳбарони мақомоти зикршуда аз рӯйи нишондиҳандаҳои ташкили корхонаву коргоҳҳо ва ҷойи корӣ сурат мегирад.
Ҳозирини гиромӣ!
Саноати хӯрокворӣ яке аз соҳаҳоест, ки барои он дар кишвар захираҳои зиёди ашёи хом мавҷуд буда, ин соҳа дорои иқтидори калони содиротӣ мебошад.
Талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти ғизоӣ то ҳол таъмин набуда, аз хориҷи кишвар ҳанӯз ҳам дар ҳаҷми зиёд ворид карда мешавад.
Дар ҳолати ташкили корхонаву коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар ҳар як шаҳру ноҳия мо на танҳо талаботи бозори дохилиро қонеъ месозем, балки иқтидори содиротии кишварро афзун мегардонем.
Ба аксар намудҳои маҳсулоти дар соҳа истеҳсолшаванда, махсусан, ба консерваҳои меваю сабзавот ва шарбатҳои хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон дар бозорҳои кишварҳои дигар талаботи доимӣ мавҷуд аст.
Зарур аст, ки дар ҳар шаҳру ноҳияи кишвар бо истифода аз технологияҳои пешқадам корхонаву коргоҳҳои коркарди меваю сабзавот ташкил карда шаванд ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт масъул мебошанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ агар соли 1996-ум 48,3 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2018 ин рақам қариб ба 5 миллиард сомонӣ баробар гардида, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ аз маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти нимтайёр аз 6 то 81 номгӯй ба роҳ монда шудааст.
Танҳо се соли охир дар саноати хӯрокворӣ истеҳсоли зиёда аз 56 намуди нави маҳсулоти ғизоӣ ҷорӣ карда шуд.
Дар баробари ин, зарур аст, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда, мутобиқати он ба стандартҳои байналмилалӣ ва ғизонокиву фоиданокии он диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Бояд зикр кард, ки истеҳсол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ масъалаи бисёр муҳимми вобаста ба солимии аҳолӣ ва генофонди он мебошад.
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии “Тоҷикстандарт” ва дигар мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки ҷиҳати таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа тавассути ҷорӣ намудани сертификатсиякунонии байналмилалӣ ва ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани низоми сифати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба Ҳукумати кишвар зарур аст, ки минбаъд таҷрибаи истифодаи фишангҳои иқтисодии ҳавасмандкуниро барои рушди соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳои дахлдор ба таври васеъ татбиқ намояд.
Барои ҳавасманд намудани фаъолият дар самти истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, рушди соҳаи парандапарварӣ ва моҳипарварӣ, истеҳсоли хӯроки чорво, моҳӣ ва паранда низ имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ҷорӣ карда шуданд. Илова бар ин, соли ҷорӣ воридоти чорвои зотӣ ва гӯштӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд.
Бо вуҷуди ин, талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти гӯштӣ то ба ҳол пурра таъмин нашудааст. Аз давраи ҷорӣ шудани имтиёзҳо ба соҳаи мазкур то ба имрӯз дар кишвар ҳамагӣ 59 корхонаи парандапарварӣ ва 109 гектар ҳавзи моҳипарварӣ ташкил шудааст, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ ба соҳаҳои мазкур чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Яке аз мушкилоти мавҷудаи соҳаи саноати сабук бо иқтидори пурра фаъолият накардани корхонаҳои пахтатозакунӣ ва коркарди нахи пахта мебошад, ки ман пештар ишора кардам.
Ҳоло дар Тоҷикистон 226 корхонаи хурду калони коркарди пахта мавҷуд буда, аксари онҳо самаранок фаъолият намекунанд ва дар ҳисоботи оморӣ низ ҳамчун корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва мавсимӣ зикр карда мешаванд, ки чунин вазъ андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.
Майдонҳои истифоданашудаи корхонаҳо ва мавсимӣ будани фаъолияти онҳо ба зарари худи корхонаҳо ва соҳибмулкон мебошад. Зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи фаъолияти мавсимии корхонаҳо ва ғайрисамаранок истифода бурдани майдонҳои истеҳсолӣ ба қонунгузории ҷорӣ тағйироти зарурӣ ворид карда шаванд.
Иқтидорҳои истеҳсолии чунин корхонаҳо бояд аз нав таҷҳизонида шуда, пурра ба кор андохта, самаранокии истифодаи майдонҳои истеҳсолӣ таъмин карда шавад. Дар акси ҳол шартҳои озмуни фурӯши амволи давлатӣ аз нав дида шаванд ё корхона ба ҳолати пешинааш баргардонида шавад.
Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки дар муддати шаш моҳ доир ба ин масъала чораҷӯӣ намояд. Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва корхонаҳо вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати аз фаъолияти мавсимӣ ба доимӣ гузаронидани корхонаҳои саноатӣ, махсусан, корхонаву коргоҳҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Зарур аст, ки аз тарафи муассисон ва роҳбарони корхонаҳо дар самти истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи корхонаҳо, навкунии таҷҳизоти технологӣ ва умуман, таъмин кардани фаъолияти пурсамари корхонаҳои пахтатозакунӣ чораҳои ҷиддӣ андешида шавад.
Бо зиёд шудани корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта талабот ба ашёи хом афзоиш меёбад ва бинобар ин, Ҳукумати кишвар бояд дар ин самт тадбирҳои муҳим андешад.
Ҳоло дар кишвар 18 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди беш аз 80 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол бунёд шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо танҳо 4 корхона бо даври пурра фаъолият дорад. Ин масъала андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.
Бо ташаббуси Ҳукумат дар ин самт маҷмааи бузурги нассоҷии «Ҷунтай – Данғара» бунёд шуда истодааст, ки коркарди пурраи нахи пахтаро то маҳсулоти дӯзандагӣ дар бар мегирад.
Маҷмаа аз 4 даври истеҳсолӣ иборат буда, дар он 4 корхонаи нав – ресандагӣ бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта, бофандагӣ бо имконияти истеҳсоли зиёда аз 10 миллион метри мураббаъ матои пахтагин, рангубори 10 ҳазор тонна ришта ва дӯзандагӣ бо иқтидори истеҳсоли як миллион адад маҳсулоти тайёр бунёд ва дар маҷмӯъ, 6 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳарчанд ки марҳалаи дуюми даври аввали он моҳи ноябри соли гузашта ба кор андохта шуд, вале дар самти амалишавии марҳалаҳои дигар ақибмонӣ ба назар мерасад ва танҳо сеяки замини барои кишти пахта ҷудогардида аз худ карда шудаасту халос, ки андешидани тадбирҳои саривақтиро тақозо менамояд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои сифатноки Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ҳамкориро бо роҳбарони корхонаҳои амалкунанда ва сармоягузорон барои ба роҳ мондани коркарди пурраи нахи пахта ва бунёди корхонаҳо дар ин самт ба таври самаранок ба роҳ монанд.
Барои дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дигарро зарур аст, ки эҳтиёҷоти сохторҳо ва зерсохторҳои худро ба маҳсулоти саноати сабук ва хӯрока аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ таъмин намоянд.
Ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ зарур аст, ки ҳангоми баргузории озмунҳо барои таъмини эҳтиёҷоти мақомоти давлатӣ молистеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ намояд.
Бо ин роҳ мо метавонем маблағҳои буҷети давлатиро барои дастгирии корхонаҳои ватанӣ равона созем. Дар корхонаву коргоҳҳои соҳа маҳсулоти дӯзандагии таъиноти гуногун, аз қабили либосҳои низомӣ, кории махсус, бачагона, мардона, занона, мактабӣ, варзишӣ, рахти хоб, ҷиҳози нарм, сумкаҳо, сарпӯшҳо, парчам, чарчинворӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ истеҳсол карда мешаванд.
Дар ҳолати аз ин корхонаҳои ватанӣ харидорӣ намудани молу маҳсулоти зикршуда онҳо метавонанд сарчашмаи даромади худро афзун намоянд. Мо то ҳанӯз эҳтиёҷоти худро бо либоси мактабӣ таъмин накардаем. Агар корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ харидор дошта бошанд, сифати маҳсулоти онҳо беҳтар мешавад.
Харидорӣ намудани мебел ва мизу курсиҳо аз истеҳсолкунандагони ватанӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳо низ мисоли дастгирии соҳа буда метавонад.
Дар тамоми кишварҳои мутараққӣ аз аҳолӣ то муассисаҳои давлативу хусусӣ дар ҳар давру замон, махсусан, дар давраи буҳронҳо барои дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ маҳсулоти истеҳсоли ватаниро харидорӣ менамоянд.
Таъкид месозам, ки молистеҳсолкунандагони ватанӣ бояд дастгирӣ ёбанд ва ҳар як фарди бонангу номус барои дастгирии онҳо кӯшиш намояд.
Соҳаи саноати сабук, дар баробари таъмин намудани эҳтиёҷоти дохилии кишвар соҳаи манфиатовари содиротӣ низ мебошад.
Қобили зикр аст, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи як қатор корхонаҳои соҳаи саноати сабук дар бозорҳои хориҷи кишвар низ мавқеи худро пайдо намуда (шимҳои мардонаву бачагона аз ҷинс, нимшимҳо, куртаҳои мардона, либосҳои варзишӣ ва кимоно, ҷуробҳо) ба кишварҳои Россия, Беларус ва Иттиҳоди Аврупо содирот карда мешаванд.
Дар робита ба масъалаҳои соҳаи саноати сабук мехоҳам хотиррасон созам, ки соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди пилла аз ҷумлаи ҳунарҳои қадимтарини мардуми тоҷик ба шумор меравад. Пиллапарварӣ хислати мавсимӣ дошта, тибқи анъанаи мардуми тоҷик қариб тамоми аъзои оила ба он машғул мешаванд.
Вале тавре ки нишондиҳандаҳои солҳои охир собит месозанд, ин бахш дар кишвар аҳаммият ва нақши худро аз даст дода истодааст ва танҳо шумораи ками шаҳрвандон машғули чунин намуди фаъолият мебошанд.
Чунин вазъият эҳтимоли аз байн рафтани анъана ва таҷрибаву малакаи атласу адрасу шоҳибофиро дорад, ки мо набояд ба он роҳ диҳем.
Дар баъзе давлатҳо бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳаи пиллапарварӣ тавассути қонунгузорӣ як қатор имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ гардидаанд, ки дар натиҷаи онҳо истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла атлас, адрас ва дигар навъҳои матоъ ба роҳ монда шудааст.
Ғайр аз ин, тавре ки имрӯз мебинем, истеҳсоли воқеии пилла нисбат ба нишондиҳандаҳои омории он кам аст. Яъне раисони баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ҳисоботи омории худ ҳаҷми истеҳсоли пилларо бо мақсади зиёд нишон додани нақшаи ҷамъоварӣ изофанависӣ мекунанд ва мақомоти андоз аз рӯи натиҷаҳои ин ҳисобот қарздории хоҷагиҳо ва аҳолии ба пиллапарварӣ машғулро дар назди буҷет муқаррар менамоянд.
Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Вазорати саноат ва технологиҳои нав вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо ба ин соҳа чораҳои зарурӣ андешанд.
Ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки масъалаи андозу андозбандӣ, инчунин, ҷиҳати аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод намудани воридоти тухмии хушсифати кирмакро баррасӣ намояд.
Ба Вазорати саноат ва технологиҳои нав супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дар соҳаи кирмакпарварӣ ба кори мавсимӣ ҷалб намудани то 40 — 50 ҳазор нафар сокинони кишвар лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо Қарори Ҳукумати мамлакат аз 30 августи соли 2011 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намояд.
Яке аз мушкилоти дигари соҳа истифодаи ғайримақсадноки тутзор ва дарахтони тут ба шумор меравад, ки имрӯзҳо дар тавозуни хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор дошта, ба нигоҳубини онҳо аҳаммияти ҷиддӣ зоҳир карда намешавад ва танҳо бо мақсади гирифтани ҳезум истифода гардида, оқибат ба нобудшавии онҳо оварда мерасонад.
Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки доир ба бунёди тутзорҳои навъҳои серҳосил ва ҳифзи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Соҳаҳои ояндадори саноати коркард металлургияи сиёҳ ва ранга, мошинсозӣ ва кимиё мебошанд, ки дар онҳо ҳоло асосан бо истеҳсоли алюминийи аввалия, коркарди металлҳои сиёҳ ва ранга, истеҳсоли техникаи гуногун, тракторҳо, мошинолоти кишоварзӣ, автобусҳо дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсоливу электротехникӣ, маҳсулоти пластикӣ, маводи таркандаи саноатӣ, истеҳсоли таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ барои хатҳои технологии истеҳсоли маъдан ва семент ба роҳ монда шудааст.
Аҳаммияти соҳаҳои мазкур барои кам кардани вобастагии кишвар аз маҳсулоти воридотӣ, таъмини соҳаҳои гуногун бо техникаи зарурӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ бисёр муҳим мебошад.
Ҳукумати мамлакат кӯшиш карда истодааст, ки бо дарназардошти фарсудашавӣ ва куҳна шудани таҷҳизоти як қатор корхонаҳои соҳа, алалхусус, корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷик», ки 44 сол пеш бунёд гардида буд, ба онҳо сармояи ватаниву хориҷиро ҷалб намояд.
Бо ин мақсад қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019 қабул шуд, ки тибқи он Корхонаи воҳиди давлатӣ ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ширкати алюминийи Тоҷик” табдил дода мешавад.
Дар назар аст, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар дурнамои наздик корхонаи истеҳсоли алюминийи аввалия бо иқтидори 300 ҳазор тонна дар як сол ба истифода дода мешавад ва корхонаи нав бо низоми автоматикунонидашудаи идораи равандҳои технологӣ ва технологияҳои каммасраф муҷаҳҳаз гардонида шуда, арзиши аслии алюминий дар он паст мегардад.
Баъди бунёди корхонаи нав корхонаи амалкунанда пурра таҷдид карда шуда, иқтидори умумии истеҳсолии ширкат дар оянда то як миллион тонна алюминий дар як сол расонида мешавад. Дар натиҷа ҳазорҳо ҷойи кории нав таъсис ва иқтидори содиротии кишвар афзун мегардад.
Ҳарчанд ки корхонаи истеҳсоли ноқилҳо аз алюминий дар мамлакат фаъолият менамояд, аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти тайёр аз алюминий зиёд буда, ҳамасола ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 350-400 миллион сомонӣ ноқилҳо ва маҳсулоти ниёзи мардум аз ин фулузот ворид карда мешаванд.
Ба Ҳукумати кишвар зарур аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсолоти воридотивазкунанда аз алюминий дар кишвар чораҳои таъхирнопазир андешад.
Ба роҳбарияти “Ширкати алюминийи Тоҷик” супориш дода мешавад, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати лоиҳаи азнавсозии корхонаи истеҳсоли алюминийи аввалияро таъмин намуда, ҷиҳати самаранок ба роҳ мондан ва зиёд намудани коркарди ниҳоии алюминийи аввалия, афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти истеҳсолшаванда ва дарёфти сарчашмаҳои азнавсозии пурраи корхона дар дурнамои наздик тадбирҳои зарурӣ андешад.
Қобили зикр аст, ки дар раванди таъсис додани корхонаҳои истеҳсоли тракторҳо ва техникаи кишоварзӣ, автомобилҳои боркаш ва автобусҳои мусофирбар дар кишвар таҷрибаи кофии ҳавасмандкунии истеҳсолоти соҳаи мошинсозӣ ба вуҷуд омада истодааст.
Бо мақсади идома додани ин раванд, зарур аст, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати дар дурнамои наздик амалӣ намудани механизмҳои рушди соҳаи мошинсозӣ чораҳои зарурӣ андешида, нақшаи рушди маҷмӯии соҳаи мошинсозиро таҳия намояд.
Ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ дар самти бунёди корхонаи истеҳсоли автомобилҳои сабукрав ва боркаш тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар шаҳри Душанбе аз тарафи корхонаи муштараки «Акия Авесто” истеҳсоли автобусҳои мусофиркаши тамғаи «Акия» ба роҳ монда шуд, ки имконияти дар як сол истеҳсол кардани 250-300 автобусро дорад.
Соли 2018 корхона 152 ва дар нимсолаи якуми соли 2019-ум 58-автобус истеҳсол карда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешниҳод намуд. Баъди пурра ба истифода додани корхона шумораи ҷойҳои корӣ ба 200 расонида мешавад.
Талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти саноати металлургияи сиёҳ солона тақрибан то 85 ҳазор тонна буда, бо дарназардошти зиёд гардидани сохтмони иншооти гуногун талабот ба чунин намуди маҳсулот сол ба сол рӯ ба афзоиш мебошад.
Бинобар ин, бояд минбаъд низ бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати ташкили корхонаҳои металлургӣ барои истеҳсоли масолеҳи зарурии сохтмон ва таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ корбарӣ карда шавад.
Ҳамзамон, ба Ҳукумати кишвар зарур аст, ки бо роҳи омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта барои дастгирии содироткунандагони ватанӣ чораҳои ҳавасмандкуниро татбиқ намояд.
Зарур аст, ки бо мақсади таъмини рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва маҳсулоти онҳо фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии молу маҳсулоти пастсифат аз хориҷи кишвар тақвият дода шавад.
Омӯзиши таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки танҳо диверсификатсияи истеҳсолоти саноатӣ ва содирот омили муҳимми рушди босуръати иқтисодӣ ва устувор гардидани мавқеи кишвар дар бозорҳои ҷаҳонӣ, кам кардани хавфҳо ва вобастагии кишвар аз омилҳои берунӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, технологияҳои пешқадам ва ташкили корхонаҳои муосири истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир вазифаи муҳимми роҳбарони мақомоти дахлдори давлатӣ ва сармоягузорону соҳибкорон дар ин самт мебошад.
Ҳоло, ки роҳҳои Тоҷикистон бо роҳҳои байналмилалӣ пайваста, барои бозорҳои ҷаҳонӣ кушода шудаанд, кишвари мо метавонад дар оянда ба содироткунандаи маҳсулоти тайёри саноатӣ табдил ёбад.
Барои ин моро зарур аст, ки ба ҷараёни ҳаракати сармоя ҳарчи зудтар ворид шавем ва ҳамкориро бо кишварҳои ҷаҳон ва минтақа тақвият бахшем.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки фаъолияти худро якҷоя бо вазорату идораҳо ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ тақвият бахшида, бо истифода аз ҳама манбаъҳои иттилоотӣ ва воситаҳои муосири рақамӣ маълумоти заруриро доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ва лоиҳаҳои афзалиятнок дар кишвар ба сармоягузорони хориҷӣ ба таври доимӣ дастрас намояд.
Илова бар ин, мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати ҷалби воситаҳои молиявии нисбатан арзон чораҳои амалӣ андешанд.
Дар давоми фаъолияти Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар таъсис дода шуда буд, ба 179 субъекти соҳибкорӣ қариб 260 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо 91 субъект дар соҳаи саноати хӯрокворӣ ва 21 субъект дар соҳаи саноати нассоҷӣ фаъолият дорад.
Албатта, ин маблағ ночиз аст ва барои таъмини эҳтиёҷоти саноати кишвар басанда нест. Ҳамзамон бо ин, на ҳамаи субъектҳое, ки қарзи имтиёзнок гирифтаанд, дар фаъолияти худ муваффақ шудаанд.
Ба Ҳукумат бори дигар таъкид менамоям, ки барои дастгирии молистеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ масъалаи дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкорӣ таъсис додани ташкилоти қарзӣ (бонки саноативу содиротӣ)-ро омӯхта, пешниҳодҳои худро то охири соли ҷорӣ ба Роҳбари давлат манзур намояд.
Ҳамчунин, ба Бонки миллӣ зарур аст, ки ҷиҳати боз ҳам паст кардани фоизи қарз ва зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус, ба соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда чораҳои қатъӣ андешад.
Ҳоло мехоҳам боз як масъалаи муҳимми дигарро хотирнишон намоям. Солҳои охир аз ҷониби соҳибкорон воридоти техникаву технологияҳои муосир ва сармоягузорӣ дар самти истеҳсоли маҳсулоти чопӣ хуб ба назар мерасад.
Бо дарназардошти дар мамлакат зиёд будани шумораи корхонаҳои полиграфӣ ва иқтидори истеҳолии онҳо тамоми навъҳои маҳсулоти полиграфӣ, аз ҷумла нашри китобу дафтар ва тамоми намудҳои маводи таълимӣ дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд, ки сифати онҳо пурра ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.
Вале бо вуҷуди ин, имрӯзҳо маҳсулоти чопиву таълимии пастсифат, аз ҷумла китобу дафтар ва дигар маводи таълимии пастсифат аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.
Бинобар ин, бо мақсади дастгирии корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ба Хадамоти гумрук ва Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки воридоти маҳсулоти чопии пастсифат ва ба меъёрҳо ҷавобгӯ набударо пешгирӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар баробари қонеъ сохтани соҳаи саноат бо воситаҳои молиявӣ, инчунин, бо кадрҳои болаёқат ва хусусан, муҳандисону технологҳо ва барномасозон таъмин намудани он яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мешавад. Чунки бидуни мутахассисони кордон истеҳсол кардани маҳсулоти рақобатпазир ғайриимкон мебошад, ки онро мо дар мисоли корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи кишвар дида истодаем.
Дар маҷмӯъ, низоми омода намудани мутахассисони соҳаи саноат дар кишвар беҳбудиро талаб менамояд, чунки сармояи инсонӣ омили муҳимми рушди соҳа ба ҳисоб меравад.
Ба Ҳукумати кишвар супориш дода мешавад, ки барномаи омода намудани мутахассисони бахшҳои мухталифи саноат, алалхусус, саноати сабук, хӯрокворӣ, кимиё, мошинсозӣ ва дигар соҳаҳоро таҳия ва амалӣ намояд.
Ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав нақшаҳо ва барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишварро аз нуқтаи назари эҳтиёҷот ба касбҳои зарурӣ таҷдиди назар карда, ҷиҳати омода намудани мутахассисон бо дарназардошти соҳаҳои афзалиятнок ва дурнамои саноат чораҳои мушаххас андешанд.
Роҳбарияти вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти оливу миёнаи касбӣ бояд ҳамкориро бо корхонаҳои истеҳсолии кишвар барои омода намудани мутахассисон тариқи шартномавӣ тақвият дода, барномаҳои таълимии худро такмил бахшанд.
Таъкид месозам, ки сабаби асосии ба вуҷуд омадани бисёр масъалаву мушкилоти зикршудаи соҳа нарасидани кадрҳои баландихтисос мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки ба ин масъала эътибори ниҳоят ҷиддӣ дода шавад.
Роҳбарони корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, дар навбати худ, бояд ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳои умумимиллӣ ва иҷрои вазифаи иҷтимоии худ – таъсиси ҷойҳои корӣ ба мардуми кишвар ҷаҳду талош намоянд ва фаъолияти худро барои баланд бардоштани мақоми Тоҷикистони азизамон равона созанд.
Аз фаъолияти шумо, саноатчиёни муҳтарам ва соҳибкорон пешрафту ободии Ватан ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум вобаста мебошад ва дар ин ҷодаи пурмасъул бароятон комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Ҳамзамон бо ин, ҳамаи шуморо бо Рӯзи соҳибкорон табрик гуфта, ба шумо барори кор мехоҳам.
Дар охир ба ҳамаи соҳибкорони ҳимматбаланди кишвар ва кулли шахсони саховатпеша барои саҳми ватандӯстонаашон дар раванди корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори сисолагии истиқлоли давлатӣ бори дигар сипоси бепоён изҳор менамоям ва бо итминони комил изҳор медорам, ки онҳо минбаъд низ бунёду азнавсозии коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳо ва дигар амалҳои хайрро ба хотири ободии Ватан, осоиши мардум ва пешрафти давлат идома мебахшанд.
Бовар дорам, ки мову шумо сисолагии ҷашни истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, яъне ин санаи муқаддасу таърихии халқамонро бо дастовезҳои арзанда истиқбол мегирем.
Саломату сарбаланд бошед!