СУХАНОНИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ РОҲНАМОЕСТ, БАРОИ РАСИДАН БА ОЛАМИ МУВАФФАҚИЯТ!

Бояд қайд намуд, ки дирӯз дар саросари Тоҷикистони азиз тамоми донишҷӯёну омӯзгорон ва маорифчиёни кишвар Дарси сулҳро аз забони Пешвои муаззами миллат шунидем, ки барои насли ҷавон як ҷаҳон маърифат ва ё арзиши маънавӣ бахшид. Аз таҷриба ва суханронии шахсияте мисли Пешвои муаззам баҳра гирифтан на ба ҳар кас муяссар мегардад. Шунидани суханони ҳикматомӯзи Сарвари хирадмандамон дубора дар дил меҳру муҳаббат ва садоқатро ба соҳаи маориф афзун намуд. Ҳар як калима ва ибораи ҷумалоти ин суханронӣ саропо ҳикмату андарз буд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ ва ояндаи дурахшони насли ҷавон раҳнамоӣ мекард. Дониш омӯхтану зиндагӣ сохтан на ба ҳар кас муяссар мегардад, вале Пешвои муаззами миллат дар ин масъала ҳам таъкидҳо намуданд, то ҷавонон битавонанд дар роҳи мустақили зиндагӣ сарсону саргардон ва гумроҳ нагарданд. Ҳамчунин дар масъалаи падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир гуфта гузаштанд, ки хеле ба маврид ва саривақтӣ дониста мешавад. Дар бахши он ки аксаран ҷавонон аз сабаби надоштани саводи комил ва маърифати воло ба корҳои ношоиста даст мезананд, Пешвои муаззами миллат ҳам таъкид намуданд ва машваратҳо доданд, то ҷавонон битавонанд дар зулмоти решасӯзӣ ҷаҳонишавӣ роҳгум назананду зиракии сиёсии худро аз даст надода, шахсияти худро ҳифз намоянд. Албатта, ба ин масъала таваҷҷуҳ намудани Пешвои муаззами миллат бесабаб нест, зеро аксарияти ҷавонон дар олам бо роҳҳои фиребу гумроҳӣ ва таъсири формулаҳои психологӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайваста озодиву осудагӣ ва ҳаёти фардии худро зери хатар мегузоранд, ки таъсири манфӣ дорад.

Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат ҳарчи бештар ба донишандӯзии насли ҷавон таваҷҷӯҳ намуда, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ба масъулон супоришу таъкидҳо намдунад, ки ин ҳам таконбахшест барои ҷавонони соҳибистеъдод ва соҳибзавқ, то битавонанд дар оянда роҳнамову ҳомии миллат бошанд. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо таъкид намуданд:   “Дар ин росто, эътибори асосӣ на ба шумора, балки ба сифат бояд дода шавад. Дар робита ба масъалаи тарбияи кадрҳо бори дигар таъкид месозам, ки Вазорати маориф ва илм якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута доир ба омӯзиши дақиқи талаботи воқеии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба кадрҳо чораҷӯӣ карда, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот азхудкунии илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ ва забонҳои хориҷиро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад”.

Қайд кардан ба маврид аст, ки танҳо насле метавонад ба миллат хизмат кунад ва номбардори миллату давлат гардад, ки дониши хубу муосир ва фарҳанги волои сиёсӣ дошта бошад. Дар акси ҳол умедвор шудан аз дониш ва маърифати миёна на ба мантиқ рост меояду на ба воқеияте, ки имрӯз дида мешавад. Ҷавонон бояд дар баробари азхуд кардани илму дониш, боз бо ошно сохтан, тарғиб намудани фарҳангу забон ва таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол машғул шаванд. Ва ногуфта намонад, ки дониши фароху ҷавобгӯ ба талаботи замон ҳаргиз соҳибхирадро хор намегардонад.

Дар умум чунин хулоса кардан мумкин аст, ки суханронии Пешвои муаззами миллат нӯшдоруест баҳри дармони миллат ва насли ҷавони дунё. Аслан суханони ҳикматомӯзи Пешвои миллат на танҳо барои ҷомеъаи ҷавони Тоҷикистон, балки барои тамоми насли ҷавони дунё муҳиму зарурист.  Аслан ин суханони ҳикматнок ва пандомӯзро мешавад барои ҳамеша барномаи рӯз ва роҳи рушд номид.

                                                                           Хуҷамов Санъатҷон

                                                            омӯзгори кафедраи таҷҳизот

                                                           ва технологияҳои мошинсозӣ