Дар асоси пешниҳоди аҳли маорифи ВМКБ дар муассисаҳои таълимӣ садо додани Суруди миллӣ, ҳамин қадар хулоса намудан мумкин аст, ки Суруди миллӣ худ бедорсозандаи рӯҳу илҳоми тоза ва нигоҳи нав ба субҳи ватандориву меҳанпарастист. Аз ин лиҳоз садо додани Суруди миллӣ ҳар субҳ дар муассисаҳои таълимӣ бисёр ҳам ба маврид буда, ба насли ҷавон руҳу равони тоза мебахшад.
Ҳисси баланди меҳанпарастиро дар ниҳодашон бедор месозад ва онҳоро дар роҳи расидан ба муваффақият ва амали намудани ормонҳои деринаашон дар ҷодаи ҳифзу буми аҷдодӣ ва муаррифӣ намудани миллати сарбаланди тоҷик раҳнамоӣ мекунад.
Шурӯъ намудани рӯзи нав бо садои Суруди миллӣ ба кас руҳу равони тоза бахшида, инсонро дар ҳошияи муҳаббату садоқат ва рафоқат ба меҳану миллат раҳсипор месозад.
Ҳамчунин аз ҷониби насли наврас қироати Суруди миллӣ, ки мақсаду мароми кулли сокинони ҷумҳурӣ дар он нуҳуфтааст, бисёр ҳам хушоҳанг буда, аз ҳамин лаҳза онҳоро ба роҳи ҳифзи Ватан ва ободу зебо гардонидану ба қадри неъматҳояш расидан тарбият менамояд. Ҳамчун омӯзгор чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ин иқдоми маорифчиёни ВМКБ бисёр ҳам сарчашмаи дури меҳанпарастӣ дошта, аз қаъри муҳаббату садоқат ба ин сарзамини пурганҷ сарчашма мегирад.
Ихлосу имони ватандории ҳар фарди сайёра бевосита ба Суруди миллии он тавъам аст. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нидои қалби ҳар як тоҷикистониву соҳибватан аст ва садо додани он ҳар суб моро дубора ба вазифаи мқаддаси ватандориямон ёдрас менамояд.
Яъне ҳамон панди бузурги аҷдодии миллати тоҷикро, ки чунин аст:
“Ҳар субҳ зи худат бипурс, агар ту мардӣ,
Имрӯз чӣ хидмате баҳри мардум кардӣ?!
ин ҷо ба хотирн меорад, ки ҳар субҳ мо ҳатман бояд дар назди худ нақша гузорем, ки имрӯз чӣ хидмате баҳри ободиву созандагӣ ва гулгулшукофии ин Ватан карда метавонем. Ва ё ба ибораи дигар чӣ хидмате баҳри ҳифзи марзу бум ва таъмини амнияти он анҷом додаем.
Яъне Суруди милллӣ ҳарчанд моро аз гузаштаи дури таърихӣ ба давраи имрӯзӣ ёдрас мекунад ва даъвати умумии миллатро баҳри ваҳдат инъикос менамояд, боз ҳам паёмест барои ҳар як ватандор ва соҳибватану меҳанпарасти асил.
Зеро Суруди миллӣ агарчи аз ҳуввияту муҳаббати мо ба ин сарзамини муқаддаст ва поку нозанин ишора мекунад ва боз дар ҷойи дигар аз имкониятҳои ҳамешагии аз имкониятҳои ҳамешагии мо барои фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ дар ин сарзамини муқаддас ёдрас мешавад.
Вазифаи ҷонии мост, ки қабл аз субҳ дар фикри ободиву созандагӣ дар ин манзили абадиву аҷдодии хеш бошем. Зеро ҳар як инсон ба умед ва нияте ба роҳе меравад ва ин роҳи рафтаи мо низ бояд бо Суруди миллӣ шурӯъ шавад, то тавонем анҷоми неки ин роҳро дар ҳамҷоягӣ бо ҳамватанони соҳибдил бипаймоем.
Дар умум ин пешниҳод бисёр ҳам муфид буда, дар шаклгирии насли наврас ва ба воя расидани он дар руҳияи ватандӯстиву озодагӣ мусоидат менамояд.
Меҳвар Абдусалом
омӯзгори ДКМТ