Тавре хуб медонем, Суруди миллӣ инъикосгари мақсаду маром ва фаросату каломи миллати тоҷик буда, баҳри ба ҳамоии ҷамъият ва тамоми ҳамватанон навои даъвату пазироист. Суруди миллӣ ин нидои шарафмандиву шуҷоатмандии миллат аст ва ин бевосита аз қалби ҳар як соҳибватан садо медиҳад.
Суруди миллиро намешавад аз ин ё он нафар гуфт, зеро Суруди миллӣ ин сухану ормон ва орзуву паёми миллат аст. Танҳо дар давраи мустақилият ва озодӣ ҳар як миллат метавонад суруди миллиро замзама намояд ва хушбахтона бо қироати он аз ҷой бархезад.
Миллати тоҷик пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон Тоҷикистон соҳиби Суруди миллӣ гардид. Набояд фаромӯш кард, ки Суруди миллӣ ин муқаддастарин арзиши миллат аст. Беҳтарин ва аввалин лаҳзаи муаррифии миллат ва ин ё он қаҳрамон дар арсаи байналмилалӣ аз Суруди миллӣ оғоз мегардад, ки ин ҷанбаи фалсафиву таърихӣ дорад.
Суруди милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар худ давраҳои гуногуни таърихиро фаро гирифта, якпорчагии ватани азизамонро аз ҳама муҳимтару волотар меҳисобад ва ин нақшаву ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик мебошад.
Суруди миллӣ ин паёми бевоситаи ҳар як ҳамватан ба соҳибватани азиз аст. Ин ҳарфи дили соҳибаватанон барои ибрози розҳои ниҳону ногуфта аст.
Ҳамин нуктаро ин ҷо қайд кардан лозим медонам, ки мардуми гурҷӣ, яъне халқи Гурҷистон барои бо ҳамдигар сухан рондан ва ё агар ду гурҷистонӣ ҳамдигарро дар хориҷа бинанд барои иброз намудани меҳру муҳаббати ҳамватанӣ ва садоқатӣ ватандорӣ нахуст аз қироати Суруди миллияшон оғоз менамоянд.
Яъне гурҷиҳо вақте мефаҳманд, ки онҳо гурҷие дигарерор вохӯрдаанд дар дилхлҳ кишвари ҷаҳон аввал ба хонадни Суруди миллӣ оғоз мекунад ва агар нафари дигар онро фаромӯш накарда бошаду баробари инҳо хонад ва ҳамон ҳамватан ва соҳибэҳтирому арзиш аст, дар сурати баръакс ба у изҳори пушаймонӣ карда мераванд.
Ин ҳолатро метавон эҳсоси баланди ватандорӣ унвон намуд ва ҳамчун як меҳанпараст, пешниҳод менамоям, ки сухани нахустини мо тоҷикон ҳам ҳангоми дидору вохӯри аз мисраи Суруди миллӣ бошад.
Пешниҳоди маорифчиёни ВМКБ дастгирӣ намуда, барои чунин иқдомашон изҳори миннатдорӣ менамоям, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бисёр ҳам муташанниҷ ин масъала хеле муҳим аст.
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ