СУРУДИ МИЛЛИ БАҲАМОВАРАНДАИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ

Дар чанд рӯзи охир пешниҳоди муҳиме аз ҷониби маорифпарварони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ироа шуд, ки қобили дастгирист. Зеро қабл аз оғози дарс ва дигар чорабиниҳои муҳими соҳаи маориф дар мактабу донишкадаҳо ва дигар макони илми садо додани Суруди Миллӣ ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва ҳамон шуълаи уммедро дар ниҳоди ҳар як меҳанпараст ба ояндаи дурухшони ин сарзамин бедор месозад. Зеро ҳар яки мо медонем, ки Суруди милли ҳар як қавму миллат ин сухани дили ҳамон миллат ва ба ибораи дигар асбоби пайнвандгари ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон аст.

Ҳар як мисраи Суруди миллӣ, ки бо як шаҳомат ва азамати ватандорӣ эҷод шудааст, бисёр ҳам ширину гуворо ва навои ба худ хос дорад, ки дар он метавона муҳаббат ва садоқати миллатро дарк намуд. Аз ҳар як мисраи Суруди миллӣ метавон мактуби гузаштагонро ба имрӯзиён хонд ва таърихи пуршебу фарохи миллати тоҷикро ба хотир овард. Суруди миллӣ ин ифодагари ормонҳову ҳарфҳои нагуфтаи миллати тоҷик аст, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлолият мо метавонем ба ҳамдигар тариқи ҳамин оҳангу навои Суруди миллӣ баёни роз намоем.

Суруди миллӣ ҳамон ҳарфи нагуфтаи чеҳраҳои мондагори миллати тоҷик аст, ки аз Сомониву Куруш то ба Айниву Турсунзодаву Эмомалӣ Раҳмон омода расидааст. Имрӯз бо шарофати хизматҳои далеронаву азмҳои меҳанпарастонаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки ба ин рӯзи саодат ва сурур бирасем ва имрӯз дар фазои ободу озод ва суботу ором, мо Суруди миллиро замзама менамоем, ки беҳтарин лаҳзаи зиндагии ҳар як ватандор аст.

Бо шунидани Суруди миллӣ ҳар шаҳрванди кишвар метавонад, ҳамон лаҳзаи ширини зиндагияшро ба хотир орад ва бо ҳамон илҳому муҳаббати дучанд ба Ватан бо эҳсоси гарми ватандориву меҳанпарастӣ даст ба кор шавад, ки беҳтарин лаҳзаи зиндагист.

Суруди миллиро вақте, ки ҷавонон замзама менамоянд дар онҳо рӯҳи равони тоза ва муҳаббату садоқати бисёр ҳам ширину гуворои ватандӯстӣ шуъла мезанад ва ин фаввораи муҳаббат ва эҳсоси баланди меҳанпарастӣ моро ба сӯйи зафарҳову муваффақиятҳо роҳнамоӣ мекунад, ки набояд ин лаҳзаро аз даст дод.

Пешниҳоде, ки аз ҷониби маорифпарварон ва равшанфикрони ВМКБ садо дод, сад дар сад муҳим буда, аз чанд ҷиҳат қобили дастгириву таҳсин хондан аст.

Зеро садо додани Суруди миллӣ хонандаро ба андеша водор месозад ва дар ниҳоят вай дарк мекунад, ки дар ниҳодаш ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва муҳаббат ба Ватани азиз шуъла мезанад. Ва албатта, ки ин ҳолат ба насли ҷавон таъсири бузурги мусбӣ мерасонад, ки аллакай дар хурди ӯ ба шаҳрванди озод ва соҳибватану комилан мустақил буданашро дарк менамояд.

Аз ин лиҳоз мо пешниҳоди мазкурро қабул намуда, фавран мавриди амал қарор медиҳем.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ