Ҷараёни омодасозии он хурсандиву нишоти ҳамагониро ба миён меорад
Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст. Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки яке аз ҷанбаҳои асосии фалсафаи Наврӯз ба сифати ҷашни моҳиятан оммавию мардумӣ дар баробарӣ миёни одамон зоҳир мегардад. Яъне, Наврӯзро хурду бузург озодона ҷашн мегиранд ва баробар хурсандӣ мекунанд.
Яке аз рамзҳо ва шириние, ки ҷараёни омодасозии он шумораи зиёде аз мардумро ба худ ҷамъ намуда, хурсандиву нишоти ҳамагониро ба миён меорад, ин маросими суманакпазӣ мебошад. Дар ҷараёни он пиру барно ширкат намуда, бо хондани сурудҳои наврӯзӣ ва рақсу бозӣ ба базм шукӯҳу шаҳомати хосса мебахшанд.
Бояд гуфт, ки суманак навъе аз хӯриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табақҳо гандумҳоро шуста, месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпазӣ мекунанд. Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом мекунад ва занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекунанд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра бо хуррамию шодӣ мегузарад.
Гандумро се рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда, мемонданд. Баъде, ки гандум неш мебаровард, ба қавли мардум рӯда мешуд, онро гирифта, дар табақе ҳамвор мегузоштанд ва рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонданд. Рӯзе, ки борон меборид, ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хонае, ки даромадани каси бегона ба он ҷо манъ буд, мегузоштанд.
Холаи Гавҳар мегӯяд, ки «вақте ки ҷавон будем, модару бибиҳоямон ҳар Наврӯз рӯзи суманакпазиро муайян карда, 3-4 нафар занҳои ҳамсоя бо машварати якдигар дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ меомаданд. Маъмулан онҳо бегоҳӣ ҷамъ мешуданд ва суфраеро боз карда, сабзаҳоро мегузоштанд. Сипас ба буридани сабзаҳо оғоз мекарданд. Дар бегоҳирӯзӣ шираи сабзаҳои порашударо ба дег меандохтанд.
Баъд занҳои солхӯрда ба таги дег оташ меафрӯхтанду бо навбат дегро бо кафча ё кафгир мекофтанд. Дар дег ҳафт адад сангча меандохтанд, ки рамзи бобаракат шуданро ифода мекард. Барои он ки вақт хуш гузарад, суманакпазон дар назди оташ нишаста, афсонагӯӣ, чистонёбӣ ва сурудхонӣ мекарданд. Субҳ, вақте ки суманак тайёр мешуд, ҳамаи ҳамсоягонро даъват мекарданд. Занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекарданд, зеро агар соли навро бо ханда ва хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра ба хуррамию шодӣ зиндагӣ хоҳӣ кард.
Ҳоло дар маҳаллаи мо тарзи пухтани суманак чунин иҷро мешавад. Гандум ҳамин, ки бо оби борон дар муддати 5-6 рӯз сабзида, барои ширагирӣ омода шуд, пиразане аз миёни ҳамсоягон сабзаро бо корд бурида, онро ба ҳован меандозад. Сипас, занҳои ҷавонтар онро кӯфта, об зада, шираашро мегиранд. Баъдан кадбону дег монда, ба он об мерезаду равған меандозад. Сипас шираи сабзаи гандумро бо орд махлут намуда, ба дег меандозанд ва дегро бо кафлес мекобанд».
Бояд гуфт, ки ҳангоми кофтани дег таронаи «Суманак»-ро ҳама якҷоя мехонанд, ки он чунин аст:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак бӯи баҳор аст,
Суманак авҷу барор аст,
Мелаи шабзиндадор аст,
Иди наврузӣ муборак!
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак ширинии ёр аст,
Суманак аҷаб нигор аст,
Суманак зеби баҳор аст,
Иди наврузӣ муборак!
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ба деги суманак ҳафт дона чормағз ва баъзан ҳафт сангча меандозанд, то зери он начаспад. Пеш аз дамидани субҳ оташи дегро хомӯш карда, болояшро бо латтаи тоза ё сарпӯш мепӯшонанд. Субҳи содиқ ҳамин, ки хонумҳо ҷамъ омаданд, зани кадбону сарпӯши дегро мебардорад ва суманакро ба аҳли маросим ва ҳамсоягону куҳансолон тақсим мекунад.
ҚАМАРИДДИН ҶУРАЗОДА,
коромуз