(дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ҷиҳати қабули қатъномаи махсуси СММ перомуни “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”)
Мусаллам аст, ки сулҳ як амри воқеӣ ва зарурӣ барои насли башар мебошад ва ҳамин аст, ки имрӯз тамоми табақаи хирадманди башарият барои сулҳ талош менамоянд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон низ барои насли башар метавонад, як роҳҳали комил барои расидан ба сулҳу оромӣ бошад.
Барои ҷомеаи пешрафта ва муваффақ сулҳ хеле муҳим ва зарур аст ва бояд дар ин самт тамоми корҳо ба анҷом расонида шавад. Ҳамин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми талошҳои худро баҳри пешрафти Тоҷикистон ва сулҳу оромӣ ба харҷ медиҳанд, то миллати сарбаланди тоҷик рифоҳу зиндагии шоиста дошта бошад.
Баъд аз солҳои вазнин ва ҳаводиси солҳои 90-ум шаҳрвандони кишвар бештар ба қадри сулҳу субот мерасидагӣ шуданд ва инро мо аз симои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мушоҳида намуда метавонем. Воқеан ҳам оромиву субот имрӯз ончунон ба зиндагӣ таъсири мусбӣ расонид, ки ҳатто нишонаҳои ошкори шодиву саодатро дар симои ҳар як нафар дидан мумкин аст.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ шинохти сулҳ бисёр ҳам бамаврид таъкид намудаанд, ки “Сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад”.
Дар ҳақиқат расидан ба сулҳ ва осоиштагӣ осон нест ва Роҳбари хирадманди кишвар барои расидан ба роҳи сулҳ азхуд ҷонфидоӣ нишон доданд ва дар фазои Тоҷикистон фазои сулҳ танинандоз гардид.
Оре, дар сулҳу субот зитсан, аз давлати орому осуда осоишт ёфтан як неъмати бузург аст ва шукр, ки миллати тоҷик ба ин неъмат бирасид.
Ҳамин аст, ки Роҳбари хирадманди давлат бештар мехоҳанд, ки тамоми ҷаҳон сулҳ пойдор бошаду миллатҳо зиндагии осоиштаву ором дошта бошанду аз нозу неъматҳои табиат дар оромӣ лазатт бибаранд. Аз ҳама муҳимаш хислати баланди инсондӯстиву башардӯстии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳоло мо аз минбари баланди СММ пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эммоалӣ Раҳмонро оид ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” мешунавем ва ин як қадами бузург барои осоиштагии ҷомеаи башарӣ мебошад.
Ин пешниҳод барои мо сокинони кишвар низ ифтихори бузург ва шараф аст, ки Роҳбари хирдаманду адолатпешаи мо имрӯз ба таври куллӣ хостори сулҳи сартосарӣ гардиданду барои осоиштагии сайёра саҳм мегузоранд. Ва ин пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тоҷикияти баланд ва инсонияти волову ғамхорӣ бар наслҳои мухталифи насли инсон шаҳодат медиҳад.
Бале, имрӯз сулҳ агар дар ҷаҳон пойдор бошад, ҷомеа рушд мекунад ва ваҳдати комили инсоният бавуҷуд меояд, ки барои ҳамаи аҳли сайёра муҳим ва зарур мебошад ва ҳамин аст, ки мегӯем, сулҳ бимонад ҷовидон!
Мирзозода Воҳидҷон
мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон