СУЛҲХОҲИСТ АЗ АЗАЛ МАРОМИ МО

(дар ҳошияи сулҳи Тоҷикистону Қирғизистон)

Аз қадим барои миллати тамаддунофару фарҳангсози тоҷик хислатҳои баланди инсонӣ ва некхоҳиву дӯстиву бародарӣ варзидан аз принсипҳои асосии ҳаёт ба шумор меравад ва маҳз ҳамин ҳолат фарҳанги мавҷудиятро  ташаккул додааст. Ва ҳамин хислат ва фарҳангро мо то ба имрӯз идома медиҳему барои суботу оромии башарият талош менамоем. Ҳамон тавре, ки ҳамагон иттилоъ дорем дар аввали баҳор, дар омад-омади ҷашни бузургу ҷаҳонии Наврӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд ва бо ҳамин сафар ва бастани як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ бо президенти Ҷумҳурии Қирғизистон  Содир Жапаров  фасли тозаи дӯстиву бародарӣ, баҳори сулҳ байни ду кишвар фароҳам гардид. Ин ҳамбастагӣ ва ин талош барои оромиву субот, расидан барои сулҳро метавон идомаи анъанаҳои қадимаи миллӣ номид, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  амалӣ карда шуд. 

Вобаста ба сулҳ ва дӯстӣ ва бародариву ҳамдилӣ, ҳамгироӣ дар адабиёти пурғановати мо осори бисёре ҳаст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин миллат ҳамеша дар талаби дӯстиву бародарӣ ва ҳамдилӣ мебошаду доимо бар зидди қувваи бадӣ мубориза бурдаасту ҳаргиз бадиро бар касе намехоҳад. Ин паёми неки миллатро Сарвари хирадманди кишвар ҳамеша дар меҳвари сиёсати хеш қарор дода, барои сулҳу дӯстӣ талош намудаанд. Мо, аз рӯзҳои нахустини фаъолияти Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масирро дидем ва масири тозаи сулҳро барои худ интихоб кардем ва имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу амонӣ ва тинҷиву осудагӣ ва давлати амнтарини дунё зиндагӣ дорем. Ва шукри истиқлол ва ин озодиву субот менамоем.

Мо, шояд ягона миллат дар дунё бошем, ки барои сулҳ талош меварзем ва хубиву саодати тамоми оламиёро мехоҳем ва дар ҳамаҳолат дасти дӯстӣ дароз менамеом. Ҳамин аст, ки шоири бузург мефармояд:

То тавонӣ дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.

Миллати сарбаланди тоҷик дар гузашта ва имрӯз ҳам хостори сулҳу ваҳдати комил барои тамоми ҷаҳониён буду ҳаст ва ин бародариву дӯстӣ бо мардумони қирғиз ҳам идомаи ҳамон фазилати баланд ва фарҳанги волои сулҳхоҳии миллати тамаддунофари тоҷик мебошад. 

Албатта, дӯстӣ бо мардумони ҷаҳон ҳамеша бар манфиати кор буда, барои оромиву субот ва назми ҷаҳон мусоидат менамояд. Ҳамон тавре, ки шоир аз дӯстӣ гуфтаву ин гуна таъбир додааст:

Зиндагонӣ нур гирад аз сафои дӯстӣ,
Бишкуфад гулзори санъат аз навои дӯстӣ.
Аҳли олам мешавад бо ҳамдигар ёру рафиқ,
Гар шавад партафишон ҳар су ливои дӯстӣ.

Бале, воқеан ҳам дӯст шудан боис мегардад, то мардум ба ҳам наздик шаванд ва ҳарфи дӯстиро бизананду аз ваҳдати дилҳо бигӯянд. Он вақт инсоният осуда зиндагӣ менамояду амнияти кулл фароҳам меояд. Барои ҳамин Мирзо Турсунзода ҳамеша тавсифи дӯстӣ намуда, хостори сулҳу оромии аҳли башар гардидааст.  Ин амал ва ин даъват албатта аз даврони қадим хоси миллати тоҷик буда, ҳамеша бо парчами сулҳу дӯстӣ барои ба ҳам оамадан ва оромиву ободии сайёра ин миллати тамаддунсоз кӯшиш намудааст.

Ҳодисаҳои таърихӣ  бозгӯи он аст, ки  амалҳои сулҳҷӯёнаи миллатро мо дар ҳар варақи таърихи тоҷикон мушоҳида менамоем ва ин аз ашрофзодагии мо шаҳодат медиҳад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари Созмони миллали муттаҳид пешниҳод намуданд, ки “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Қабули ин қатънома аз ҷониби СММ бори дигар ифодагари он аст, ки Тоҷикикистон зери сарварии Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ва доимо хостори сулҳу дӯстӣ ва амнияту осудагии насли башар мебошад. Пешвои муаззами миллат дар ин суханронӣ аз ҷумла қайд намуда буданд: “Мо – роҳбарони давлатҳоро зарур аст, ки атрофи ҳадафҳои умумӣ ба мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми курраи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомадҳои даҳшатбори онҳо муттаҳид шавем.
Вақти он расидааст, ки мо аз иқдомҳои муассир барои тақвияти нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра кор бигирем”.

Воқеан ҳам ин иқдом боис гардид, ки аҳли башар дубора дар бораи сулҳ ва дӯстӣ андеша намояд ва барои суботи комили сайёра талош биварзад. Сулҳ барои насли имрӯзӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле зарур мебошад ва ҳар як насли башар сулҳу саодатро мехоҳад ва шахсиятҳои ҷаҳонӣ мисли абармарди арсаи сиёсат муҳатарам  Эмомалӣ Раҳмон метавонанд ба ҷаҳон ин паёмро бидиҳанд. Паёми сулҳ ва дӯстиву ваҳдат! Паёми меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба инсоният! Паёми саодатхоҳӣ бар инсоният!

  Марк Твен дар бораи хостаҳои ҷомеа ва муҳимияти сулҳу дӯстӣ ва ҳамдиливу бародариии аҳли башар чунин гуфта буд: “Дар ин дунё барои мо сулҳ, дӯстӣ ва бародарии инсҳо аз ҳама чиз муҳим аст”.

Ин ки мо бо ҳамсоякишвари худ Қирғизистон сулҳ намудем ин аз маниши тоҷикият аст ва  ҳамин ҳолат бозгӯӣ он аст, ки мо дар ҳеқ давру замоне, дар ҳеҷ вақте хостори ҷангу низоъ набудем ва нестем ва доимо тарафдори дӯстиву бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмиву муносиботи нек ҳастем. Фароҳам омадани фазои сулҳу дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон  як падидаи таърихӣ ва оғози баҳори нави дӯстиву бародарӣ мебошад.  Бастани як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон далели беҳтар гардидани муносибати бародарӣ ва ҳамсоягии нек мебошад. Ин иқдом боис мегардад, то вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сайёҳиву фарҳангӣ  дар минтақа боз беҳтар гардад ва ҷомеа нафаси тозаву ором бигирад. Ва ин ҳам саодат аст. Ва ин саодатро бар мардум Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа намуданд, ки мо аз ин иқдом хеле шоду масрур ҳастем. 

Беҳтар гардидани муносибат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бар манфиати ҳар ду ҷониб буда, аз бисёр ҷиҳат шароити беҳтар дар равобит ва муносиботи ҳамсоягиро фароҳам меоварад, ки ин барои суботи сокинони Осиёи Марказӣ низ муфид мебошад.

Давлатзода Давлат

раиси Иттифоқи касабаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон