Ҳамон гуна, ки маълум аст, дар ҷараёни аксари мавқеъгириҳо ҷониби қирғизистон ва махсусан расонаҳои қирғизӣ ба мавзӯъ нодуруст менигаранд ва бештар ҷиноятҳои содирнамудаи шаҳрвандонашонро рӯйпӯш кардани мешаванд, ки ин аз рӯйи адолат нест.
Новобаста аз он ки шаҳрвандони кишвари ҳамсоя дар кадом ҳолат қарор доранд ва ё чӣ номаъқулие содир мекунанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар вазифадор аст, ки ба ин масъала ба таври ҳуқуқӣ баҳо диҳад ва ҷилави ҷинояткориву авбоширо нигаҳ дорад, то ҷангҷол калонтар нашавад ва хашми дигаронро наорад.
Зеро сад дар сад аминем, ки агар ин масъала чунин идома ёбад, сокинони минтақаи наздисарҳадии ҷониби Тоҷикистон ҳам дастбакор хоҳанд шуд, ки он гоҳ дар ҳалли ин қазия ҷониби қирғизистон дасткӯтоҳтар хоҳад шуд.
Албатта, ин ҳолат дер давом намекунад ва ҳатман қирғизҳо аз кори кардаашон пушаймон хоҳанд шуд, вале бояд ҷониби қирғизистон гуноҳашро ба дӯш гирад ва масъаларо бар нафъи ҳар дуҷониб ва дар ҳолаи сулҳомез ҳал намояд.
Ҳамаи кишварҳо тибқи Оинномаи СММ вазифадор ҳастанд, ки пеши роҳи ҷинояткориву авбоширо бигиранд ва дар ҳолати халал расонидан ба ҳаёти осоиштаи мардум, муваззаф ҳастанд, ки хатои хешро ҷуброн кунанд ва оромиву суботро таъмин намоянд.
Аз ин рӯ, ҷониби Қирғизистонро зарур меояд, ки ба масъала баҳои ҳуқуқӣ диҳад ва бештар тарафдори сулҳу суббот бошад, то як оромии солим ва фазои озод дар минтақа ҳукмрон бошад. Агар масъала ба ин ранг сурат нагирад, Бишкек манфитаи чанд тоифаро аз манфиати умумӣ фарқ накунаду боло гузорад, Душанберо зарур меояд, ки ба ин масаъала мудохила кунад ва аз роҳҳори қонунӣ кор бигирад ва марзро ба гунае, ки лозим меояд, ҳимоят кунад ва зиндагии осоиштаи сокинони наздисарҳадиро таъмин созад.
Тибқи баъзе хулосаҳо дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ дасти сеюм ва ё худ қувваи сеюм дида мешавад, ки ба ин албатта ҷониби қирғизистон ҷавобгар аст. Зеро чӣ тавр мешавад, ки сокинони алоҳидаи Қирғизистон барои ноором кардани ҷомеа ва махсусан фишор овардан ба сокинони алоҳида, истифода аз яроқи шикорӣ ба сокинони кишвари мо ҳамла мекунанду на сарҳадбонони қирғиз ва на мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар пеши роҳи онҳоро намегирад???
Оё ин сокинон авлавияти бештар доранд дар назди мақомот ва ё махсус дар нохунак сокинони “осоишта” номида мешаванд???
Чӣ тавр мешавад, ки Бишкек аз чунин ранг гирифтани кор хабар надорад???
Чаро маҳз сокинони осоишта ба даст яроқ мегиранду сокинони кишвари моро таҳқир кард ва аз он яроқи шикорӣ тир холӣ кард ва он ҳам ба ҷониби сокинони осоиштаи кишвари мо?! Оё ин ҳам бозии навбатии қирғизҳост ва ё кадом гурӯҳи махсусе, ки бар зидди Ҳукумати Қирғизистон инқилоб карданист????
Агар воқеан ҳам ҷониби Қирғизистон пеши роҳи ин ҳодисаро гирифта натавонанд ва надонанд, ки шаҳрвандони кишварашон кадом силоҳро дар даст доранд, оё ин заволи даврони Бишкек нест???!!!
Мо ҳамеша ҷонибдори сулҳ ва осоиштагӣ ҳастем, аммо ин маънои онро надорад, ки ба хотири ин оромиву сулҳ ба ҳама бозиҳои сокинони кишвари ҳамсоя сабр кунем. Мо низ аксуламал нишон хоҳем дод, ки бароятон вазнинтар меафтад ва шояд барои бозиро омӯзонидан ҳамон сокинони наздисарҳадӣ футболро меомӯзонанд ба Шумо, муҳтарам марзбонони қирғиз???!!!
Бояд пеши роҳи ҳамагуна авбошиву разолат дар минтақаи наздисарҳадӣ гирифта шавад, то мардум тавонанд, осоишта зиндагӣ кунанд ва ҳама бозиҳо бояд решакан карда шавад. Тарве, ки хуб медонем, ҷониби қирғизистон барои сулҳу салоҳ талош намекунад ва фикр мекунам, ки пас аз як “голи муваффақ” онҳо хоҳанд фаҳмид, ки сабри мо то куҷо сарҳад дорад…
Меҳвар Абдусалом
Омӯзгори ДКМТ