Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душмани орад ба мардум рузи сахт.
Мардуми шарафманди тоҷик дар таърихи башарият ҳамчун халқи сулҳпарвар эътироф гардидааст. Боре ҳам бар сари дигар халқу миллатҳо бесабаб оташ накушодааст.
Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол бо шукргузори аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли Пешвои муазами миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ҳамеша ҷонибдори сулҳу-субот ва ободии кишвари азизамон Тоҷикистони биҳиштосо мебошем. Дирӯз санаи 29.04.2021, ки дар марзи кишвари ҳамсоя бо марзи кишвари мо бо сабаби нафаҳмоиҳои байни аҳолиҳои деҳотҳои ду кишвар низоъҳои дохила сарзадааст.
Бо сабаби баъзе нофаҳмоиҳо байни ҳамдигари аҳолии деҳотҳо як чанд дақиқа низоъ давом намудааст. Баъдан бошад бо роҳҳои гуфтушуниди байни ҳамдигари намояндагони ваколатдори ду кишвар бо ҳам сӯҳбат намуда, ҳамагуна нофаҳмоиҳоро маҳкум намуданд. Мо ҷавонон ҷонибдори он ҳастем, ки байни кишвари ҳамсоя бо мо дӯстиву рафоқат, сулҳу – субот ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмиҳо бошанд. Ҳамеша дӯстии байниҳамдигарии кишвари ҳамсоя бо мо абадӣ бошад.
Бақоев Б.
омӯзгори ДКМТ