
(илҳом аз тантанаи дӯстии Тоҷикистон ва Қирғизистон)
Якҷоя ба ҳам шавему ҳамсоя ба ҳам,
Бар кохи вафо ҷону тану поя ба ҳам.
Дар сидқ намунае ба олам бишавем,
Баҳори имсол паёми сабз ва пайки шодмонӣ овард.Ҳамдилӣ, самимият, оштӣ ва Сулҳ миёни Тоҷикистон ва Қирзистон тантана кард. Хуб аст, ки дар ин рӯзҳои шукуфтани армонҳо аз гарм шудани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя суҳбат мекунем. Воқеан ҳам, соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост. Баҳори имсол, ки бо дӯстӣ оғоз ёфт, сол саршори нур ва саршори сурур хоҳад шуд. Ба қавли Ҳофизи Шерозӣ дарахти дӯстӣ, ки нишонда шуд, ҳатман коми дилро ба бор меоварад.Мо дарк намудем, ки баркандани ниҳоли душманӣ камоли инсонист:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Аз ранҷи бешумор ҳазар кардем ва ба истиқболи фасли дӯстиву самимият бағал боз намудем. Маросими боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ доир шуд.Навори ашки шодӣ рехтани намояндагони ду миллат, хоса занон, ки ҳамеша хостори сулҳу оштиянд, имрӯз дар тамоми расонаҳо ва олами интернет чарх мезанад ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳбарони ду кишвар барои фароҳам овардани фазои дӯстӣ ҳарфи аҳсан мехонанду васфи сулҳ кардан доранд.
Мо, мардуми Тоҷикистон ба хирадпешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътиқоди комил доштем ва бовар доштем, ки бо талошҳо ва баракати эшон рӯзе ба фасли сулҳу оштӣ хоҳем расид. Ва ҳоло ин лаҳзаҳои фараҳбахш фаро расид, ки бо эҳтироми хос ба Пешвои сулҳпарвари хеш сипос мегӯем!
Дар давоми фаъолияти давлатдорӣ Пешвои миллати мо ба таъбири шоир ҳамеша ба қувваи бадӣ некӣ кардааст. Гарм шудани муносибати мо бо кишвари Қирғизистон низ давоми корномаҳои шоиставу амали башардӯстонаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. .Ин лаҳзаҳои фараҳбахш шоири тоҷик Абдуллоҳи Раҳнаморо ба илҳом овардаву дар лаҳзаҳои аввал ин мисраҳоро иншо кардааст:
Бори дигар сулҳ кардӣ ҷангро,
Боз кардӣ ин гиреҳи тангро,
Эй мураббӣ, эй абарустоди сулҳ,
Бар ҷаҳон омӯз ин фарҳангро!
Албатта, хислатҳои ҷавонмардӣ ва сулҳпарварӣ дар тинати Сарвари муҳтарам давлат ва мардуми сарбаланди Тоҷикистон аз гузаштагонамон мерос мондааст. Шак нест, ки мо ҳамеша аз сулҳу салоҳ гарм истиқбол мегирифтем ва аҳли қаламамон дӯстиро ситоиш мекарданду мекунанд.Ин навбат низ ҷониби Қирғизистонро муътақид кардем, ки ҳаргиз толиби ҷанг нестем ва Сулҳро мепарастему дар талаби дӯстием. Ин мисраҳои зебои Бадриддин Ҳилолӣ раҳнамои ин ду миллат шуд, ки мефармояд:
Бархез, то ниҳем сари худро ба пойи дӯст,
Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст.
Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест,
Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.
Ё мисраҳои зерини Хоҷаи Шерозро ба унвони шиори деринаи зиндагисоз шинохтем:
Як ҳарфи сӯфиена бигӯям, иҷозат аст?
Эй нури дида, сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ.
Ин лаҳзаҳои баҳамоӣ дар таърих бо хатти заррин иншо хоҳад шуд.Ҷаҳон аз дӯстиву рафоқати мо хоҳад гуфт.Лаҳзаи бозкушоии гузаргоҳро садҳо нафар аз Тоҷикистон ва Қирғизистон мунтазир буданд. Бахусус онҳое, ки бо ҳамдигар додугирифт доштанд ё пайванди хешу таборӣ доштанд ва дер боз интизори дидор буданд. Ин воқеаи фараҳбахшро метавон ба таъбири устод Лоиқ Шералӣ “Сулҳи деринтизор”-и Тоҷикистон ва Қирғизистон номид. Метавон дар ин баробар ин воқеаи таърихиро гоми бузург ба сӯи ҳамгироӣ ва субот унвон кард. Кунун санаи таърихӣ фаро расид ва ду давлат тавонистанд бо иродаи қавии сиёсӣ ва дипломатияи баланд ба сулҳ ва роҳи неки муносибатҳо даст ёбанд.
Воқеан ҳам созиши сулҳ, ки байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба имзо расид, як марҳалаи таърихӣ мебошаду ба таъбири бузургон саҳифае дар таърихи муносибатҳо боз шуд. Ин аҳдномаи муҳим на танҳо хатти марзро муайян кард, балки қадамҳои муҳимеро барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ду кишвар асос гузошт.
Ба навъе месазад, ки ин созишро намунаи ибрат барои тамоми минтақа ва ҷаҳон унвон кард, ки муноқишаҳои тӯлонӣ низ метавонанд бо роҳи музокирот ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳал шаванд.Ҳамзамон, ин Сулҳи фароҳамшуда на танҳо ба манфиати ин ду давлат, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ муҳим аст. Он заминаи муҳиме барои ҳамгироии бештар ва рушди устувор мегардад.
Мо бовар дорем, ки бо ҳастӣ ва баракати Пешвои муаззами миллат бо мардуми кишварҳои олам дар фазои сулҳу салоҳ зиндагӣ мекунем, зеро ин марди шариф як кишвари ба хоку хун оғӯштаро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ баровард ва Тоҷикистони азизи мо ба ваҳдати комил расиду тараққӣ ёфт. Дар кишваре, ки Пешвояш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, дигар пиру ҷавонаш шоду масруранд, зеро ин сарсупурдаи миллат барои зиндагии шоистаи мардум ҳамеша талош меварзанд ва ҳарфи садоқату вафодорӣ мезананд.Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо мо шаҳрвандонро мебояд, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошем, ҷавонмардона дар ҳифзи сарҳади Ватан қарор бигирем ва дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ нақши созгор бигзорем.
Хушбахтона, имрӯз, ки миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳарфи дӯстист, метавонем бо дили озода аз Наврӯзи дилангез истиқбол бигирем, ҳамдигарро бо ибрози самимият бинавозем ва баҳорро ба ҷашни диловез табдил диҳем, зеро бешак ин фасли шукуфтанҳо фарогири паёми сабзи дӯстиву рафоқати ҳамешагист. Пас, бояд бо ҷаҳон меҳр омехт ва аз кинаву адоват бигрехт.
Сулҳ бигзор ҳамеша пойдор бошад.
Собирова Шукринисо
номзади илмҳои иқтисодӣ, омӯзгори фаъоли Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон