Дар асоси ҷадвали баргузории вохурию мулоқотҳо доир ба пешгирии экстремизм, тероризм, бегонапарастӣ, ҳодисаҳои номатлуб ва зуроварӣ дар оила санаи 18.04.2019 дар толори Донишкада бо муаллимаҳо ва донишҷудухтарон мулоқот доир гардид. Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия М.Сайдуллоева ба сухан барромада муҳим будани мавзуи вохуриро таъкид намуда, ба ҳозирин меҳмононро шинос намуданд.
Сипас, Назокатхон Иброҳимова мутахасиси Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд дар 6аромади худ иброз доштанд, ки мубориза бар зидди пешгирии экстремизм, тероризм, бегонапарастӣ, ҳодисаҳои номатлуб ва зуроварӣ дар оила рисолати ҳар як шаҳрванд, хоса бонувон мебошад. Зеро зан посбони оташи хонадон аст. Тарбиятгари насли наврас аст.
Ҳамчунин , Муъминова Матлубахон директори макатаби хусусии “Гулчини маърифат” аъзои Шуро занони фаъолзанони вилояти Суғд зимни суханронии худ мавқеи динро дар тарбия ва камолоту устувории ақидаи ҷавонон баён дошт.
Шуъбаи иттилоотӣ