Барои солим нигоҳ доштани ҷомеа ва ҳамарӯза дар ин ё он гӯшаи ватани азизамон Тоҷикистон чорабиниҳои варзишӣ гузаронида мешавад, ки ин барои тану равони солими насли ҷавон мусоидат менамояд. Тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқгардида аз ҷониби ректори донишкада н.и.и.,профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар донишкада низ чорабиниҳои зиёди варзишӣ мегузарад. Тибқи иттилои масъули хобгоҳҳои донишкада Ёрматова Хосият ҳар субҳ донишҷӯён пеш аз оғози машғулиятҳо бо мураббии варзиш Айтанов Дониёр ба тамринҳои пагоҳирӯзӣ машғул мешаванд, ки ин барои солимии донишҷӯён мусоидат менамояд.
Ин субҳ низ рӯзи донишҷӯён аз тамринҳои варзишӣ оғоз гардида, тамоми донишҷӯёни муқими хобгоҳ ба машқҳои пагоҳирӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки ин як қадам ба сӯйи солимӣ ва дур будан аз одатҳои бад мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳама шароитҳо барои машғул шудан ба варзиш муҳайё карда шудааст ва донишҷӯён озодона метавонанд ба ҳама намудаи варзиш машғул шаванд.
Шуъбаи иттилоот