СТРАТЕГИЯ НАВИ ТТЭ ҲНИ: РӮБОҲ ДАР ПУСТИ ШАҒОЛ

Мисли ҳамеша наҳзатиёни манфуру малъун ба хотири ба гумроҳӣ бурдани ҷомеа ва сарсону саргардон сохтани мардум, ҳамарӯза дар расонаҳояшон хабарҳои бардурӯғро нашр месозанд ва кӯшиш мекунанд, ки бо ҳамин роҳ супориши хоҷагони хориҷияшонро иҷро кунанд.

Тавре, ки маълум аст, аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамагӣ бо супориши хоҷагони хориҷияшон фаъолият мебаранд ва маблағгузории ин созмони террористӣ ҳам маҳз аз ҷониби ҳамин палидон ба роҳ монда шудаасту наҳзатиёни малъун бо сардории Кабирии палид аз ин хоҷаҳояшон пайравӣ мекунанд.

Зеро дар солҳои 90-уми асри гузашта низ маҳз ҳамин хоҷагони хориҷияшон буданд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ҳамин наҳзатиёни имрӯз аврупоӣ дар кишвар ҷанги таҳмилии шаҳвандиро ташкил карданд ва ҷони зиёда аз 150 ҳазор нафарро қурбон намуданд. Садҳо ятиму бепарастон дар куча гузоштанд ва ҳазорон хонавонадаро бехонумон намуданд, ки ин хиёнати бузурги наҳзатиёнро ҳаргиз таърих фаромӯш намекунад.

Ҳарчанд ин наҳзатиёни малъун ва касифу разил имрӯз дар Аврупо хушу хурсандона зиндагӣ доранд ва аз давлати хоҷагони хориҷияшон айшу ишрат мекунанд, аммо дили ҳазорон шаҳрванди кишвар аз ба хотири аз даст додани фарзанд, ба хотири аз даст додани волидайн, ба хотири гумроҳ шудан, имрӯз пур аз доғ аст.

Ҳанӯз тифле, ки дар замони ҷанг волидайнашро аз даст дода буд, хумори оғӯши модару муҳаббати падар дар хиёбонҳо қадам мезанад ва ҳатман қасдашро аз ин наҳзатиёни манфуру хунхор ва душману хоин хоҳад гирифт. Зеро дар урфият гуфтаанд, ки ҳар табаре, ки дар синаҳо захм зад, ҳатман дастааш мешиканад.

Ин ҷо набояд фаромӯш кард, ки хоинони наҳзатӣ бо амалҳои авбошиву дуздиҳояшонро садҳо хонаҳоро дуздидаанд, ки мо аз ин он қадар нагуфтем ва он амалҳои содирнамудани аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро, ки пас аз соли 1997 содир кардаанду шуморааш аз 30 ҳам мегузарад, ёдрас нашудем, чун хонандаи азиз хуб медонад, ки ин малъунони наҳзатӣ ба ҷуз хиёнат ва душманӣ бар миллат дигар коре дар кишвар надоштанд.

Феълан наҳзатиёни малъун бо стратегияи сохтаи хоҷагони хориҷияшон дар   кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, кӯшиш мекунанд, ки бо таъсис намудани созмонҳову ташкилотҳои террористии нав, ки ифодакунандаи марому мақсади ТТЭ ҲНИ аст, фаъолиятро идома диҳанд ва он гуноҳҳои худро пинҳон нигоҳ доранд.

Ҳарчанд ҷиноятҳои содирнамудаи ин наҳзатиёни малъунро аллакай тамоми ҷаҳон медонад ва чандин созмонҳои байналмилалӣ ҳам ин ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохтааст, ҳамон наҳзатиёни малъун талош мекунанд, ки бо ниқобҳои нав миёни ҷомеа бошанд ва хиёнатҳои худро бо роҳҳои гуногун анҷом диҳанд.

Аслан, ин рафтори хоинони наҳзатиро метавон як навъ формулаи нав ё ин ки роҳи нави фиребу найранг номид ва ин ҷараёни фаъолияти наҳзатиёнро рубоҳ дар пустини шағол унвон кард.

Зеро он рафтору гуфтор ва найрангҳои шайтонсифатонаи наҳзатиёни малъун ва махсусан кабирии палиду разилро, метавон ҳамин гуна шарҳ доду халос. Чаро, ки ягон амал ва рафтори ин хоинони наҳзатӣ ба рафтору гуфтори одамӣ дуруст намегирад ва ин фоҳишаҳо омодаанд барои пул худро дар ҳар сурате вонамуд созанду маблағ ба даст оранд, ки инро ҳам як навъ стратегияи фоҳишаҳои наҳзатӣ номидан дуруст мебошад.

Ҳамин қадар бояд барои хонандаи гиромӣ кифоят кунад, ки ин наҳзатиёни малъун маҳз ба хотири гумроҳ кардани ҷомеа талош меварзанд ва мақсадашон ҳам ба гумроҳӣ бурдани ҷомеа мебошад. Мисле, ки солҳои қабли дар канали Зелло гурӯҳеро бо номи “Роҳнамо ба Сурия”-ро таъсис доданду садҳо ҷавонро гумроҳ карда ба ин кишвари ҷангзада фиристоданд ва ин ҳам як хиёнати бузурги наҳзатиёни манфур бар миллати тоҷик мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҷавонон ва завқмандони содиқ ба ин меҳану миллатро зарур меояд, ки зиракии сиёсии худро ҳифз намуда, донишу малакаи касбии худро зиёд намуда, талош намояд, то  фирефтаи суханони шайтносифатонаи ин палидони наҳзатӣ нагардад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ