СТРАТЕГИЯИ НАВИ ТЭТ ҲНИ БАРОИ РУШДИ ТЕРРОРИЗМ

Вуҷуди чанд тан аз аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар кишварҳои аврупоӣ аз чанд ҷиҳат боиси нигаронӣ ва нороҳатист. Ҳарчанд ин наҳзатиёни палид бо баҳонаҳои зиёд ва дурӯғбофиҳои дучанд ба ин кишварҳо роҳ ёфтаанд, аммо ҳамоно на фарҳанги аврупоиро омӯхтаанду на ахлоқи инсониро ёд гирифтаанд.

Тавре, ки ҳамагон медонем, аъзоёни ТЭТ ҲНИ на тарбияи дуруст гирифтаанду на мактаби хуберо хатм кардаанд ва ҳамон масири авбошии худро идома дода, ҳамон характери авбошиву ҷинояткоронаи хешро ба намоиш мегузоранд, ки шармовар ва тоқатнокарданист.

Фикр мекардем, ки ширкат ва зиндагӣ дар кишварҳои Аврупо ба андешаву рафтор ва шаклгирии наҳзатиёни лаин таъсир мегузорад ва ин рафтори авбошонаву биёбонии онҳоро тағйир медиҳад. Аммо ин тавр нашуд ва наҳзатиёни мағзшӯставу ақлбохтаи дур аз фарҳангу маданият ҳамон тавре, ки буданд боқӣ монданд.

Ин ҳолатро шояд дигарҳо низ мушоҳида намуда бошанд, аммо дар чанд рӯзи охир банда тавонистам, ки ин рафтори наҳзатиёни лаин ва пасту разилро, ки дар рафтори ношоиставу ғайриинсонияшонро бараъло эҳсос намудам.  Шояд, таъсири мағзшӯӣ ва таълимоти наҳзатиён дар мактабҳои низомаш махсуси террористӣ ин тоифаи наҳзатиёни малъунро ин гуна омода намуда бошад, лек ин  ҳолат боз аз он ҷиҳат ҳузновар буд, ки наҳзатиёни ақлбофта дар роҳи рафтаи худ кӯдакон ва наврасони хешро бурдаистодаанд, ки хеле нигаронкунанда мебошад ва ҳамон мақоли “шағол ҳаргиз рӯбоҳ таваллуд намекунад”-ро ба ёд меорад.

Яъне оқибат гургбача гург шавад гуфтанӣ гапро дар мисоли аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва ҳолати ҳозираи онҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Ин ҷо чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки падидаи террористӣ-экстремистиро аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба авлодӣ мебаранд ва фарзандони худро ба ин роҳ тарбия менамоянд, ки ин хел нигаронкунанда мебошад. Ва барои кишварҳои аврупоӣ ҳам ин ҳолат ва рафтори наҳзатиёни лаин хеле нигаронкунанда мебошад ва шояд ин амали наҳзатиён як барнома ва стратегияи нав барои рушди терроризм дар ҷаҳон бошад.

Аммо дар ҳама ҳолат ин рафтор ва стратегияи наҳзатиён барои башарият хатарнок мебошад. Зеро бо ҳар гуна тасодуф нест шудани наҳзатиёни ифротгаро, амалҳои террористӣ ва эктремистии онҳо аз байн намеравад ва фарзандони онҳо ин анъанаи наҳзатиёни разилро идома медиҳанд, ки фикр мекунам он вақт барои нест намудани терроризм дар марзи Аврупо аврупоиён дасткӯтоҳ хоҳанд буд.

Тавре, ки медонем шояд аз нақшаи аслии террористони наҳзатӣ ҷаҳониён ошкор шуда бошанду онҳо дигар натавонанд дигар бо баҳонаҳои дину мазҳаб ва эътиқодҳои мардум натавонанд бозӣ кунанду онҳоро гумроҳ созанд ва барои ҳамин ҳам раванди нав ва ё худ барномаи ҷадидро бо масири дигар роҳандозӣ намуда бошанд, то мақсади нопоки худ бирасанд.

Албатта ин рафтори наҳзатиёни разил ва пастро метавон ба ибораи дигар стратегияи нави ТЭТ ҲНИ дар ҷаҳон барои рушди терроризм ҳам номид.

Ҳамон гуна, ки маълум аст, наҳзатиёни лаин душманони миллати тоҷик ҳастанд ва онҳо барои хиёнат ба ин миллат ба ҳар роҳ мераванд ва насли ҷавони тоҷикро зарур аст, ки зиракии сиёсии хешро  аз даст надиҳанд ва душмани аслии худ- наҳзатиёни хоин ва малъунро бишносанд ва ҳамеша санг дар каф бошанд, то дар ҳар ҳолате тавонанд ба душман санг зананд.

Меҳвар Абдусаломович

омӯзгори ДКМТ