СОМОНАҲОИ ТАРҒИБКУНАНДАГОНИ АНДЕШАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРЕМИСТӢ БАСТА ШУД

Барои ҳифзи амнияти шаҳрвандони кишвар ва солим нигоҳ доштани мафкураи ҷавонон ва махсусан қишри ояндасози кишвар дар ҷумҳурӣ тамоми чораҳо андешида шудааст ва ҳамеша мақомот дар пайи ҳифзи арзишҳои инсонӣ ва рушди мағзҳои солим ҳастанд. Албатта, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва махсусан рушд ёфтани илму технологияи комунникатсионӣ ва фарох паҳн гардидани интернет бисёр ҳам мушкил аст, ки ҳамтарафа мафкураи ҷавонон аз ҳамлаҳои иттилоотии террористӣ-ифротӣ ҳифз гарданд. Лек дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳо андешида мешавад, то ғояҳои ифротӣ-террористӣ дар миёни ҷомеа паҳн нагардаду амнияти сокинон зери хатар қарор гирад.

Аз ин лиҳоз, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре, ки АМИТ “Ховар” менависад, ҷиҳати бастани сомонаҳои “интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст”, ки ин ҳам хеле фоли нек мебошад.

Зеро сомонаҳои дар боло зикршуда, воқеан ҳам барои ба гумроҳӣ бурдани ҷомеа ва сарсон намудани сокинон талош меварзанд ва барои ин кор ҳар рӯз як хабару гузориши бардурӯғро нашр менамоянд, ки ин ҳам хиёнати рӯирости ин тоифаи наҳзатӣ бар миллат мебошад. Зеро тавре, ки медонем, сомонаҳои мазкур бо маблағгузории хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ ва ТТЭ ПМТ ташкил карда шудаанд ва мақсадашон ҳам тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистӣ-террористӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ин масъаларо ба инобат гирифта, барои бехатарии амнияти шаҳрвандон, таъмини асосҳои сохти конститутсионии сокинон,   ва ҳифзи фазои солими иттилоотӣ дар кишвар чунин иқдом гирифтааст: “ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо ҳалномаи Суди  Олӣ аз 18 феврали соли 2020  қонеъ  карда шудааст.

Дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.

Ҳалномаи Суди Олӣ 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст”.

Иқдоми мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат ҳамеша дар фикри солимиву бехатарии шаҳрвандон аст ва намегузорад, ки нохалафе бар осудагиву оромии шаҳрвандон халал расонад.

Бояд, ёдрас шуд, ки ин сомонаҳои дар хизмати ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» буда, бо нияти сарсону гумроҳ кардани шаҳрвандон ва махсусан ҷавонон таъсис дода шудаанд ва барномаи ин сомонаҳо ҳам иғвоангезиву фитнакорӣ миёни ҷомеа мебошад.

Аз ин рӯ, аз шаҳрвандони кишвар ва махсусан ҷавонон талаб карда мешавад, баҳри солим нигоҳ доштани мафкураи худ ва осеб нарасонидан ба андешаи ояндасози хеш аз мутолиаи маводи ин сомонаҳои ифротӣ- террористӣ худдорӣ кунанд, то равони ороми худро ноором нанамоянд.

Н. Саидов

омӯзгори ДКМТ