Тибқи хабари нашрнамудаи АМИТ “Ховар” бино бар аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баста шудани сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru») дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва манъи воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ду сомонаи ифротӣ баста шуданд.
Дар хабар ҳамчунин омадааст, ки “ аризаи мазкур бо мақсади таъмини ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани фаъолияти террористию экстремистӣ пешниҳод карда шудааст”. Тавре аз хабарҳо бармеояд, тибқи қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар ин ду сомонаи террористтарғибгар ва ё худ паҳнкунандаи идеологияи созмонҳои террористӣ баста шуданд.
Дар гузориши АМИТ “Ховар” омадааст, ки “дар асоси ҳалномаи Суди Олӣ сомонаҳои интернетии www.akhbor.com ё «Ахбор.ком» («Akhbor.com») ва «наҳзат.ру» («nahzat.ru»), ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Ислом», «Паймони миллии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Ҳалномаи Суди Олӣ 19 марти соли 2020 эътибори қонунӣ пайдо кардааст”.
Акнун ин ду сомонае, ки бо маблағгузории хоҷагони хориҷии ТТЭ ҲНИ ва ТТЭ ПМТ таъсис ёфта буданду ба тарғиби андешаи террористӣ-экстремистӣ машғул буданд ба таври комил баста шуданд. Лек ҳанӯз барои хонанда суоле пайдо мешавад, ки чаро маҳз ахбор.ком дар хизмати наҳзатиёни террорист қарор гирифт?
Барои равшани андохтан ба ин масъала бояд аз рӯзҳои нахустини аз кор рафтани Мирзои Салимпул аз радиои аврупоӣ ва зору ҳайрон мондани ӯ дар назди Кабирии малъун қисса кард, сипас бо маблағгузории террористони наҳзатпарвар ин журналистӣ ба ном донишманд сомонаи ахбор.ком-ро таъсис дод, ки дар он ба ҷуз хабарҳои фейкӣ ва дурӯғ дигар чизе набуд.
Аммо дертар бо фаъол шудани аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар Аврупо ин сомона фаъолияташро тағйир дода достонҳои дурӯғашро зиёдтар кард ва бештар ба тарғиби идеологияи ТТЭ ҲНИ ва ТТЭ ПМТ пардохту бештар аз забони ҳамин наҳзатиёни манфур матлабҳои бардурӯғро ба нашр расонид, то ҷомеаро гумроҳ кунаду маблағи зиёдтар ба ҷайб занад. Ин ки Мирзои салимпул як инсони пулпарасту бисёр ҳам авбош аст, дар ҳама ҷо маълум аст ва бародараш ҳам ин ҳолатро борҳо тасдиқ кардааст.
Дигар ин ки ин сомонаҳо барои ба таври гуногун ҷори намудани идеологияи созмонҳои террористӣ талош менамуданд ва матлабҳояшон низ дар мувофиқа бо ҳамин созмонҳои террористии дар боло зикршуда нашр мегардид, ки ин хеле барои ҷамъият хатарнок аст.
Аз ҳамин хотир ин сомонаҳо дар кишвар баста шуданд, то ҷавонон орому осуда ва дар фазои солими иттилоотӣ ба сар баранду аз ҳеҷ гуна ахбори бардурӯғ ранҷ накашанд.
Баста шудани ин ду сомонаи ифротиро куллан тарафдорӣ намуда, барои чунин иқдоми мардумсолорона ба масъулин таҳсин мехонем.
М. Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ