СОЛИ СИПАРИГАРДИДА, СОЛЕ КИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИКРО САРБАЗОНУ КАРД

Умуман соле, ки сипари  гашт, соле буд, ки барои миллати тоҷик чандин ҳақиқатҳои ногуфтаи таърихиро ошкор кард ва ҳамчунин ниқоб аз баъзе чеҳраҳои манфур бардошт. Ва ё ба ибораи дигар воқеиятҳои ҳиллагарону ҳунармандони ниқобпӯшро, ки бо қабои гуногун миллатро гумроҳ карда, фиреб додани мешуданд, ошкор сохт.

Зеро маҳз дар ҳамин баъзе маълумотҳои махфӣ аз фаъолияти наҳзатиёни палид ва амалҳои ҷиноятишон бар зидди миллати тоҷик дастраси омма гардид, ки  дар ин маводҳо ба таври бисёр ҳам мақбул аз ҳамкории ТТЭ ҲНИ ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон аз нахустинрӯзҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ то ба имрӯз сухан мерафт ва ҳар як нукта бо далелҳои муътамад баён гардида буд.

Ҳарчанд ба таври бисёр ҳам кам аз ин маводҳо нашр шуд, вале ин маводҳо тавонистанд, ки чароғе дар масири торики шинохти наҳзатиёни палиду разил бошанд. Зеро наҳзатиён ҳар лаҳза симо ва ниқоби худро дигар намуда, ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯйи роҳҳои хиёнат ба миллати тоҷик ҳастанд ва инро мо то дербоз мушоҳида намекардем.

Вале имрӯз бараъло ошкор гардид, ки ин наҳзатиёни палид ба хотири пулу мол шуда, ба хизмати хоҷагони хориҷияшон гузаштаанд ва барои пулу мол омодаанд, ҳама супоришҳои хоҷагони хориҷияшонро иҷро кунанд, махсусан бар зидди миллати тоҷик, мисли солҳои 90-уми асри гузашта.

Зеро маҳз дар солҳои 90-уми асри гузашта наҳзатиёни палид ва разилу бадкеш бо супориши хадамоти махсуси ҶИЭ кишварро ба коми оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки ташкилкунандаву оварандааш ҳамин наҳзатиён буданд, бикашанд ва ҷони зиёда аз 150 ҳазор нафарро бегуноҳ қурбони хиёнатҳояшон гардонанд, ки хуни ин бегуноҳон ва қурбониён ба гардани ҳамин наҳзатиёни малъун аст ва ин тоифаи бадкеш бояд ба ин дар назди миллат ҷавоб бигӯянд.

Ҳамчунин дар ҳамон солҳо ба таври алоҳида бо супориши хоҷагони хориҷияшон ва махсусан бо супориши намояндаи хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон наҳзатиёни палиду разил як қатор равшанфикрон ва рӯзноманигорону олимони кишварро ба қатл расониданд, то ҳар чӣ бештар миллатро гумроҳ кунанд.

Пас ин тоифаи бадгавҳарро чӣ тавр мешавад, душмани миллату Ватан наҳисобид??

Магар ин ҳама хиёнатҳо ва разолати ваҳшиёнаи наҳзатиёни палидро мешавад фаромӯш кард?

Чӣ тавре ки гуфтем,  соли сипаригардида, соле буд, ки саҳифаи навро дар шинохти ТТЭ ҲНИ боз кард ва ин албатта охири кор нест, зеро ҳамон гуна, ки мушоҳида мешавад, наҳзатиёни палид ҳоло ниқоб иваз намуда, мехоҳанд бо шиорҳои нав ва лозунгҳои дигар ва берун аз идеологияи кӯҳнаи худ, яъне диниву мазҳабӣ амал намоянд ва барои ҳамин ҳам духтарсозмони ТТЭ ҲНИ созмони террористии ПМТ-ро таъсис додаанд, ки дар он ҳам Кабирии палиду разил ҳамчун роҳбар таъин гардидааст ва ин ҷо акнун ин палид на аз ҳимояи дину мазҳаб сухан мекунад, балки аз арзишҳои демократӣ мегӯяд, ки худи ҳамин иқдом аллакай наҳзатиёни малъунро мавриди хандахареш қарор додааст.

Зеро маҳз ҳамин наҳзатиёни палид буданд, ки солҳои 90-уми асри гузашта бар муқобили арзишҳои демократӣ баромад мекарданд ва дар майдонҳо “Марг бар демократия” мегуфтанду ҷор мезанаднд, акнун чӣ шудааст, ки тағйири ақида кардаанд?

Албатта ин ҷо чанд сабаб ҳаст, ки наҳзатиёнро водор кардааст, ки зери ниқоб баромад кунанд ва ақидаҳову андешаҳои ғайриинсонии худро пинҳон доранд. Зеро наҳзатиён ҳамон палидоне, ҳастанд ки аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон идора мешаванд ва ҳамон нафароне ҳастанд,, ки ҳоло аъзои ТТЭ ПМТ шудаанд ва роҳбари ТТЭ ПМТ ҳам ҳамон нафаре ҳаст, ки хари бузурги наҳзатиён дониста мешуд. Пас ин масхарабозӣ чист?

Яъне бо тағйири ном наҳзатиёни манфур мехоҳанд, ки бештар гуноҳҳову амалҳои содирнамудаашон дар солҳои 90-умро пинзон кунанд ва аз ҷониби дигар бо номи нав бештар ҷавононро гумроҳ созанд.

Ҳамин ду чиз асли барномаву маҳаки асосии наҳзатиёни палиду разил мебошад, ки ин ҳам дар соли 2019 бараъло ошкор шуд  ва миллат фаҳмид, ки ТТЭ ПМТ ҳам бо сармоягузории хоҷаи хориҷии наҳзатиён таъсис шудаасту мақсад душманӣ бар зидди миллати тоҷик мебошад.

Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки аз ин рафтори харзодаҳои наҳзати эҳтиёт бошанд ва дар шинохти ин манфурон худро қурбони тавтеа насозанд.

Азизов Ш.Қ

лаборанти кафедраи экология