Гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон кишвари ҳамсоя ва дусту бародари моро имрӯз ба як майдони ноумедӣ ва ҳамлаҳои мусаллаҳонаи террористӣ табдил додаанд, ки ин бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад. Зиёд шудани созмонҳои террористӣ дигар дар Афғонистон амнияти ин кишварро ба ҳам задааст ва ин ҳолат ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст.
Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир гувоҳӣ аз он медиҳад, ки талошҳои муташаккилонаи байналмилалӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ва нақши пешбари он комилан зарур аст, зеро терроризм хислати фаромиллӣ пайдо карда, ба хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва мубориза алайҳи он низ бояд тавассути стратегияи глобалии ягона ва самарабахш пиёда гардад.
Вақтҳои охир раванди ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ–гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад.
Дар ин радиф хатарноктарин навъи дигари ҷиноят қочоқи маводи мухаддир мебошад, ки тибқи маълумоти сершумор яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани амалиётҳои террористӣ гаштааст. Муборизаи қотеъ бар зидди ин зуҳурот мисли терроризм иқдомоти дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад ва ба таҳияву татбиқи консепсияи ягонаи мубориза алайҳи он ниёз дорад.
Мусаллам аст, ки мубориза бо тамоми ин хатарҳо бояд яке аз самтҳои муҳимтарини ҳамкории байналмилалӣ ва талошҳои муназзами кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гардад.
Возеҳ аст, ки терроризми муосир, ки хислати оммавӣ ва фаромиллӣ касб кардааст, зимни равандҳои ҷаҳонишавӣ имконпазир гардид. Як қатор омилҳои айние вуҷуд доранд, ки бо ин равандҳо иртиботи ногусастанӣ дошта, ба сурат ва сирати амалиёти терроризми муосир таъсир мегузоранд.
Дар айни замон мусаллам аст, ки амалҳои оммавии террористӣ, зуҳуроти «низои тамаддунҳо» ё худ бархӯрд дар заминаи муносиботи байнимазҳабӣ нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки тамаддунҳо ҳеҷ гоҳ байни худ наҷангидаанд.
Терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад. Дар воқеъ кӯшишҳои бо ҳам тавъам донистани терроризм бо дину мазҳаби мушаххасе ба манфиати террористон аст ва бояд қатъиян ин кӯшишҳоро маҳкум кард.
Зарур аст, ки мо ба ҳар гуна зуҳуроти оштинопазирӣ нисбат ба дине ё мазҳабе монеъ шавем ва барои эҷоди ҳусни тафоҳум ва ҳамкории густурда дар асоси арзишҳои умумии кишварҳои гуногунмазҳаб талош намоем.
Воқеан, дини мубини ислом саршор аз ғояҳои олии инсондӯстӣ, меҳру шафқат ба ҳамдигар, хайру эҳсон, муомилаву муоширати нек, ахлоқи ҳамида ва илму маърифат буда, дар ташаккул ва такомули ахлоқиву маънавии инсон нақши арзишманд доранд.
Маҳз дар чунин шароит баъзе давлатҳо дар қаламрави худ бар зидди терроризм мубориза бурда, ҳамзамон терроризми фаромиллиро дар кишвар ва минтақаҳои дигар ба восита ё бе восита пуштибонӣ менамоянд ва мехоҳанд террористонро ба ҳайси муборизони роҳи озодӣ, истиқлолият ва ҳуввияти миллӣ муаррифӣ созанд.
Тибқи маълумоти аниқи коршиносони ин самт дар ҷаҳони имрӯза зиёда аз 500 созмонҳои экстремистӣ ва террористии пинҳонкор амал мекунанд, ки ҳамасола дар ин самт дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мегардад. Солҳои охир дар Аврупо, Амрико, Россия, Ховари Миёна, Африқо, кишварҳои Балкан, Осиёи Марказӣ ва дигар давлатҳо ҳамлаҳои даҳшатноки террористӣ ба вуқӯъ пайвастаанд, ки бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро аз ин хатари маргбор ҳушдор медиҳад.
Хулоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кутоҳтарин муҳлат оиди ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард.
Олимов А.
омӯзгори ДКМТ