СОЗМОНИ МИЛЛАЛИ МУТТАҲИД БА ОЗМОИШГОҲИ ДОНИШКАДА ТАҶҲИЗОТ ТАҚДИМ НАМУД

Имрӯз бо ҳузури намояндагони дафтари минтақавии Созмони миллали муттаҳид, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ва мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ таҷҳизоти озмоишгоҳӣ аз ҷониби Дафтари СММ ба озмоишгоҳи кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ супорида шуд.
Таҷҳизоти мазкур барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои озмоишгоҳӣ, мусоидат намудан ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии бемориҳои сироятӣ, омӯзиши дақиқи обу иқлим равона карда шудааст.
Ҳангоми қабули таҷҳизоти туҳфанамудаи СММ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба меҳмонон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамеша омода аст бо ташкилоту созмонҳои ҳадафҳои некдошта ҳамкориро ба роҳ монад. Мавсуф таъкид намуд, ки озмоишгоҳҳои донишкада имрӯз омода аст, ҳама гуна пажӯҳишҳои илмиро анҷом бидиҳад ва олимон дар ин самт таҷрибаи байналмилалиро касб намудаанд.
Ҳоҷиев Саидмуқбил мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ иброз дошт, ки озмоишгоҳи мазкур дар баробари таълиму тарбия омода аст, ки як силсила машваратҳои озмоишгоҳиро ба таври амалӣ ба ниёзмандон бирасонад. Ва ҳамзамон омадааст, ҷиҳати беҳбуди ҳаёти мардум санҷишҳои аввалро бигузаронад.
Ҳамзамон, олими ҷавон Ҳоҷиев Саидмуқбил ба меҳмонон дигар таҷҳизоти озмоишгоҳҳои кафедраро нишон дода, аз корҳои анҷомдодашуда, чанд мисол овард.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба намояндагони дафтари минтақавии СММ изҳори сипос баён намуда, омодагии Донишкадаро барои ҳамкории минбаъда эълом дошт.