Ҳамкориҳои донишкада бо корхонаҳои саноатӣ меафзояд

Имрӯз ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо намояндаи ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.
Зимни баррасии ҳамкориҳо иттилоъ дода шуд, ки ҳамин сол беш аз сад хатмкунандагони донишкада аз тарафи корхонаи мазкур ба кор қабул карда шудаанду феълан дар НБО-ҳои Роғун ва Қайроққум, инчунин нақбу конҳо ба фаъолият пардохтаанд.
Ҳамчунин, роҷеъ ба таъсиси Филиали кафедраи таъминоти барқи донишкада дар назди ҶСК “Таджикгидроэлектромонтаж” таъсис дода мешавад.
Роҷеъ ба сохтани озмоишгоҳ ва дигар ҳамкориҳо низ хулосаи қатъӣ гирифта шуд.
Ёдовар мешавем, ки ширкати мазкур яке аз ҳамкорони донишкада мебошад.


Шуъбаи иттилоот