СОДДАЛАВҲАМ, ДАСТ БАР ДОМОНИ СОИЛ МЕКУНАМ…. Ва ё назаре оид ба ЭКСТРЕМИЗМ ТЕРРОРИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Тамаддуни башарӣ дар марҳилаи муосири рушди худ ба раванду ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро тағйир дода натавонанд ҳам, вале онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва умуман, дар раванди таърихии инкишофи халқу миллатҳо, давлатҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсири назаррас мерасонанд. Дар ин радиф ҷараёнҳои экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ аз ҳамаи ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд.
     Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро аксарияти ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои сиёсиву динии хусусияти экстремистӣ дошта, аз усули террор дар муборизаи сиёсии худ ба таври пардапӯшона ва махфӣ истифода мебаранд. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд. Дар маърузаи Иттиҳоди оиди омузиши терроризм ва ҷавобҳо ба терроризм дар назди донишгоҳи Мэриленд ИМА қайд карда мешавад,  ки дар соли 2012,  8500 теракт да тамоми ҷаҳон ба қайд  гирифта шуд ва 15,5 ҳазор одамонро аз ҳаёт маҳрум кард, ки ин дараҷаи баландтарини  аз руи шумора дар соли 2012    буд..

Олимон қайд кардаанд,ки қисми зиёди терактхо дар кишвархои ахолиаш мусулмон ба миён омадаанд.Аз ҳафт шаш гуруҳҳои хатарноки террористи ба гуруҳҳои Аль-кайд рост меояд. Махсусан терроистҳои байналхалқи « Хизбуллох», ,Аль-Койда», «Бародарнимусулмон» « Давлати исломи»,» «Ҷиходи исломи», »Хаммос» ва диг.Ин чомеа ба аҳолии Шарки Миёна ахолии башарро ба тахлука андохта, биси нафрату ғазаби миллионҳо одамони сайёра гаштаанд.

Дар айни замон тамоми қувваҳои зиддитеррористии ҷаҳон асосан баҳри несту нобуд кардани ин гуна ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ сафарбар карда шудаанд.
         Тибқи маълумотҳо амалҳои террористии дорои хусусияти
Терроризм ва экстремизм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гаштаанд. Аз ин рӯ тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд.
       Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви қомилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарноки глобалӣ бетараф нест .Аз ин рў, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок ирсол созанд.
   Албатта, суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгохи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши калидӣ дорад. Хусусан, амнияти сарҳади давлатии мо дар самти ҷануб, ки бо минтақаҳои буҳронӣ ҳамсоя аст, барои таъмини суботу амнияти ҳаётӣ дорад. Имрўз сарҳади ҷанубии Тоҷикистон маънои бисёр васеътар дар сатҳи Тоҷикистон ва  сатҳи минтақа пайдо кардааст.Бо зираки ва кордонӣ ва ҷасурии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, дастгир шудани гуруҳҳои ҷинояттие,ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдат –Пешвои Миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба  Маҷлиси Оли

( 26.12.18) баён доштанд, ки” Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.”Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

  Бо мақсади пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, махсусан пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои макзур давлатро  мебояд чораҳои зеринро дар ҷомеа фароҳам оварад:

1.Баланд бардоштани некуахаволии  ҷомае, дасти мадад ба гуруҳҳои гуногуни аҳолӣ ниёзманд;

2.Омузонидани касбу хунар ва забонхои хориҷӣ ба чавонон тайёр кардани онҳо ба мухочирати  мехнати бурунмарзӣ  ва дар дохили кишвар  сохтани  корхонахои хурди гуногун дар деҳот;

3.Баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии кишвар, бахусус, наврасону ҷавонон;

  1. Ташкили сухбатхо ба шахсон собикадорони мехнат, ҳоҷиён ва ҳочиояхо, одамони номдори деха ва махалла ва зиёиёни сохахои касби кори гуногун бо чавонон;

 5.Дар хама муассисахои таълимию тарбиявӣ,дар оила бештар тарбия кардани фарзандон ҳиссиёти механпарастӣ, мехнатдўтӣ, омўхтани илму ҳунарӣ фархангию  маърифатӣ, вохурихо  бо намоянндагони дин,намоищи филмхои махсуси хуччати . видео доир ба мавзу;

  1. Тарбия кардани ҷавонон дар рухияи фарзандони барўманди миллати  Қаҳрамонои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобочон Гафуров,  Эмомали Рахмон, Мирзо Турсузода, Нусратулло Махсум,Ширишоҳ  Щохтемур ҳиссиёти  ватанпарасти, мехнатдўстӣ, омўхтани илму хунар эҳтиром ва арҷгузори ба мероси  фарзандони  бузурги  халқи тоҷик .

Инчунин ба андешаи мо, хуб мешуд, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ  дар каламрави  мамлакат бехтар  карда шаванд;

Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат   сокини Точикистон, падару модарон масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд  ба дастовардхои Истоклолияти Тоҷикистонба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалб ва хамаи вучудамон дӯст дорем,  бо аҳли ҷомеаи кишвар ва сохторхои гуногун  якҷоя амал намоем.

 

   Рафтор Изатуллоев, дотсент,

Устоди  кафедраи ФГИ-и

донишкадаи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон,

номзади илмҳои педагогӣ