Дируз дар Маҷлисгоҳи донишкада соати сиёсӣ дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагон аз мақомоти қудратӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (КИ ХҲДТ) дар шаҳри Бустон Шоҳмансур иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани чорабинии мазкур ин дар амал татбиқ намудани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои давраи солҳои 2016-2020” мебошад.
Қайд карда шуд, ки паҳншавии терроризм ва ифротгароӣ дар миқёси ҷаҳон яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз гардидааст. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ба ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамона бояд мубориза барем.
Бо мақсади таъмини суботу оромӣ, мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, роҳ надодан ба хурофотпарастию зиёдаравӣ ва инкишофи озодона ҳар яки моро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба моҳияти сулҳу оромӣ бирасем ва нагузорем, ки ҳеҷ як нотавонбин амнияти комили моро халалдор кунад.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо қарз, масъулият ва шарафу номуси ҳар як фарди бедордили ҷомеа мебошад.
М.Қодирова, мутахасиси шуъбаи илм