СММ ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҷҳизоти озмоишгоҳӣ тақдим намуд

Имрӯз бо ҳузури намояндагони дафтари минтақавии Созмони миллали муттаҳид, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таҷҳизоти лабораторӣ аз ҷониби СММ ба озмоишгоҳи кафедраи кафедраи фанҳои табиӣ- илмӣ супорида шуд.

Таҷҳизоти мазкур барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои озмоишгоҳӣ, мусоидат намудан ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии бемориҳои сироятӣ равона карда шудааст.

Ҳини қабули таҷҳизоти туҳфанамудаи СММ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба меҳмонон изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамеша омода аст бо ташкилоту созмонҳои ҳадафҳои некдошта ҳамкориро ба роҳ монад.
Ҳамзамон, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин низ меҳмононро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ҳамеша омода аст, барои рафъи мушкилоти ҷомеа бо институтҳои байналмилалии ҳамкориро ба роҳ монад.

Ҳоҷиев Саидмуқбил мудири кафедраи мазкур иброз дошт, ки озмоишгоҳи мазкур дар баробари таълиму тарбия омода аст, ки як силсила машваратҳои озмоишгоҳиро ба таври амалӣ ба ниёзмандон бирасонад.