СИЁСАТИ МУВАФФАҚИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Дар саросари олам имрӯз вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба таври комил иваз гардид ва аҳолии сайёра низ дар қолабҳои нав фаъолият ва ҳастии худро ба роҳ мемонанд. Яке аз рукнҳои муҳим ва ё худ зарурӣ барои миллатҳо ва давлатҳо аз қадим то ба имрӯз ин робита байни қавму миллатҳо мебошад, ки бо усулҳои гуногун корбарӣ мешавад.

Имрӯз бо дигар шудани шароит ва баланд гардидани маърифати сиёсӣ ҳамин робита ва пайванди миллатҳо дар қолабҳои нав ба роҳ монда мешавад. Яъне усулҳои нави ҳамкорӣ дар шаклу қолаби мувофиқ бо замон ба кор бурда мешаванд, то натиҷаи дилхоҳ ба даст ояд. Ҳоло раванди нави кории муносибати давлатҳо ва миллатҳои алоҳида ба кор гирифта шудааст, ки онро ба ибораи дигар самти сиёсати хориҷии мамлакат меноманд ва ҳамин самти сиёсат бо корбурди дипломатия ба анҷом расонида мешавад.

Дар шароити кунунӣ дипломатия нақши аз ҳама калидиро мебошад ва муваффақияти сиёсати хориҷии ин ё он кишварро бевосита ба дипломатия рабт медиҳанд ва баҳогузорӣ менамоянд. Яъне бурди ин ё он давлатро дар арсаи байналмилалӣ ба муваффақияти дипломатия вобаста медонанд ва ҳини баҳогузорӣ ҳатман мегӯянд, ки дар ин масъала дипломатияи кишвар муваффақ буд.

Бурди давлатҳо дар масъалаи ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва дигар масоили баҳснок аз дипломатия вобаста аст, ки ин аллакай як сохтори дигарро ташкил медиҳад.

Ҳамин тавр метавон дар бораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳам сухан кард ва аз бурду бохти кишвар дар арсаи байналмилалӣ ном бурд. Пас аз пош хӯрдани иттиҳоди шӯравӣ давлатҳои ташкилкунандаи он мустақилият ба даст оварданд ва ҳар яке соҳибистиқлол гардид.

Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое буд, ки дар ин миён истиқлолияти комили худро ба даст овард ва ба ҳайси давлати нав дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷой дода шуд.

Аммо барои Тоҷикистони нав мустақилгардида ҳарчанд масъалаҳои муҳиме дар пеш истода буд ва мамлакат бояд барои ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ мешуд, мушкили дигаре пеш омад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишварро аз бисёр ҷиҳат ба рӯйхати кишварҳои рӯбарушд қарор дод ва вазъияти иҷтимоӣ бисёр дар сатҳи вазнин қарор дошт.

Аммо бо инояти Яздони пок силаи раҳм ба рӯи тоҷикон эҳдо гардид ва Сарвари хирадманду дурандеш ва сиёсатмадори муваффақ Эмомалӣ Раҳмон ба курсии давлатдорӣ нишаст. Ва аз ҳамон лаҳза шуръ намуда сиёсати давлатии Тоҷикистон дар самти дохиливу хориҷӣ шакл гирифт.

Дар сафарҳои пайдарпайи худ Роҳбари давлат ба масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба саноати кишвар таваҷҷуҳ намуда, барои ҳарчи зиёдтар ҷалб намудани ширкатҳои хориҷӣ ва тоҷирон талош менамуданд. Ҳамин буд, ки робитаҳои дипломатии Тоҷикистон бо кишварҳои аврупоӣ барқарор гардид ва аз аввалинҳо шуда, ширкати сармоягузори Британияи Кабир дар шимоли кишвар ба фаъолият оғоз намуд.

Ҳамин тавр бо дигар кишварҳои аврупоӣ ва шарқиву амрикоӣ ҳамкориҳои Тоҷикистон тавсеа ёфтанд ва робитаҳои дипломатии кишвар бо давлатҳои дигари дунё ба роҳ монда шуд.

Ҳоло Тоҷикистон бо зиёда аз 160 давлатӣ ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намудааст ва бо зиёда аз 100 давлати дунё робитаи тиҷоратӣ дорад, ки аз бурди сиёсати хориҷии кишвар мебошад.

Тавре дар боло қайд шуд ин ҳамон бурди дипломатияи муваффақи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд.

Сафари навбатии Пешвои муаззами миллат ба кишварҳои аврупоӣ идомаи густариши робитаҳои байналмилалии кишвар буда, барои боз ҳам беҳтар намудани ҳамкориҳо мусоидат менамояд.

                                                                           Меҳвар Абдусаломович

                                                                            омӯзгори ДКМТ